Саҳлангорӣ дар ташхисгоҳҳо

Табиб ҳуқуқи хато карданро надорад!

Баробари пеш рафтани технология дар ҷомеаи ҷаҳонӣ аксар бемориҳоро ба воситаи дастгоҳҳои ташхисгузаронӣ метавон муайян намуд. Аз ҷумла ба воситаи гирифтани хун мутахассисони соҳаи тиб дар ҷисми инсон бемориҳои гуногунро дармеёбанд. Оё имрўз метавон ба пуррагӣ ба натиҷаи ташхиси лабораторӣ бовар кард? Кормандоне, ки аз беморон барои ташхис хун мегиранд, қоидаҳои бехатариро риоя мекунанд? Доир ба ин масъала бо чанд нафар ҳамсуҳбат гаштем.

Фарзона Содиқова - сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров:

- Дар шаш моҳ як маротиба аз назорати табибон мегузарам ва чанде пеш ба Маркази хуни шаҳри Хуҷанд хун супоридам. Пас аз чанд рўз намояндаи Марказ ба ман занг зад ва гуфт, ки зуд ҳозир шавам. Маълум гашт, ки аз таркиби хунам бемории гепатити С-ро дарёфт кардаанд. Аз шунидани ин хабар осмон ба сарам гўё фурў рехт. Охир ҷавон ҳастам ва худро ҳамеша бардаму солим эҳсос менамудам. Чӣ тавр ва аз куҷо ба ин беморӣ гирифтор шудаам, дар ҳайрат мондам. Чанд муддат худро бемор ва лоғар эҳсос кардам, зиндагӣ дигар бароям маъно надошт. Нақшаҳои дар пеш истодаро ба пуррагӣ фаромўш кардам, зеро медонистам, ки ин беморӣ вазнин аст. Бо маслиҳати модар ба шаҳри Душанбе барои супоридани ташхиси хун рафтам. Аҷабо, дар озмоишгоҳи он ҷо ягон намуди беморӣ аён нагардид. Намедонистам, хандам ё гирям, зеро бовариам намеомад, ки солим ҳастам. Ростӣ, ба натиҷаи ташхис сад фисад бовариам наомад ва бо шиносҳоям хунамро ба Федератсияи Русия фиристодам. Натиҷааш омад ва маълум гардид, ки ман солим ҳастам ва бемории гепатити С-ро надорам. Ба Маркази хуни шаҳри Хуҷанд омадам ва изҳори норозигӣ аз натиҷаи ташхис ва нодуруст будани он кардам. Дар ҷавоб ба ман гуфтанд: «Узр, натиҷаи шумо бо дигар нафар иваз шудааст» бо ҳамин онҳо сухани худро тамом карданд. Хостам онҳоро ба суд диҳам, зеро ман рўҳан бемор шудам, вале фоидае надорад.

Аз рўи гуфти Ф.Содиқова маълум шуд, ки Маркази хуни шаҳри Хуҷанд ба саҳлангорӣ роҳ дода, боиси аз зиндагӣ дилшикаста шудани ҷавондухтари солим гардидааст. Иваз шудани натиҷаи ташхис ва ё хуни як кас бо каси дигар ғайриимкон аст. Агар ў сари вақт ба озмоишгоҳҳои дигар, аз ҷумла шаҳрҳои Душанбе ва ё Москва муроҷиат намекард, ҳолаш чӣ мешуд?

М.Ҳалимзода - сокини шаҳри Хуҷанд:

- Фарзандам бемор шуду ба Маркази саломатии №4, шаҳри Хуҷанд ба табиби оилавиамон муроҷиат намудам. Ў тавсия дод, ки аввал дар озмоишгоҳ ташхиси умумиро гузашта, сипас натиҷаҳои онро биёрем.

- “Ранги паридаву лоғарӣ, камиштиҳоии писаратон шояд аз сабаби кам будани гемоглобин дар таркиби хун бошад,-гуфт духтур”.

Натиҷаи таҳлили хун нишон дод, ки гемоглобини хунаш поён фаромадааст. Пизишки оилавиамон дорувории заруриро тавсия карда, таъкид намуд, ки пас аз гирифтани курси табобат, яъне пас аз 2-2,5 моҳ дубора ташхиси хун намоем. Тавсияҳои духтурро ба иҷро расонида, аз нав ба озмоишгоҳи ин Маркази саломатӣ писарам хун супурд. Ин даъфа натиҷаи таҳлили хун тамоман маро ба ҳайрат гузошт?! Чӣ гуна пас аз табобати қариб семоҳа гемоглобин баръакс поён рафтааст. Ҳуш аз сарам парида, ба ҳарос афтодам, ки наход фарзандам гирифтори бемории вазнин шуда бошад? Аз натиҷаи ташхис ба масъули озмоишгоҳ изҳори нобоварӣ намудам. Ў дар навбати худ ба ҷойи он, ки маро тасалло диҳад, дағалона «чӣ ҳаст, ҳамонро навиштам, фарзандат камхун бошад, айби ман нест»-гўён ҷавоб дод. Ба ҳамсояам, ки духтури бачагона аст, занг зада, вазъиятро гуфтам. Ў маро таскин дода гуфт, ки баъзан саҳв шуданаш мумкин аст ва тавсия дод, ки ба ташхисгоҳи дигар хун супорем. Чунин ҳам кардем, таҳлилгоҳи давлатии беморхонаи шаҳрӣ таркиби гемоглобини фарзандамро хуб нишон дод, вале баҳри боз ҳам хотирҷамъии худ ба ташхисгоҳи беморхонаи вилоятии кўдакона хун супоридем, ки он ҷо низ ин натиҷа тасдиқ гардид.

Ҳамсуҳбати мо М.Ҳалимзода иброз дошт, ки тарзи муносибати бархе аз кормандони соҳаи тиб дурушт буда, аз маданияти муошират бо беморон тамоман хабар надоранд. Аксар вақт чунон муносибат мекунанд, ки гўё мо ба «хона»-и онҳо рафта, истироҳаташонро халалдор сохта бошем.

Баҳри боварӣ ҳосил намудан ва воқиф шудан аз воқеияти сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба Маркази саломатии рақами 6, шаҳри Хуҷанд барои супоридани хун омадам. Дар ташхисгоҳ нафарони зиёде ҷамъ омада буданд. Ман ҳам навбат гирифта, интизор нишастам. Чун ба утоқ ворид шудам, корманде, ки бояд хун мегирифт, дар даст дастпўшаки ба хун олуда дошт ва бар замми он чанд маротиба тариқи телефони мобилӣ сўҳбат мекард. Ниҳоят телефонашро болои китфаш гузошта, сўҳбаткунон хост бо ҳамон дастпўшак барои ташхис хун гирад. Норизоёна ба ў нигариста, гуфтам:

-Мебахшед, дастпўшакатонро магар иваз намекунед?

-Дастпўшаки нав надорам, ҳамроҳатон наовардед?

-Не, наовардаам. Наход, дар ташхисгоҳ як дастпўшаки тоза надошта бошед? - суол додам.

-Ба ҳар яки шумо дастпўшаки нав истифода барем, аз куҷо ҳисобамонро меёбем. Агар маъқул набошад, дастпўшакатонро харида оед! - бо ситеза гуфт ў.

-Магар бо ин роҳ дигарон ба бемориҳои сироятӣ гирифтор намешаванд? Охир бо як дастпўшак қариб аз даҳ нафар хун гирифтед?

-Гуфтам-ку агар хоҳед, дастпўшаки нав харида оед! - дағалона посух дод ў. Лоақал дастпўшакро бо маҳлули спиртӣ тоза накард.

Ҳамоно телефонаш дар китфу ба шахси дар алоқа буда, бо овози баланд норозигии худро нисбат ба муроҷиаткунандагон изҳор медошт.

Бо ин тарзи муошират корманди соҳаи тиб метавонад инсони солимро ба беморӣ гирифтор кунад. Агар гузаронидани ташхиси хун чунин сурат гирад, пас иваз шудани натиҷа ва нодуруст муайян шудани он бесабаб нест.

Доир ба тарзи гирифтани хун, фаъолияти кормандони тиб дар озмоишгоҳҳо мудири озмоишгоҳи Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд Мирзодаврон Солиев гуфт, ки нафари хунгиранда ҳатман бояд дастпўшак дошта бошад ва дар баъзе ҳолат ҳатто ба рўяш ниқоб кашиданаш лозим аст. Ба ҳар нафари муроҷиаткунанда ва хунсупоранда дастпўшаки як маротиба истифодашударо ба дастпўшаки нав иваз намояд. Дар ҳолати надоштани дастпўшаки нав лоақал дастро бо маҳлули спиртӣ тоза кунад, зеро дар вақти хунгирӣ дастпўшак метавонад ба хун олуда шавад. Бояд гуфт, ки дастпўшаки истифодашударо корманди ташхисгоҳ бо маҳлули хлор тоза карда, сипас партофтанаш лозим аст. Беэҳтиётӣ ва саҳлангории кормандони озмоишгоҳҳо метавонад, бемориҳои сироятиро ба нафари солим гузаронанд.

Дар бобати натиҷаҳои гуногуни ташхиси хун изҳор дошт, ки чунин ҳолат дар таҷриба бисёр дида мешавад, ки асосан лаборанти озмоишгоҳ ба хатогӣ роҳ медиҳад. Дар ҳолати шубҳа кардан бояд бори дигар аз нав хун супорид.

Дар ташхисгоҳҳо набояд ба саҳлангорӣ роҳ дод, чунки паси ҳар таҳлилу ташхис ҳаёти инсон меистад! Аз ин рў, масъулини Раёсати тандурустии вилоят ва Маркази вилоятии назорати давлатии санитарию эпидемиологиро зарур аст, ки дар ин самт назоратро пурзўр намоянд, то чунин тарзи муносибату корбарии баъзе кормандони тасодуфии соҳа боиси ранҷурии касе нагардад.

Шаҳбонуи СИДДИҚ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh