Эҳсоси ғамхориҳои падарона

Ҷавонони имрўзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад.

Эмомалӣ РАҲМОН

Дар ҳақиқат, наврасону ҷавонони насли навин бо меҳру муҳаббат ва ғамхориҳои ҳамаҷонибаи давлату ҳукумат фарогир буда, бо онҳо зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандўзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.

Паёми навбатии Сарвари давлатро шунида, эҳсоси ифтихору сарбаландӣ вуҷудамро фарогир шуд. Суханони пурмуҳаббати «…ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерўи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд» маро ҳидоятгар ба зиндагии шоиста ва қадамгузорӣ бо пайроҳаи устувору созандаи касби пешакардаам шуд.

Алҳол, ба ман, хатмкардаи таълимгоҳи №10, Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Fафурови вилояти Суғд муяссар гаштааст, ки ба курсии донишҷўии факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нишинам, аз устодони соҳибтаҷриба сабақи маърифат гирам, ҳуқуқҳои байналхалқиро омўзам ва дар кору фаъолияти хеш пурсамар истифода барам.

Эҳсоси ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар он ифода меёбад, ки ҷавононро ба сўи ояндаи дурахшон ҳидоятгар буда, ҳисси баланди миллӣ доштанамонро хоҳонанд. Ҳамчунин, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор доштану барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак буданамонро таҳтидилона орзу доранд.

Ҷавобан ба ғамхориҳои беҳудуд ваъда медиҳам, ки бо баҳои аъло хонам, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намоям, дар партави дастуру супоришҳои Сарвари давлат маҷрои зиндагӣ ва кору фаъолияти хешро дарёфта, ба халқу Ватан хизмати шоиста намоям.

Фаридун КАРИМЗОДА,
донишҷўи соли аввали факултаи
ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh