Сирки пойтахт дар меҳмонии Хуҷанд

Вақте ба саҳнаи сирк хирсаку маймунча баромаданд, кӯдакон ба ҳайрат омада, чашм аз онҳо намеканданд.

- Хирсакчаҳои ҳақиқӣ, - гӯён писарчае аз ҷой бархост. ӯ бовар карда наметавонист, ки ду хирси калон ва як хирсак дар ҳақиқат рақсу бозӣ доранд.

25 декабр бори аввал ба шаҳри Хуҷанд омадани сирки тоҷик воқеаи муҳим ва зарурӣ ба шумор мерафт, зеро аксар мардум имконияти ба шаҳри Душанбе барои тамошои сирк рафтанро надоранд. 26 нафар ҳунарманд ва ромкунандаи ҳайвонҳои ваҳшӣ имрӯз дар шаҳри Хуҷанд қарор доранд ва ҳамарӯза машқ мекунанд.

Дарвоқеъ, солҳои 1991-1992 дар замони бесарусомонӣ Боғи ҳайвонот пурра аз фаъолият бозмонд. Имрӯз баргузории сирк дар шаҳри Хуҷанд барои ҳам насли ҷавону ҳам кӯдакон, ба таври зинда дидани ҳайвонҳои ваҳшӣ воқеаи фараҳбахш гардид. Ҳамагон бо завқи баланд баромади ҳайвонҳо, аз ҷумла се хирсаку се сагча ва се мору ду маймунчаро тамошо мекарданд. Ҳайвонҳои ваҳшӣ чунон омӯхта шудаанд, ки ҳар сухани ҳунармандонро гӯш медоданд.

Ромкунандаҳои мору хирсҳо Вафо Иззатуллоев бо хирсакҳо мисоли кӯдаки худ бозӣ мекарду хирсак - Маша ҳунари волои худро намоиш медод, масалан ӯ ароба ронда аз байни оташ мегузашт.

Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокир Болтаев дар бораи тарзи ром кардани ҳайвонҳои ваҳшӣ гуфт, ки ин кори мушкил буда барои ром кардани як ҳайвон тақрибан як сол лозим аст. Агар ромкунанда маҳорати баланди касбӣ дошта бошад, ӯ метавонад дар муддати кӯтоҳ ҳайвони ваҳшӣ санъати саҳнаро омӯзонад.

Аз ҷумла, дар саҳнаи сирк сагчаи ромшудаи Марго маҳорати баланд нишон дод. ӯ мерақсиду дупоя роҳ мегашт ва назари ҳар бинандаро ба худ мекашид. Бо се намуд саг Шокир Болтаев дар саҳнаи варзишгоҳ намоиши ҷолиберо пешкаш кард.

Фирдавс Ҷалилови 13-сола ҳанӯз аз синни 4-солагӣ ба саҳнаи сирки тоҷик омада, имрӯз бовуҷуди хурд буданаш, дар ром кардан маҳорати баланди касбӣ дорад. ӯ гуфт, ки дар аввал аз мор тарс дошт, вале имрӯз онҳо мисоли дӯсти ӯ ҳастанд ва ҳар ҳаракаташонро эҳсос мекунад. Дар бадани Фирдавси 13 сола мори калон печутоб дошт, вале ӯ бе ҳарос бо морҳо рақс мекард.

Ш.Болтаев гуфт, ки дар муҳлати 13 соли фаъолияти корӣ бори аввал ба Хуҷанд омаданд. Агар намоиши сирки тоҷик ба мардуми Хуҷанд писанд ояд, минбаъд боз бо намоишҳои нав хоҳанд омад.

Ҷавондухтарон дар ҳаво бо рақсҳои ҷолиби диққат ҳамагонро ба ҳайрат гузоштанд, зеро ҳар як ҳаракати онҳо хатар дошт. Аҳли толор ба намоиш ва ҳунари волои онҳо аҳсант хонданд.

Сафари ҳунарии сирки тоҷик дар айёми таътили зимистона сурат гирифта, кӯдакону наврасон бо хоҳиши том ба тамошо мераванд.

Ш.ОЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh