Ба доди 25 000 аҳолии шаҳрак кӣ мерасад?

Агар аз шаҳри Хуҷанд то маркази ноҳияи Зафаробод, ки бештар аз 90 км роҳ аст, дар як соат бирасӣ, аз маркази ноҳия то шаҳраки Бахт, ки 27,6 км масофа дорад, якуним соат вақтро сипарӣ менамоӣ. Яъне, роҳеро, ки бояд аз шаҳри Хуҷанд то шаҳраки Бахт се соат рафта биёӣ, як рўз паси сар мекунӣ.

Роҳи автомобилгарди Зафаробод – шаҳраки Бахт дорои аҳамияти маҳаллӣ буда, сохтмони он соли 1970 оғоз ёфта, соли 1976 ба анҷом расонида шудааст. Роҳи мазкур ба аҳолии ду ҷамоати ноҳияи Зафаробод хизмат мерасонад, ки дар ин ҳудуд зиёда аз 25 ҳазор аҳолӣ истиқомат доранд.

 Солҳои 1985-1988 таҷдиди роҳ оғоз шуда, аз сабаби пош хўрдани Иттифоқи Шўравӣ таъмири роҳ ба анҷом нарасид. Аз ҳамон вақт то кунун боре ҳам рўйи таъмирро надидааст. Вақте аз ин роҳ дидан кардем, он асфалтҳои даврони шўравӣ рехташуда пора-пора дар рўи роҳ ба чашм мерасиданд.

Вақте бо сокини шаҳрак Темур Рашидов ҳамсўҳбат шудем гуфт, ки тўли чанд сол аст дар ин минтақа зиндагӣ дорем. Ин роҳ чандин сол аст, ки рўи таъмирро надидаву рафту омади сокинон ба маркази ноҳия хеле душвор аст. Мо - сокинони ин минтақа якчанд маротиба ба раиси ноҳия мактуб ирсол кардем ва, ҳатто, намояндагони мардуми ду ҷамоат ба қабулашон рафта, вазъияти ин роҳро фаҳмонданд. Аммо, ягон натиҷа надод. Соли 2015 бошад, дар тамоми воситаҳои ахбори умум эълон карда шуд, ки роҳи Зафаробод - шаҳраки Бахт таъмир мешавад ва огоҳӣ доштем, ки бо ин мақсад аз буҷаи Ҳукумати ҷумҳурӣ 3.5 млн. сомонӣ маблағ ҷудо гардида, он ба наздикӣ таъмир мешавад. Лекин соли 2017 наздик мешаваду ҳеҷ не ки кор пеш равад. Маблағ куҷо шуду таъмир канӣ? 50 солагии ноҳияи Зафарободро магар чунин пешвоз мегиранд?

Айни ҳол аз маркази ноҳияи Зафаробод ба самти шаҳраки Бахт роҳи мошингард хеле ташвишовар буда, имкони ҳар лаҳза рух додани ҳар гуна садамаи нақлиётӣ дар ин масир ҷой дорад. Вазъи роҳи мазкурро ин ҷо воҳима карданӣ нестем, вале замоне расида, ки Вазорати нақлиёт ва ниҳодҳои вобаста ба ин қитъаи роҳ ҷиддан таваҷҷўҳ намоянд.

Ҳарчанд тўли 25 соли даврони Истиқлолият аз вазъи ногувори роҳи мошингарди Зафаробод – шаҳраки Бахт мақолаву гузоришҳо дар ВАО-и давлативу хусусӣ нашр гардида бошанд ҳам, вале то кунун касе ба доди бедоди мардуми аз ин қитъаи роҳ истифодабаранда нарасидааст.

Бояд гуфт, ки ободонии роҳҳо омили муҳими рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба ҳисоб рафта, дар сурати пурра таъмир ва азнавсозӣ шудан он ба сатҳи болоравии некўаҳволии мардуми ин маҳал мусоидат мекунад. Итминони комил дорем, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Зафаробод, соҳибкорон, шахсони ташаббускор, хулоса ҳар як фарди ин сарзамини тоҷикон барои татбиқи ин ҳадафи муҳим дар соли равон саҳми худро хоҳанд гузошт.

Н.ТУРСУНОВ

Add comment


Security code
Refresh