Абдураҳмон Қодирӣ ба беш аз 600 нафар бошандагони муассисаҳои иҷтимоӣ туҳфаҳои солинавӣ ва либосҳои зимистона тақдим кард

Рӯзи 28-уми декабри соли 2017 Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар арафаи Соли нави мелодӣ бошандагони як қатор муассисаҳои иҷтимоиро аёдат намуда, ба онҳо туҳфаҳои идона ва либосҳои зимистона тақдим намуд.

Маврид ба зикр аст, ки ин амали хайр бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа сурат гирифт.

Дар ин рӯз Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба 227 нафар бошандагони Мактаб-интернати ёрирасони шаҳри Хуҷанд, 275 нафар бошандагони Мактаб-интернат барои кӯдакони ношунаво ва шунавоиашон сусти ба номи Тӯхтабой Ғаффорови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 120 нафар бошандагони Мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон туҳфаҳои солинавӣ ва либосҳои гарми зимистона тақдим кард. Ба муррабиёни муассисаҳои зикршуда низ аз ҷониби Раиси вилоят туҳфаҳои пулӣ супорида шуд.

Дар муассисаҳои иҷтимоӣ ҳамзамон бо ҳузури Раиси вилоят чорабиниҳои солинавӣ баргузор шуда, барои бошандагон дастурхони идона ороста шуд. Абдураҳмон Қодирӣ зимни боздидҳо бошандагони муассисаҳои иҷтимоиро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик гуфта, изҳор дошт, ки қишри ниёзманди ҷомеа ҳамеша таҳти ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Хотирнишон бояд кард, ки бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва дастгирии сарпарастон рӯзҳои 27 ва 28 декабр бахшида ба Соли нави мелодӣ дар ҳамаи муассисаҳои иҷтимоии ҳудуди вилоят чорабиниҳои идона доир гардид ва беш аз 1900 нафар бошандагони ин муассисаҳо ба аёдату ғамхорӣ фаро гирифта шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh