Омодагӣ дар сатҳи баланд

Тибқи Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкил намудани ҳавзаҳои раъйпурсӣ ҳавзаи раъйпурсии Панҷакент №30  муайян гардида, Қарори комиссияи ҳавзавӣ аз 25.03.2016 №5 «Дар бораи ташкили комиссияҳои участкавии раъйпурсӣ»   дар рӯзномаи шаҳрии «Зарафшон» аз 5 апрели соли 2016 №14-15 нашр гардид. Дар асоси Қарори ҳавза 136 комиссияҳои участкавии раъйпурсӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Ҳавзаи раъйпурсии Панҷакент№30  фаъолияти худро дар асоси Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба роҳ мондааст. То ба  имрӯз комиссия дар 5 ҷаласаҳои  худ оид ба тасдиқи Қарори Комиссияи Марказӣ,  тасдиқи рӯйхати тақсимоти  вазифаҳо ва навбатдорӣ,  тасдиқи озодкунии яке аз аъзоёни комиссияи ҳавзавӣ,ташкили гурӯҳҳои тарғиботӣ қарорҳо қабул кард. Бо иштироки намояндагони Комиссияи марказӣ ҷаласаи дастурдиҳӣ гузаронида  шуда, ҳамзамон маводҳои зарурии участкаҳои раъйпурсӣ дастрас гардонида шуданд.

Ҳафтае як маротиба ҷаласаи аъзоёни комиссияи  ҳавзавӣ гузаронида шуда, масъалаҳои омодагиҳои участкаҳо бонавбат муҳокима мешаванд. Дар ҷаласа нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ доир ба тайёрӣ ва гузаронидани раъйпурсии умумихалқие, ки аз ҷониби Комиссияи Марказӣ тасдиқ гардидааст, мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Инчунин, бо мақсади инъикоси ҳамаҷонибаи ҷараёни омодагӣ ва баргузории ин маъракаи муҳим семинарҳои дастурдиҳӣ гузаронида шудаанд. ӯтоқи кории ҳавза дар Кохи фарҳанги шаҳр ҷойгир буда, барои фаъолият ва омодагӣ мусоид мебошад, он бо тамоми воситаҳои зарурии техникӣ таъмин аст.

Шумораи райъдиҳандагон бо назардошти муҳоҷирон 136 313 нафар, бе дарназардошти муҳоҷирон 120 889 нафар,  бори аввал  райъдиҳандагон бошанд 3.337 нафарро ташкил медиҳанд. Бо онҳое, ки бори аввал дар ин маъракаи сиёсӣ ширкат меварзанд, дар ҳар як участка гӯшаи дастурдиҳӣ бо қоидаҳои умумӣ ташкил карда шудааст. Ғайр аз ин ҳар як участка рӯйхати ашхоси бемор ва маъюбро тартиб дода, барои райъдиҳии эшон чораҳои зарурӣ пешбинӣ кардааст.

Дар ҳар як участкаҳои райъдиҳӣ аз ҳисоби фаъолон, мутахассисони соҳаи ҳуқуқ, гурӯҳои тарғиботӣ ташкил шудааст. Бо воситаи «Симо-ТВ» силсилабарномаи «Конститутсия – роҳнамои миллат» ташкил карда шудааст.

Дар 14 ҷамоат ва 18 маҳаллаҳои шаҳри Панҷакент гурӯҳҳои корӣ фаъолият бурда, ба мардум зарурият ва моҳияти тағйиру иловаҳои Конститутсияро фаҳмонида истодаанд. Шиору овезаҳои сар то сари шаҳру деҳоти Панҷакент аз омодагии ҳамаҷонибаи мардум ва ҷонибдории эшон шаҳодат медиҳад.      

Бояд зикр намуд, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозои замон ва ҷомеа мебошад. Зеро маҳз такмили пайвастаи меъёрҳои Коститутсия рушди босуботи сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии ҷомеаро таъмин намуда, сарчашма ва заминаи асосӣ барои фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ва инкишофи озодонаи ҳар шахс мегардад.

Аз ин рӯ, ҳам дар назди комиссияи ҳавзавӣ ва ҳам дар назди комиссияҳои участкавӣ масъулияти хеле муҳим ва саривақтӣ бобати  дар сатҳи баланди сиёсӣ ва ташкилӣ гузаронидани Раъйпурсии умумихалқӣ меистад.

Дар навбати худ ҳавзаи райъпурсии Панҷакент№30 тамоми имкониятҳои мавҷударо баҳри иштироки бемайлони мардум равона  месозад, чунки дар ҳама чорабиниҳои сиёси мардуми сарбаланди Панҷакенти бостонӣ ҷонибдории хешро ҷавобан ба дастгириҳову ғамхориҳои доимии Пешвои миллат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд ва тарафдори сиёсати хирадмандонаи Сарвари хеш мебошанд.

Фотима РОФИЕВА,
ҷонишини раиси комиссияи
ҳавзавии Панҷакент №30

Add comment


Security code
Refresh