Ҳадаф: Ҳифзи саломатии модару кӯдак

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар соҳаи ҳифзи тандурустӣ низ рушд ёфта, сол аз сол шумораи муассисаҳои табобативу беморхонаҳо зиёд ва шароиту сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба маротиб беҳтар гардидааст.

Чуноне огаҳӣ дорем, соли 2016 дар вилоят бо иқдоми Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ “Соли фарди солим” эълон гашта, баҳри дастгирии соҳаи беҳдошти сиҳатии омма чи аз ҷиҳати моддӣ ва ҳам таъминот бо таҷҳизоти техникӣ як қатор тадбирҳо амалӣ гардиданд.

Яке аз ҳадафҳои эълон доштани “Соли фарди солим” ин таъмиру тармими муассисаҳои табобатӣ маҳсуб меёфт. Ин буд, ки бо дастгирии роҳбарияти вилоят, аз ҷумла барои мутамарказонидани системаи гармидиҳии таваллудхонаи вилоятӣ ба миқдори 500 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Соле қабл агар ҳамаи утоқҳои таваллудхона бо таҷҳизоти барқӣ гарм карда мешуд, алҳол бинои асосии шӯъбаи 2-юм, ки ба он таваллудгоҳ, ҳуҷраҳои пасазтаваллудӣ, шӯъбаи эҳёи навзодон, шӯъбаи эҳёи калонсолон ва амалиётхонаҳо дохил мешаванд, пурра ба системаи гармидиҳии марказонидашуда гузаронида шуданд.

Тибқи нақша, ин иқдом идома ёфта, шӯъбаҳои дигар низ марҳала ба марҳала ба ин намуди гармидиҳӣ насб карда шаванд.

Муовини сардухтур Наима Раҳимбоева оид ба ҷараёни рафти зимистонгузаронӣ ҳарф зада, изҳор дошт, ки дар таваллудхона ҳамаҷониба ба зимистонгузаронӣ омодагӣ дида, аз ҷумла генераторҳои пуршиддати муосир ҳамеша дар ҳолати омодагии фаврӣ қарор дорад. Аз оғози фасли сармо барои дастрас намудани ангишти хушсифат бо “Соҳибкори инфиродӣ Ахмедов” шартнома баста, ба миқдори зарурӣ ангишт, ҳамчунин ҳезум захира шудааст.

Воқеан, зимни азназаргузаронии шароити гармидиҳии шӯъбаҳои дар боло зикр шуда аён гардид, ки ҳамаи ҳуҷраҳои шӯъбаи дуюм ҳарорати гармии мӯътадил дошта, занону кӯдакон дар шароити хубу гарм зери назорати духтурон мебошанд.

Дар сӯҳбат ҷавонзани навтаваллудкарда Заррина Икромова арз дошт, ки 5 сол қабл барои таваллуди фарзанди нахустинаш ба ин муассисаи тиббӣ омада будааст:

- Солҳои пеш бинои ин муассиса бисёр ҳоли фарсуда дошту барои гарм кардани ҳуҷраҳо асосан аз таҷҳизоти барқӣ истифода бурда мешуд, ки на ҳама вақт дар фасли сармо гармии заруриро таъмин карда метавонист. Алҳол, шукр, бо амри тақдир, барои таваллуди духтарчаам боз ба ин макон омадам. Ободкориҳову шароити имрӯзаи таваллудхонаро дида, дар ҳайрат мондам. Бинои шӯъбаи асосии рақами 2-юм ва ҳуҷраҳо ҳарорати мӯътадил дошта, шароити беҳтарин барои занони ҳомила ва ҳам таваллудкунандагон муҳайё шудааст.

- Албатта, ҳамаи ин шароиту имконот самараи даврони соҳибистиқлолӣ буда, аз дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад. Дар навбати худ мо, масъулину кормандони соҳа, ҷавобан ба ҳамаи ин дастгириҳо тамоми нерӯ ва малакаи худро баҳри солимии модару кӯдак, беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ равона намудаем, - изҳор дошт Наима Раҳимбоева.

Лозим ба ёдоварист, ки таи ду сол инҷониб бо иқдоми неки Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ муассисаҳои тандурустӣ марҳала ба марҳала ба шабакаҳои гармидиҳии мутамарказонида гузаронида шуда истодааст. Аз ҷумла, дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016 ба пуррагӣ дар Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилоят чунин шабака аз нав барқарор гардид. Соли гузашта низ ин иқдом пайгирӣ шуда, гармитаъминкунии боз ду муассисаи тандурустӣ-Маркази микроҷарроҳии чашми вилоят ба пуррагӣ ва таваллудхонаи вилоятӣ қисман тариқи шабакаи гармидиҳии марказонидашуда сурат гирифт.

Мутахассисон изҳор доштанд, ки чунин тарзи гармидиҳӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ ба сарфаи нерӯи барқ мусоидат намуда, аз ҷониби дигар, тарзи истифодабарии он бисёр қулай ва бехатар аст.

Бино ба гуфти Ҷаъфар Маматов –сармутахассиси Раёсати тандурустии вилоят, баҳри иҷрои қарори марбутаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ, фармоиши Вазорати тандурустӣ муассисоти тандурустӣ дар сатҳи кофӣ ба мавсими сармо омода шуда, нақшаи зимистонгузаронӣ 107 фисад таъмин гардидааст.

Ҷоизи қайд аст, ки таваллудхонаи вилоятӣ соли 1936 бунёд гардида, дорои 210 кати беморӣ мебошад. Соли 2013 бо дастгирии Пешвои миллат, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти вилоят аз таъмири куллӣ бароварда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва ҷарроҳӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh