Нуфузу эътибори иқдому ташаббусҳо

Иқдомҳои башардўстонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, эълон доштани «Соли 2003 –Соли оби тоза», «Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015), Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об-2013 ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», (2018-2028) аз ҷониби Маҷмааи кулли СММ ва аксари кулли кишварҳои ҷаҳон пазируфта шуданд. Дар партави дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иқдоми фараҳбахши Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ баҳри таъмини аҳолӣ бо оби хушсифати ошомиданӣ «Соли 2017 – соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нўшокӣ» эълон гашта буд.

Тибқи Барномаи вилоятӣ марҳала ба марҳала лўлаҳо ва шабакаҳои обтаъминкунӣ, ки солҳои шастум ва ҳафтодуми қарни гузашта сохта шуда буданд, таъмиру таҷдид мегарданд.

Бино ба гуфти мудири шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Олим Очилзода дар шаҳру навоҳии вилоят тибқи нақша 492 километр лўлаҳои обгузари нўшокӣ таъмир мегарданд. Дар ин самт пайваста кор пеш рафта, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки фоизи бештари иҷрои корҳо ба шаҳрҳои Гулистон, Истиқлол Конибодом, ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Деваштич, Шаҳристон ва Мастчоҳ рост меоянд. Дар ин муддат зиёда аз 40 ҳавзи захиравии об 72 чоҳи амудӣ сохта, таъмир шуданд, ки ин нишондиҳанда далели 144 фоиз иҷро гардидани Барнома аст.

Маблағгузории самтҳои асосии Барнома аз буҷети вилоятӣ, маҳаллӣ аз ҳисоби корхонаҳои обтаъминкунӣ ва соҳибкорону аҳолӣ сарчашма гирифта, дар ин замина дар асоси қарори Раиси вилоят барои амалӣ намудани Барномаи мазкур беш аз 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Ҳамчунин, дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ, яъне сармояи хориҷӣ низ дар ин ҷода корҳои зиёд ба анҷом расонида шуданд.

Дар натиҷаи амалишавии Барномаи вилоятии «Соли 2017-соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нўшокӣ» ҳолати хатҳои обтаъминкунӣ ва иншооти обрасонӣ ба эътидол омада, хароҷоти садамавии хатти оби нўшокӣ кам, ҳаҷми обрасонӣ зиёд, сифати хизматрасонӣ беҳтар ва шумораи истифодабарандагони оби тозаи ошомиданӣ афзуданд, - изҳор дошт Олим Очилзода.

Иқдому ташаббуси саривақтии Раиси вилоят барои рушди соҳибкорӣ, пешравии соҳоти иқтисодиёти вилоят, паст гардидани сатҳи камбизоатӣ ва беҳдошти саломатии мардум мусоидат намуданд.

 Маъмурахон САМАДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh