Калонтарин бозор дар Осиёи Миёна
- Details
- Published on Friday, 08 July 2016 13:52
Дар Осиёи Миёна калонтарин бозоре, ки дар шакли пўшида сохта шудааст, бозори овозадори “Панҷшанбе” мебошад. Бозори мазкур аз тарафи шарқ бо мавзеи “Регистон”-и Хуҷанд, ки дар пешгоҳи масҷиди Шайх Маслиҳатдин воқеъ аст, пайваст буда, аз қисми ҷануб бо кўчаи Шарқ ва дар рў ба рўи «Афғонбозор» ҷойгир шудааст. Аз тарафи шимол бо маҳалли аҳолинишин ҳамсарҳад аст. Бозор дар маркази шаҳри Хуҷанд ҷойгир мебошад ва яке аз шукўҳҳои шаҳрдории ин марзи қадим ба ҳисоб меравад.
Аз тарафи ғарбу шарқи бозор ду дарвоза (даромадгоҳ)-и ба ҳамдигар хеле шабеҳ, ки намуди гунбазро доро мебошад, даромадгоҳҳои асосии сокинону меҳмонон ва тоҷирон мебошад. Сақфи даромадгоҳ аз гаҷкорӣ, гулкорӣ ва нақшу нигори миллӣ иборат буда, нигораҳои он аз ороиши миллии ниёгони мо дарак медиҳад. Чунин нақшу нигорро рассомон ва графологҳо ба навъи нақшу нигори ориёӣ мансуб медонанд. Зеро дар пайвасти нигораҳо ноаён метавон мушоҳида намуд, ки герби ориёиҳои қадима ба ҷилва медарояд.
Сохти дохилии он низ бо сутунҳои баланду боло ва сақфи кошинкории махсусу беназир, ки шакли «ҷўйбори чаппа»-ро дорост, сохта шудааст. Аҷобат дар он аст, ки пиромуни даври бозор аз ду ошёна иборат буда, мобайни бозор якошёна аст. Вақте кас аз ошёнаи дуввум ба маркази бинои бозор назар мекунад, бемалол шоҳиди равуо ва хариду фурўши сокинону тоҷирон мегардад.
Сохтмони бозори «Панҷшанбе» миёнаи солҳои 50-уми асри XX сурат гирифтааст.
Пирони рўзгордида нақл мекунанд, ки рўзи ифтитоҳи бозор ва нахустин рўзи савдову хариди тоҷирон ва сокинон ба рўзи панҷуми ҳафта, яъне рўзи панҷ-шанбе иттифоқ афтодааст. Аз ин рў, аз ҳамон лаҳза онро бозори «Панҷшанбе» ном бурданд.
Ин аст, ки тўли тақрибан 70 сол бозори мазкур дар Осиёи Миёна аз ҳама бозори калонтарини шакли пўшида эътироф мегардад.
Дар як сайри интернетӣ бардошти меҳмонони хориҷӣ аз бозори «Панҷшанбе»-ро агар ҷўед, ҳамаи меҳмонони хориҷӣ тақрибан тавсифҳои ҳаммонандро баён доштаанд, ки яке гуфтааст: - Дар дунё ин гуна бозори хушбў вуҷуд надорад. Дигаре баён доштааст, ки аз ҳама арзонтарин маҳсулоти хўрокворӣ бо шумули меваю сабзавот дар Осиёи Миёна, маҳз дар ҳамин бозор ба чашм мерасад.
Воқеан, агар назар кунем, дар Тоҷикистон аз ҳама маҳсулоти арзонтарин дар бозори «Панҷшанбе» фурўхта мешавад ва коршиносон боинсофтарин тоҷиронро, маҳз ба ин бозор ишораи ангушт менамоянд.
Сабаби хушбўии бозор аслан як асрори аҷиби сохтмонӣ дорад: - Сақфи бозор тавре бунёд ёфтааст, ки нурҳои офтоб ба дохили бозор намедароянд. Тавассути тирезаҳои бомии он рўшноӣ ва насими форам аз ду дарвозаи рў ба рўи ҳамдигар бемалол ба дохили бозор ворид мешавад. Ин аст, ки бо ин ваҷҳ бозори «Панҷшанбе» яке аз бозорҳои салқинтарини Осиёи Миёна низ ба ҳисоб меравад.
Маҳз, бо ин сабаб тамйизу нигоҳдории меваҷоту сабзавот шароити хубе дорад ва хушбўии бозор низ зери ин асрор нуҳуфтааст.
Таҳияи Шаҳноза Ҳомидова,
«Ҳақиқати Суғд»