Фаъолият тақвият меёбад

Дирўз дар толори КВДК «Кохи матбуот» бо иштироки муовини аввали Раиси вилоят Раҳматзода Рустам Мирзо ҷаласаи Шўрои ҷамъиятии вилояти Суғд баргузор гардид. Аз рўи масъалаи якум ахбори сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилоят Шарифулло Абдуллозода «Дар бораи Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд барои солҳои 2016-2020» шунида шуд.

Мавсуф дар бораи рушди соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят, хосатан, маорифу тандурустӣ, саноат, кишоварзӣ ва ҳунармандӣ изҳори андеша кард. Тибқи барнома, барои ноил шудан ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва фавти модару кўдак, оид ба саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, алоқа ва роҳ, азхудкунии мавзеъҳо, хариди таҷҳизоти тиббӣ, умуман баҳри ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ лоиҳаҳои мушаххас пешниҳод гардид, ки он дар тўли панҷ соли оянда бояд амалӣ гардад. Ш.Абдуллозода инчунин оиди аз ҷониби 190 давлати ҷаҳон дастгирӣ ёфтани пешниҳоди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» изҳори шодмонӣ кард.

Муовини сардори Раёсати маорифи вилоят Сайфулло Раҳматов оид ба Паёми навбатии Пешвои миллат, ислоҳоти соҳа, таъмини иҷрои Барномаи мазкур дар солҳои минбаъда ва раиси ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон дар вилоят Маъруф Юсуфов оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ музокира намуданд.

Зимни суханронӣ муовини аввали Раиси вилоят Раҳматзода Рустам Мирзо дар бораи баррасии маълумот, Паёми Сарвари давлат, самтҳои он, вазифагузориҳо ва дастовардҳо, дастгирии мардуми ҷаҳон оид ба пешниҳоди Президенти мамлакати Тоҷикистон дар бораи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баён дошт.

Дар ҷамъбаст, ҳамзамон лоиҳаи қарори Шўрои ҷамъиятии вилояти Суғд дар бораи амалӣ намудани таклифу пешниҳодҳо, тақвият бахшидани фаъолият ва баланд бардоштани мақоми Шўро, ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ғайра баррасӣ гардиданд.

Тавҳида ҶЎРАЕВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh