Соли 2017 «Соли дастрасии аҳолӣ бо оби тозаи нушокӣ» Оё чашмаҳои мо ободанд?

Сарчашмаҳо ҷоест, ки аз он оби тозаи нушокӣ берун омада? бо дарёчаҳои куҳӣ ба манзилҳои мардум равон мешаванд. Ин чашмаҳо бо лаззати оби ҷонбахши худаш ба ҷисми ниёзмандон ва ташналабону дардмандон доимӣ давобахшанд.

Онҳо дар чор фасли сол доимӣ, мавсимӣ бефишор ё фишордор хунук ё гарм аз қаъри замин ҷаста мебароянду ниёзи мардумро бо оби нушокии тоза ва табобатӣ қонеъ мегардонанд. Оби аксарияти чашмаҳои Тоҷикистон ва вилояти Суғд нушиданӣ ва табобатист. Тоҷикистон бо чашмаҳои таърихии худ Хоҷа Обигарм, ҳавотоғ, Шоҳамбарӣ, Чилучорчашма, Хоҷабоқирғон фахри дунёст. Имрӯзҳо сарчашмаҳои асосии оби тозаи нушокӣ дар ноҳияи Ашт аз тарафи шахсони бехирад ва бефарҳанг ифлосу барои нӯшидан корношоям шуда истодаанд. Онҳо бо партовҳои зиёди худ ба нест шудани чашмаҳои оби нӯшокӣ сабабгор мебошанд. Аз ин лиҳоз чашмаҳои диёрамонро эҳтиёт намуда? обод кунем мардум аз нарасидани оби тозаи нӯшокӣ танқисӣ нахоҳанд кашид.   

Баромадҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ассамблеяи СММ оид ба масъалаи дастрасии оби нӯшокӣ ба ҳар сари аҳолии ҷаҳон  ва тоза нигоҳ доштани он аз тарафи тамоми сарварони мамлакатҳои дунё бо хушнудӣ пазируфта шуд, ки фахри мардуми Тоҷикистон аст. 

Қадр кардани чор унсури муқаддас ва парастидани онҳо оташ, об, хок ва ҳаво дар китоби аҷдодони қадимаи мо «Авесто» бо пуррагӣ тасвир ёфтааст. Онҳо ҷасади мурдаро ба хок намесупориданд, ки хоку оби ризқу рӯзидаҳандаи мардум нопоку палид нагардад. Зардӯштиён фаришатаи обу ободонӣ «Аноҳид»ро мепарастиданд. Дар Суғду Бохтар, Хоразм «Након» ва дар Панҷакент фариштаи обу чашмасоронро «Нана» гуфта дар ободии чашмасорон корҳои зиёдро  ба иҷро мерасониданд. «На-на» маънои модарро дар тоҷикони Кӯҳистон таҷассум мекунад. Бинобар он парастиши модару оби тоза ин муқаддасоти моён будааст. Ибораҳои  «Об манбаи ҳаёт» «Обу ободӣ» аз қадим ба мо мерос мондааст. Бузургтарин савоб дар суннати «Авесто»  ва дар суннати миллати тоҷик кушодани сарчашмаҳои об ва бунёди чашмаҳои оби нӯшокӣ ба ҳисоб меравад. Асосгузори империяи Темуриёни бузург Заҳриддин Бобур ҳангоми фирор ба ҳиндустон чашмаеро дар Оббурдони Мастчоҳи Кӯҳӣ обод карда, ба мардум ҳадя карда буд.

Чашмаҳо дар ҳамаи давру замон вуҷуд дошта макони ободию серию пурии мардум буд. Бо оби он худашон, молу колашон, заминҳояшон обшор мешуданд ва ҳосили фаровон медоданд. Одамони зебопарасту ихлосманди ба қадри обу ободонӣ мерасидагӣ гирду атрофи онҳоро ободу зебо карда дарахт мешинониданд, гулзор мекарданд, хоначае мебардоштанд ба тозагии оби вай назорат мекарданд, ки онҷо барои мардуми мусофиру тоҷир ҷои дамгирӣ ва баровардани куфтаи роҳ ҳисоб меёфт. Яке аз чашмаҳои биҳиштосои ноҳияи Ашт чашмаи Бобои Халил буда, аз қадим ба мардум хизмат карда омадааст. Чашмаро хоначаи зебое ва дарахтони гулпӯши ҳамеша сабз иҳота кардаанд. Духтарони қадрасу арӯсакони нозанин вақти ба об омаданд дар лаби ин чашма бо суҳбати як лаҳзаина мушарраф гардида, аз хабарҳои наву куҳани деҳа бохабар мегаштанд. Арӯсакону духтарони номзадшуда гоҳ-гоҳ дар сари ин чашмаҳо мулоқот меоростанду дар тозагии оби чашмаю ободонии вай ҳисса мегузоштанд. Солҳои пеш оби софи «Чашмаи Мазор» бо оби нӯшокӣ маҳаллаҳои Сари ҷар, Поён, Бағали гарма, Миёнсо, Авриконро бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин мекард. Аз сабаби беэътиноии мардум ва бемаданиятии онҳо дар болои ин сарчашма сохтани ҳоҷатхонаю партофтани партову ифлосиҳо ин чашмаи қадима аз  истифодаи мардум берун монд.

Имрӯзҳо орзую умеди мардум ҷомаи амал пӯшида истодааст. Эълон шудани соли 2017 «Соли дастрасии аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ» аз тарафи Раиси вилоят мӯҳтарам А.Қодирӣ, чашмаҳои диёри Ашт ободу зебо гардида, оби тозаи нӯшокии онҳо дастрасии мардум гардида истодаанд. Чандин нафар шахси саховатпеша ба монанди Турғунбой Қурбонов, Бунёд Машарипов, Рузибой Имомалиев, Деҳқонбой Марасулов дар ободу зебо гаштани чашмаҳо ҳиссаи арзанда гузошта, оби тозаи ин чашмаҳоро ба истифодаи мардум расониданд. Рейдҳои аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия гузаронидашуда натиҷаи хуб ба бор оварданд. Мардум ба зудӣ дарк карданд, ки оби чашмаҳои ҷонбахш бояд доимӣ тозаю озода бошаду дар соли 2017  «Соли дастрасии аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ»  аҳолии ноҳияи Ашт дар ободии чашмаҳо ҳиссаи арзандаи худро гузоштанашон шарт ва зарур аст. Чашмаҳо дастёри беминнати мардуми кишваранд. Ободу ба ҷои дамгирӣ табдил намудани онҳо ҳам фарз ва ҳам қарзи мост. Аз тоҷирон, соҳибкорон ва мардум илтимос менамудем, ки доимӣ дар ободии чашмаҳои диёр саҳмгузор бошанд.

Ниёзмуҳаммади ИБРОҲИМЗОДА,
узви Иттиҳоди журналистони Ҷумҳурӣ,
Аълочии матбуот ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh