Густариши ҳамкорӣ бо мардум

Гуфтугўи мустақими радиоии Расулзода Дилшод Ҷабборӣ – раиси шаҳри Исфара мақбули аҳли эҷод ва ҳам сўҳбати самимонаи мардум бо шаҳрдори Исфара гардид.

Зимнан, беш аз 100 арзу муроҷиат, мактубу дархост, номаҳои сипосу муборакбодӣ дар натиҷаи эълони пешакӣ оид ба баргузории гуфтугўи мустақим бо сокинон сурат гирифт. Гуфтугўи мустақим арзи дили 46 нафар сокинони шаҳру деҳоти Исфара ва ҳам зодагони Исфарамарзро аз кишварҳои хориҷ фаро гирифт.

Ҳадаф аз баргузорсозии ин тадбир таъмини амалигашти дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати густариши ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо сокинон ва тарҳрезии нақшаҳои фаъолият барои соли 2017, дар маҷмўъ дарёфти роҳҳои беҳбудсозии рўзгори сокинон ва боз ҳам ободу зеботар гардонидани Исфараи бостонӣ буд.

Самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, сабабҳои воқеии пурра иҷро нагардидани нақшаи даромади андозҳои давлатӣ, зарурати пешгирии санҷишҳои пайдарпайи фаъолияти соҳибкорон аз ҷониби мақомоти назоратӣ, масъалаи ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, бунёди инфрасохтори зарурӣ дар маҳалҳои нави аҳолинишини 11, 12, 13, 14, Сомониён ва шаҳраки Моҳпарӣ, алалхусус ҷиҳати таъминот бо нерўи барқ ва оби нўшокӣ, ба низом овардани ҳолати ҳудуди бозори марказӣ ва роҳҳои атрофи он, расонидани кўмакҳои иловагӣ ба осебдидагони офати табиии моҳи августи соли гузашта рухдода, сохтмони Нерўгоҳи ҳароратии Шўроб, ба анҷом расонидани азнавсозии бинои таълимии дар ҳолати садамавӣ қарордоштаи мактаби миёнаи №52, ҷудо намудани қитъаи замин барои чойхонаи муосир дар маркази шаҳр, беҳдошти ҳолату сифати хизматрасониҳои тиббӣ, роҳандозии суғуртаи тиббӣ, бознигарӣ ва аз нав мураттабсозии рўихати шахсони камбизоати шаҳру деҳот, вусъати раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ, роҳу тариқи саҳмгузории шаҳрвандон дар азнавсозии Гулбоғи Сайфи Исфарангӣ аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки зимни гуфтугў мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

 Раиси шаҳр бо истифодаи Интернет бо зиёда аз 20 соҳибкори зодаи Исфара дар Русияву Қазоқистон, Олмону Норвегия, Шветсия ва дар Амрикову Зеландияи Нав тариқи онлайн дар тамос шуд. Дар ҷараёни ин мулоқот байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ва соҳибкорон 5 ёддошти ҳамкорӣ ба маблағи 4,2 миллион сомонӣ низ ба имзо расид.

Иқбол Илёсзода

Add comment


Security code
Refresh