Ҳадаф – таъмини зиндагии шоиста

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таҳлили вазъи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, аз ҷумла, ба масъалаҳои муҳими марбут ба рушд ва дастгирии соҳибкорӣ, пешгирӣ ва решакан намудани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта назди масъулини вазорату идораҳои дахлдор дастуру супоришҳои амиқ дода шуданд.

Рушди ҳар як кишвар ва таъмини сатҳи зиндагии шоистаи мардум ба рушди соҳибкорӣ ва муҳайё намудани фазои мусоиди сармоягузорӣ марбут аст. Таваҷҷуҳи Сарвари давлатамон ба рушд ва фаъолияти соҳибкорӣ, ҳар як соҳибкор ва шаҳрвандонро дилгарм месозад. Боварии комил дорам, ки моҳияти ин нияти нек ва ҳадафи дилсўзонаи Пешвои миллатро пеш аз ҳама соҳибкорон, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо ва муассисаҳои хусусӣ ва ҳам масъулони Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор сидқан эҳсос намуда, содиқона ва бо виҷдони пок ҳамкориро бо бахши хусусӣ, яъне соҳибкорон вусъати нек мебахшанд.

Пешвои миллат бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкорӣ ба ҳама гуна фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ, ба истиснои санҷишҳои нақшавии мақомоти андоз, Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Бонки миллӣ дар давоми ду соли минбаъда мораторий эълон намуданд, ки ин иқдом ба рушду таҳкими соҳибкорӣ мусоидат хоҳад намуд.

Яке аз нуктаҳои муҳиме, ки дар Паём мавриди таваҷҷуҳи саривақтии Президенти мамлакат қарор гирифт, тавсеаи корҳо дар самти рушди сайёҳӣ дар кишвар мебошад.

Чуноне, ки дар Паём таъкид гардид, сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.

Аз ҷумла, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём зикр доштанд, ки «барои рушди ин соҳа дар кишвар ҳамаи заминаҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, илова бар ин, як силсила чораҳои ҳавасмандкунӣ низ татбиқ гардидаанд. Аммо сатҳи иҷрои корҳо дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла, ҷиҳати бунёди иншоот ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ҳамоно беҳбудӣ металабад. Шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё кардааст. Танҳо зарур аст, ки инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монда шавад».

Дар робита ба ин масъала Пешвои миллат ба сохторҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Аз ҷумла, ба Кумитаи рушди сайёҳӣ супориш дода шуд, ки барои инкишофи намудҳои гуногуни сайёҳӣ, таъсиси инфрасохтори зарурӣ, омода намудани маводи иттилоотӣ ва хатсайрҳои нав дар мавзеъҳои гуногуни кишвар, инчунин, такмили қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти соҳа чораҳои зарурӣ андешида, лоиҳаи Стратегияи рушди сайёҳиро барои давраи то соли 2030 омода ва барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

Ҳамзамон, Пешвои миллат бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ пешниҳод намуданд, ки соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад.

Ин иқдоми Пешвои миллат саривақтӣ ва муҳим буда, аз як тараф ба ободу зеботар гаштани диёрамон, беҳтар шудани вазъи зиндагии мардум ва муаррифии ҳарчӣ бештари маданияту фарҳанги қадимаи кишвари зебову биҳиштиамон, мавзеъҳои таърихиву муқаддаси мамлакатамон дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

Ин ташаббуси нек, аз ҷумла боиси рўҳбаландии аҳли кормандони ширкати мо гардид.

Дар Соли рушди сайёҳӣ бо ҷонибдори аз пешниҳоди Пешвои миллат кўшиш мекунем, ки сатҳу сифати хизматрасониро боз ҳам беҳтар намуда, ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳем ва бобати ҷалби сайёҳон аз кишварҳои дуру наздик тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намоем.

Ба Кумитаи рушди сайёҳии кишвар ва сохторҳои он таклиф пешниҳод менамоем, ки ҳамкориро бо субъектҳои фаъолияташон ба сайёҳӣ марбут, аз ҷумла, меҳмонхонаҳо, осорхонаҳо ва осоишгоҳҳо мустақим ба тариқи шартнома ба роҳ монад.

Чуноне, ки дар Паём зикр гардид, Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳоло ба шарофати заҳмати халқи соҳибмаърифату тамаддунсозаш ба марҳалаи нави рушд ворид шудааст ва ҳар яки мо вазифадорем, ки боз ҳам бештар заҳмат кашида, диёрамонро боз ҳам ободу зебо гардонем, барои сокинон ҷойҳои корӣ муҳайё намоем ва сатҳу сифати зиндагии халқамонро аз имрўза дида, баланд бардорем.

Зеро, ба қавли Президенти маҳбубамон мардуми шарифи Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд.

Абдуқодир ҶАББОРОВ,
бунёдгузор ва муассиси
ширкати «Сино», Корманди шоистаи
 маданияти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
шаҳри Бўстон

Add comment


Security code
Refresh