Оилаи устувор – нерўи ҷомеа

Асоси зиндагӣ чист? Маҳаки оила аз чӣ иборат аст? Зиндагӣ аз чӣ оғоз меёбад? Мазмуни ҳаёт чист? Он чиҳоро фарогир аст? Ва барои чӣ аксарияти ҷавонон пас аз як - ду моҳи зиндагиашон хонавайрон мешаванд? Чӣ бояд кард, ки чунин нохушӣ рўй надиҳад? Вақте ба дарёи зиндагӣ, ҳаёт ғўтавар мегардӣ, бо чунин саволҳо, ки онро муаммо ва мушкилоти ҷомеа низ мегўянд, бисёр рў ба рў мегардӣ.

Чунин масъалаҳо дар маҳфилҳое, ки аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии Маркази занон «Гулрухсор» таҳти шиори «Ҷомеаи солим аз фардҳои ҷисман ва рўҳан солим ташаккул меёбад» баррасӣ ва мавриди муҳокима қарор гирифтанд Маъракаи иттилоотии «16 рўзи алайҳи хушунат нисбат ба занон» дар ташкилоту корхонаҳои шаҳру навоҳӣ, макотиби олӣ бо иштироки ҷавонон, омўзгорон, устодони макотиби олӣ, фаъолзанон, собиқадорони соҳоти мухталиф ва пирони рўзгордидаю намояндагони оилаҳои ҷавон доир гардиданд. Сарвари ташкилоти номбурда Сабоҳат Бобоҷонова қайд кард, ки мавзўи кунунии чорабиниҳо оид ба масъала ва муаммоҳои оилавӣ, поймолкунии ҳуқуқи инсон, оқибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ, мусоидат намудан дар баланд бардоштани мақоми иҷтимоӣ-сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии занонро фаро гирифта, дар амалӣ намудани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила» ва татбиқи «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» мусоидат менамоянд.

Зиндагӣ – бозичаидасти одамон

Мутаассифона, замоне шудааст, ки зиндагӣ бозичаи дасти одамон гардидааст. Вале набояд фаромўш кард, ки зиндагӣ аз оила оғоз мегардад, агар фазои хонадон ором бошад, пас он маҷрои хешро меёбад. Вале барои маҷрои зиндагиро ёфтани навхонадорон мебоист волидайни ду ҷониб ботаҳаммул бошанд. Мо, волидайнро зарур аст, ки тавре дасти кўдаку наврасонро гирифта, ба остонаи кўдакистону дабистон мебурдем, навхонадоронро низ ба роҳи зиндагӣ ворид созем, вагарна роҳгум мезананд.

 Мо бояд роҳнамои ояндаи онҳо бошем, ҳидоятгари роҳи неку пиндори неку рафтори нек бошем. Тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд: «Бо назардошти хусусиятҳои хоси фарҳанги оиладории шарқӣ, аз ҷумла суннату ойинҳои неки тоҷикон ҳар як модари тоҷик вазифадор аст, ки дар хусуси ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон, хусусан духтарон, дар шуури онҳо тарбия кардани фарҳанги оиладорӣ, одобу ахлоқи ҳамида ва сабру таҳаммул кўшиши доимӣ дошта бошад».

Вале ҳастанд оилаҳое, ки чунин роҳнамоиро барои худ муносиб намебинанд, балки бо ҳисси рашку бахилӣ он чиро ки аз ҳаёт бардошт карда буданд, ба ҷавонон намегўянду балки ба рафтори ду навниҳоли боғи зиндагӣ бо назари танқид менигаранд. Вале охир мо то ба воя расидани тифламон, вақте гаҳвораи ононро меҷунбондему суруди сурудҳо «Алла»-ро замзама мекардем, бо як муҳаббати саршор аз шодиву фараҳ орзуву омоламонро дар дил мепарваридем. Орзу мекардем, ки хонаву дараш, бачаашро бинем. Вале вақте пораи ҷигарамон ба воя расид, аллакай ин гуфтаҳоро фаромўш месозему то метавонем, айб мекобем ва онро ё дар дил чун мўҳр мегирему ва ё бо шиква овоза мекунем. Дар натиҷа ҷигарбандонамон хонавайрону набераҳоямон, ки меваи умр, давомдиҳандаи насли фардоямон ҳастанд, сарсону саргардонанд.

Арифметикаи ҳаёт

Вақте пурсиш гузарондем, ҷавоби аксари волидайн ва навхонадорон як нишон дошт: Хушдоман садди роҳи зиндагиаш шудааст. Аммо модарони азиз, падарони меҳрубон, биёед, ба мазмуни ҳамин гуфтаҳо бирасем. Тавре ёдовар гаштем, мо - калонсолон, ки роҳи зиёди зиндагиро аллакай тай кардаему аз пастиву баландии ҳаёт то қадри имкон огоҳӣ дорем, барои навхонадорон баҳри омўзондани арифметикаи ҳаёт худдорӣ мекунем. Намегўем, ки нисбат ба пастии ҳаёт чӣ бояд кард? Намегўем, ки ҳаёти мо аз сонияву дақиқаву соату рўзу шаб иборат аст ва зиндагӣ ҳам чунин аст, торикӣ ҳам дораду рўзи рўшанаш ҳам ҳаст. Бо як ҷаҳон орзу фарзанди як нафарро ба хонадонамон меорем, аммо на ҳамаамон ўро чун пораи ҷигари хеш қабул мекунем. Навшукуфти гули ҳаёт ҳам бо ҳамин мақсад ба ин хонадон қадам ниҳодааст, ки «дар ҳамин ҷо пайванд гардам, реша гирам, яъне насл офарам», ки онро меваи умри инсонӣ меноманд. Дар чанд ҳолат калонсолон нисбат ба рафтори навхонадорон андешаи хеш намегўянд, аввалан, аз ҳисси рашк ва ё бахилӣ, сониян, бо андешаи «агар гўям боз наранҷад» ва ё «агар ёд диҳам, боз писарам аз ин ҳам зиёдтар занашро парастиш накунад» ва боз чанд андешаҳои дилгиркунанда, ки гўиё мо на пораи ҷигари хеш, балки бегонаеро хонадор намуда бошем. Чархи гардун гарданда аст, охир мо ҳам чанде пеш чунин будем!

Аксаран дар хона арўс ва хушдоман танҳо мемонанд, зеро агар бар дўши мардон таъминоти иқтисодии хонавода вогузор шуда бошад, бар зиммаи зан нигоҳубини дохили хона, аз ҷиҳати иҷтимоӣ беҳтар намудани зиндагии оилавӣ аст. Бинобар ин аксаран дар хона ду нафар – арўс ва хушдоман танҳо мемонанд. Аз рўзи нахустини қадам ба ин хонадон ниҳоданаш арўс кўшиш ба харҷ медиҳад, ки табъи дили ин хонавода рафтор намояд. Вале таомули бонувони калонсол чунин аст, ки ҳар як қадами арўсро назора менамоянд. Пас аз назора мо бояд чӣ кор кунем? Вазифаи нахустини мо, модарон ин навниҳоли пайроҳаи ҳаётро бо маънои томаш ба хонадонамон ворид созем. Яъне чӣ тавр? Вақте арўс бо коре машғул аст, камбудии ўро саривақт тавре ба духтарамон дарси рўзгор – пухту пазу рўбучинро меомўзондем, ба ў низ омўзонем. Аммо баръакси ин ҳол, аксарият аз ҳамин қадами нахустини арўс камбудии ўро бо назораи чашмаш «чида», бе ҳеҷ каму кост ба шавҳар ва ё писараш «хабар» медиҳад. Ҳол он ки мо метавонистем сари вақт ба ислоҳи он бикўшем. Инчунин, модарони «дурандеш» низ ҳастанд, ки бо андешаи он, ки агар гўям меранҷад, хомўширо авло медонанд. Бигзор ранҷад, аммо аз зиндагӣ, аз ҳаёт наранҷад, дилмонда нагардад. Ҳамин хизмати хирсонаи мо, модарон боис мегардад, ки ба ҳаёти навҷавонон торикӣ ворид гардад. Ҳамин торикии ҳаёт қалби ононро низ тира мегардонад.

Рўзгори оилаи нав мисли баҳор аст

Арўсеро медонам, ки пас аз муноқишаи тезу тунд бо хушдоману шавҳараш даст ба домони куштор заданӣ буд. Вақте аз дари ошхона ба берун бо мақсади худкушӣ баромаданӣ мешавад, чашмаш ба дегу табақи ношуста меафтад ва бо андешаи он, ки пас аз маргаш ҳамин камбудии ошхонаро бегонагону пайвандон дида, номашро ба ифлосӣ набароранд, ба тозакунӣ машғул мегардад ва ҳамин фурсат сабаб мешавад, ки вай аз фикри худкушӣ барояд. Яъне тангии ҳаёт лаҳзае баъзе нафаронро ба сўи худкушӣ мебарад. Дар ҳамин лаҳзаҳо вазифаи хушдоман аз он иборат аст, ки бо лаҳни ширин арўси ба тангомадаро аз субҳи поёни шаби сияҳ ошно созад.

 Сабоҳат Бобоҷонова қайд кард, ки асоси зиндагӣ, ҳаёти ҳар як инсон аз оила оғоз меёбаду гармию сардӣ, талхию ширинӣ, ғаму шодӣ, машаққату роҳаташ аз он ибтидо мегирад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле оқилонаву ғамхорона изҳор карданд, ки «Бунёди ҷомеаи солим, дар сари оилаи солим қарор мегирад», ки ин ҳақ асту рост. Охир, барои оилаи солим доштан қаблан пойдевори оила бояд аз меҳру садоқат, эҳтирому муҳаббат, адолату шафқат, мурувват, покдоманӣ ва инсоф бунёд шуда бошад, зеро оилаи устувор нерўи пешбарандаи ҷамъият аст.

Ақди никоҳу тўй ибтидои таъсиси оилаанд. Пас аз тўй муҳити нав дар назди ду ҷавоне, ки қаблан аз мушкилоти зиндагӣ бехабар буда, қалби пур аз ишқу муҳаббати самимӣ доштанд, як қатор масъалаю муносибати нав, шебу фарозҳоро мегузорад. Аз ин рў, ҳар як волидайн пеш аз баргузории базми арўсӣ фарзанди худро ба ҳаёти мустақилона тайёр мекунад ва таманнои онро дорад, ки фарзандаш хушбахту саодатманд гардад. Вале, мутаассифона, рўзгори оилаи нав мисли баҳорон, дорои гулу меваҳои зебою ҷаззоб, аз сўи дигар, вай дорои селоб ва раъду барқ, дорои ғурбат, ҷанҷол, ташвишҳо, камбудиҳо ва норасогиҳои моддӣ низ дорад. Тавлиди фарзанд дар ҳаёти падару модари ҷавон на танҳо шодию хурсандӣ, балки мушкилоту муаммоҳои навро низ зам мекунад: бехобӣ, тарбияи тифл, хастагӣ, таъминоти моддӣ, беморӣ ва ғайраҳо.

Сухани беандеша – сардии муҳаббат

 Ғурури беасос, сухани беандеша ва рафтори зишт боиси нохушӣ, ранҷиш ва сардии муҳаббат хоҳад шуд. Аз ин рў, ба зану шавҳар лозим аст, ки ҳини беморию хастагӣ нисбат ба якдигар ҳамеша ғамхор ва меҳрубон бошанд ва ҳаргиз дар назди фарзандон ба таҳқиру паст задани шахсияти якдигар даст назананд. Зеро падару модар барои фарзандон намунаи ибрат буда, бардошти худро хоҳ бад, хоҳ нек бошад, дар ҳаёти худ такрор менамоянд. Рафтори оқилона боиси афзудани ҳурмати тарафайн, муҳаббат ва тақвияти пояи зиндагиашон мегардад. Ҳалимию хайрхоҳӣ бояд пешаи зану шавҳар бошад. Пояи мустаҳкаму идомат, хушбахтию саодати оила-ҳамдилии зану шавҳар аст. Бе ҳамдилӣ, ҳамрозу ҳамраъйӣ, хайрхоҳу ҳамдарди ҳамдигар будан пояндагии оила имконнопазир аст. Зеро фарзандон бо тарбияи падару модар парвариш меёбанд ва аз онҳо сармашқ мегиранд. Духтар аз модараш дарси шавҳардорӣ ва писар аз падараш дарси зандорӣ меомўзад. Хонаводае, ки созгору меҳрубон бошад, фарзандон низ ғолибан созгору меҳрубон ва хушахлоқ хоҳанд буд, - қайд кард дар интиҳо С.Бобоҷонова.

 Дар анҷом: Дўстони азиз, биёед, кўшиш ба харҷ диҳем, ки аҳли ҷомеа ва алалхусус ҷавонон, оилаҳои солим бунёд намоянду ҳамарўза хушбахт бошанд, оилаҳо вайрон нашаванду решаҳои издивоҷашон мустаҳкам бошанд, давлатамон тавоною миллатамон сарбаланду пойдор, фарзандонамон солиму некбахт ва некному некрўз бошанд.

Воқеан, мавзўъҳое, ки дар маҳфилҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, гуногунмазмун буданд ва мо дар иншои хеш яке аз шохаи онро овардем ва боварии комил дорем, ки дар иртибот ба ин бахш гуфтаниҳо ҳастанд, ки нашрия бо беқарорӣ онро интизор аст, зеро «бо сухан пухта шавад хоми ҳама» гуфтаанд.

Тавҳида ҶЎРАЕВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh