Бетарафӣ ва ё бемасъулиятӣ?

Шаҳри Хуҷанд яке аз шаҳрҳои калонтарини кишвар ба ҳисоб меравад. Шаҳрест, ки ҳамарўза ҳазорҳо нафар сайёҳони хориҷиву дохилиро ба ҳузур мепазирад.

Бо вуҷуди он ҳама пешравиҳо ва тараққиётҳо ҷойҳоеро вохўрдан мумкин аст, ки ҳусни шаҳрро доғдор менамояд. Масалан, дар маркази шаҳр, воқеъ дар наздикии гузаргоҳи зеризаминии «Универмаг» ё худ кўчаи Раҳмон Набиев роҳравҳоеро вохўрдан мумкин аст, ки сафолакҳояшон шикаста, барои роҳравон халал ворид менамоянд.

Гуфтан ҷоиз аст, ки кўчаи мазкур дар марказ ҷойгир буда, аз як тараф сайёҳоне, ки барои тамошои Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» мераванд, аз ҷониби дигар бошад, сокинон ва меҳмононе, ки мехоҳанд, барои тамошои консерт ва ё дигар намоишномаҳо ба Театри Камоли Хуҷандӣ ва «Маркази ҷавонон» - и ба номи Лоиқ Шералӣ раванд, аз ин кўча гузар менамоянд. Роҳрави мазкур чанд вақт инҷониб, дар ҳамин ҳолат қарор дорад.

Масъулин мебоист кайҳо аз пайи ислоҳ мешуданд, шояд аз ин макон гузар кардаву чашмонашон ба ин ҳолат наафтода бошанд? То имрўз ҳамон сафолакҳои шикаста ва чуқуриҳои ба чашм баръало намоён истодаанд.

Ҳолати дигареро қайд намудан лозим аст, ки дар ҷўйбори назди истгоҳи «Универмаг» бо баробари ифлосиҳои зиёд ҷамъ шудан аз худ ҳар гуна бўйҳои ғализро хориҷ мекунанд. Ин ҳолат табъи шаҳрвандонро тира мегардонад. Барои ислоҳи чунин камбудиҳо масъулинро мебояд, аз чунин ҳолатҳое, ки дар шаҳр мавҷуд аст, бохабар гардида, барои бартарафсозии он тадбирҳои саривақтӣ андешанд!

Истамҷони НАҶМИДДИН,
"Ҳақиқати Суғд"

Add comment


Security code
Refresh