Боздиди Раиси вилоят аз мавзеи Сексарӣ

Дирӯз, якшанбеи 29 май Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо сафари корӣ ба минтақаи Сексарии ноҳияи Деваштич ва шаҳри Истаравшан ташриф оварда, барои обёрии пурра ва истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои ин мавзеъ ба масъулин дастуру супоришҳо дод.

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар ин мавзеъ нахуст бо нақшаи обёрии мавзеи Сексарӣ ошно гардид ва тавре иттилоъ дода шуд, ҳамаи заминҳои корами ин мавзеъ тавассути пойгоҳҳои обкашии ноҳияи Зафаробод бо оби полезӣ таъмин карда мешуд. Дар машварати корӣ бо мутахасисон ҳамчунин манбаҳои  дигари обёрии заминҳои Сексарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ояндаи наздик, яъне пас аз анҷоми марҳилаи севуми кашидани хатти оби Даҳкатсой – Даҳанасой қисми муайяни об ба хоҷагидорони дашти Сексарӣ дастрас мешавад ва танқисии оби полезии ин минтақа ба пуррагӣ аз байн бардошта хоҳад шуд.

Дар назди пойгоҳи обкашии “Қизилӣ 4” - и ноҳияи Зафаробод Раиси вилоят бо  хоҷагидороне, ки асосан дар дашти Сексарӣ ба кишту парвариши зироату полезиҳо машғул ҳастанд, машварати корӣ анҷом дод.  Дар машварат муовини Раиси вилоят, раисони шаҳри Истаравшан, ноҳияҳои Деваштич ва Зафаробод, сардорони раёсатҳои кишоварзӣ, замин, об ва барқи ин навоҳӣ ширкат варзиданд.

Дар машварат муовини Раиси вилоят Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ оид ба вазъи кунунии истифодабарии заминҳои минтақаи Сексарӣ маълумот дод. Қайд карда шуд, ки заминҳои мавзеъи Сексарӣ ва Яхтани ноҳияи Деваштич ва шаҳри Истаравшан ҳамаги 5195 гектар, аз ҷумла, 3690 гектар корами обӣ, 1148 гектар лалмиро ташкил дода, заминҳои фонди махсус 777 гектар ва захираи давлатӣ 563 гектар мебошад. Ҳамаи ин заминҳо тавассути 40 адад хоҷагиҳои деҳқонии Истаравшану Деваштич мавриди истифода ва кишту кор қарор дода шуда, дар маъракаи кишти баҳорӣ дар масоҳати умумии 4050 гектар маҳсулоти кишоварзӣ кишт шудааст. Аммо мутаасифона боришоти зиёди моҳи май ва омадани сел боиси талафоти наздик 2000 гектар зироатҳои кишоварзии 19 адад хоҷагиҳо гардидааст. Ҳамчунин мувофиқи маълумотҳо хавфи холӣ мондани 1040 гектар замин дар ҳамин мавзеъ вуҷуд дорад.

Бояд қайд кард, ки бо дастгирӣ ва пуштибонии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ рӯ ба тараққӣ ниҳода, ҷиҳати пешрафти соҳа як қатор барномаҳои давлатӣ қабул ва мавриди татбиқ қарор дорад. Ин аст, ки давоми соли 2015 бо дастгирии Раиси вилояти Суғд  дар ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод 18 адад чоҳи амудӣ кофта шуда, боиси беҳтар гаштани ҳолати обрасонии 544 гектар заминҳои 36 хоҷагии деҳқонии ҷамоат гардидаст. Дар оғози соли 2016 бошад бо мақсади омодагии пойгоҳҳои обкашии ноҳия аз ҳисоби буҷети вилоятӣ 1 милиону 650 ҳазор сомонӣ ҷудо гашт, ки боиси ба пуррагӣ омода гардидани таҷҳизоти обрасонии ноҳия гардид. Ин тадбир ҳамазмон имкон медиҳад, ки тавассути пойгоҳҳои обкашии ноҳияи Зафаробод на танҳо заминҳои корами ноҳия инчунин тамоми мавзеъи Сексариро ба пуррагӣ бо оби полезӣ таъмин намуд. Дар идомаи мулоқот Раиси вилоят аз роҳбарони ҳамаи хоҷагиҳои деҳқоние, ки дар минтақаи Сексарӣ замини кишт доранд ҷиҳати ба пуррагӣ ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои мавҷуда пурсиш ба амал оварда, таъкид дошт, ки дар мавсими соли 2016 деҳқонони ин мавзеъ аз танқисии об азият нахоҳанд кашид. Дар ин раванд сардори идораи хоҷагии оби вилоят низ дар назди ҳозирин таъкид намуд, ки деҳқононро ба пуррагӣ бо оби полезӣ таъмин месозанд.

Ба ҳамин монанд сардори шабакаҳои барқи минтақаи Истаравшан низ таъминоти пойгоҳҳои обкаширо бо барқи доимӣ таъкид кард. Роҳбари вилоят ҳамчунин дастур дод, ки байни хоҷагиҳои деҳқонӣ ва хоҷагии об шартномаи тарафайн бояд ба имзо расонида шавад ва дар сурати талафоти маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳисоби нарасидани оби полезӣ хоҷагии об ӯҳдадор карда шавад, ки ҷуброни хоҷагидоронро ба пуррагӣ пардохт намояд. Ин пешниҳоди Раиси вилоят аз тарафи деҳқонон бо хушнудӣ пазируфта шуд. Дар идома Раиси вилоят таъкид дошт, ки хоҷагидоронро зарур аст бо истифода аз боду ҳавои мусоид ва вақти мавҷуда кишту корро вусъат бахшида, баҳри самараноку оқилона истифода бурдани ҳар ваҷаб замин ҷаҳду талош варзанд. Инчунин қайд карда шуд, ки соли равон бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ин се шаҳру навоҳӣ як қатор корҳои ободониву созандагӣ ба итмом расонида мешавад. Аз ҷумла, дар шаҳри Истарвашан кӯчаи марказӣ ба пуррагӣ чароғон ва яке аз кӯчаҳои ҳолаташ вазнини шаҳр азнавсозӣ мешавад. Роҳи мошингарди деҳаи Овчии ноҳияи Деваштич низ ба пуррагӣ таъмир гардида, дар ноҳияи Зафаробод Қасри фарҳанг ва якчанд роҳҳо таъмир карда хоҳад шуд.   Ҳамчунин ба муассисаҳои тандурустии минтақа дар доираи “Соли фарди солим” таҷҳизоти наву замонавӣ дастрас карда мешавад. Дар ин раванд кулли сокинонро зарур аст, ки бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин оила, маҳалла, деҳа ва шаҳру ноҳия баҳри вусъати корҳои обдониву созандагӣ бештар саъю талош варзанд.

Дар фарҷом Раиси вилоят таъкид дошт, ки ҳамаи ин иқдомҳои созандагиву бунёдкорӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда, ҳадаф беҳбуд бахшидан ба сатҳи зиндагонии мардум ва фароҳам овардани шароити муосиди зидагӣ ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар фароварди мулоқот чанде  аз сокинон барои дастгирии пайвастаи роҳбарияти вилоят арзи сипос намуда, ҳамзамон бо арзу дархости хеш ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ба Раиси вилоят муроҷиат карданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Add comment


Security code
Refresh