Тарс асабамро хароб кард!

Бо вуҷуди манъи фурўш маводи тарфгарӣ, аз ҷумла «хлопушка» дар рўзҳои таҷлили Соли нав дар дасти аксар ҷавонону наврасон дида мешуд.

Хонандаи синфи панҷум Искандар низ мисоли дигар наврасон дар даст «хлопушка» дошту бо гўгирд онро гиронида, ба ҳар сў ҳаво медод. Ба суоли аз куҷо дастрас кардани «хлопушка» ў гуфт:

-Модарам бароям аз ҳамсояаамон ду қуттӣ “хлопушка” ва ду дона салют харид. Аз субҳ то бегоҳ ҳамроҳи ҷўраҳоям хурсандӣ кардем.

-Магар аз овози гўшхароши он наметарсӣ?

-Не, ман наметарсам, аммо ҷўраам Аъзамҷон метарсад, зеро дар дасташ «хлопушка» кафид ва аз тарс ҳамроҳи мо ба назди арчаи солинавӣ наомад. Аҷабо, ҳарчанд дар гирду атрофи арчаи солинавӣ кормандони ҳифзи ҳуқуқ зиёд бошанд ҳам, аксарият, аз ҷумла, наврасон беибо «хлопушка»-кафонӣ мекарданд. То фаро расидани Соли нави 2018 дар гирду атроф, кўчаву пасткўча ва аз биноҳои баландошёна намудҳои гуногуни маводи тарфгарӣ ба ҳар сў ҳаво дода мешуданд.

Пиразани 70-сола Биҳурматой Иброҳимова саргарми андешаҳо бегоҳӣ аз ҳавлии хоҳараш бармегашт. Ногаҳон ба зери пояш касе «хлопушка» партофт.

-То ҳол ба худ омада наметавонам, зеро аз тарс дасту поям меларзад. Гумон кардам, ки аз ҳаво ягон нафар тир парронида бошад.

Падару модарон ба куҷо нигоҳ мекунанд, чаро барои фарзандонашон маблағ барои харидани «хлопушка» медиҳанд? Охир аз тарс қариб буд, ки дилам аз кор монад. Агар зани ҳомиладор мебуд, чӣ мешуд? - гуфт ў.

Муҳаққиқони соҳаи тиб собит сохтаанд, ки тарс омили асосии лакнати забон, вайрон шудани асаб, гирифторшавӣ ба бемориҳои диабети қанд ва зардпарвин аст.

Ҳарчанд мувофиқи моддаи 199, иловаи 1 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ, ғайриқонунӣ ба ҳудуди ҷумҳурӣ ворид намудан, истеҳсол кардан, нигоҳ доштан, фурўхтан, ба соҳибияти каси дигар додан ва истифода бурдан ҷарима ва маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ шуда бошад ҳам, баъзе ашхос инро сарфи назар кардаанд. Зеро маводи манъшуда дастраси ҷавонону наврасон шудааст.

Пас суоле ба миён меояд, ки баробари ҷоннок будани назорат чӣ тавр маҳсулот ғайриқонунӣ вориди кишвар гардида ба фурўш бароварда шуд ва табъи садҳо сокинон ноҳинҷор гашт? Ин рафтор оё ба шаъни одамӣ мезебад?

Шаҳбонуи СИДДИҚ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh