Боварии комил дар таҳкими саломатӣ

Чанд рўз аст, ки соли 2016 дар саҳифаи таърих сабт гардид. Соли пурбор, ки буд, дар ҳаёти мардум, ҷомеаи меҳнатӣ нақше гузоштааст носутурданӣ. Дар ин замина аз сўҳбат бо сардухтури Беморхонаи клиникавии вилоят, Аълочии тандурустии Тоҷикистон Собирҷон Собиров дарёфтем, ки ҷомеаи табибони ин шифохона соли рафтаро бо нишондиҳандаҳои арзандаи меҳнатӣ ҷамъбаст намудаанд. Собирҷон Собиров чунин ибрози назар кард:

- Ман бо камоли боварӣ гуфта метавонам, ки соли сипаришудаи 2016-ум дар ҳаёти ҷомеаи меҳнатии мо нақши муассир гузошт. Хусусан, ки соли 2016-ум бо иқдоми Раиси вилоят, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ Соли фарди солим эълон шуда буд. Агар суханамро дар асоси рақамҳо ва нишондиҳандаҳои касбӣ шарҳу эзоҳ диҳам, пас мо давоми сол зиёда аз 20 ҳазор беморонро барои табобат қабул кардем. Наздик 7 ҳазор нафар беморонро ҷарроҳони соҳибкасби мо бомуваффақият ҷарроҳӣ намуда, ба дардашон шифо бахшиданд.

Яке аз бандҳои асосии Барномаи Соли фарди солим таъмини муассисаҳои табобатӣ бо таҷҳизоти муосири тиббӣ буд, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба мо муяссар гардид, ба маблағи зиёда 570 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти ҳозиразамони ҷавобгўй ба талаботи ҷаҳон харидем, ки он ба беҳтаршавии ташхису табобат аз ҳар ҷиҳат мусоидат кард.

Ҳамчунин, дар доираи татбиқи Барномаи зикргардида як қатор корҳои таъмиру тармим ба ҷо оварда шуданд. Дар ин самт 2 млн. 950 ҳазор сомонӣ маблағ сарф гардид, ки ба ободии мавзеи беморхона ва шўъбаҳо мусоидат кард. Ихтисоси худро баланд бардоштани 24 нафар табибону ҳамшираҳои шафқат ба беҳтаршавии корҳои табобатӣ таҳким бахшид.

Ногуфта намонад, ки Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷомеаи табибону кормандони миёнаи тиббӣ дар маҷлисгоҳи беморхона тавассути оинаи нилгун тамошо карданду шуниданд. Ба фикри ман, ироаи Паём аз ҷониби Пешвои миллатамон як андоза ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат дар соли 2016 ва дастуру ҳидоятҳои созанда барои Соли нави 2017 буд.

Дуруст аст, ки дар Паёми хеш Сарвари давлат марбут ба фаъолияти мо-табибон низ фикру мулоҳизаҳои таҳлилии худро баён доштанд. Аз ҷумла, изҳори нигаронӣ кардани Пешвои миллат аз «ворид шудани маводи дорувории қалбакӣ ва ба талабот ҷавобгўй набудани он на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар бисёре аз кишварҳои дунё мавриди нигаронӣ қарор дорад», беасос нестанд. Боиси тазаккур аст, ки дар вилоят Раёсати Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ амал мекунад ва мутахассисони соҳибтаҷрибаи он баҳри пешгирӣ намудани воридшавии дорувориҳои қалбакӣ чораҳои мушаххас меандешанд. Лекин дар навбати худ мо-табибонро низ зарур аст, ки нисбати ислоҳи ин вазъият дастаҷамъона корбарӣ кунем, то ки амнияту саломатии мардум таъмин гардад.

Ниҳоятан, баробари ҷамъбасти самараноки Соли фарди солим дар соли 2017 мо аҳд кардем, ки бо пайравӣ ба ташаббусу иқдомҳои созандаи Пешвои миллат ва Раиси вилоят тамоми чораҳоро меандешем, то ки рисолати азалии худ-таъмини саломатии мардумро сарбаландона ба анҷом расонем.

Дар ин самт ҳамчун духтур аз иқдоми навбатии Пешвои миллат оид ба Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об – барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва дар ин замина ташаббуси бунёдии Раиси вилоят дар хусуси соли 2017 дар вилоят эълон гардидани «Соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нўшокӣ» илҳоми касбӣ гирифтам, зеро об ин зиндагӣ, шукуфоии ҳаёт ва саодатмандии мардум аст.

Бо истифода аз фурсати муносиб аз номи табибони вилоят кулли ҳамватанонро бо фарорасии Соли нави мелодии 2017 табрику таҳният гуфта, хоҳони саломатӣ, бахту саодат ва барору комёбиҳояшон ҳастам.

 Мусоҳиб
Абдуғафур Аминзода,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh