Тағйиру иловаҳо ба конститутсия рӯ ба сӯи пешрафт

Бо мақсади фаҳмонидани моҳият ва зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонуни) кишвар рӯзи гузашта дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии устодону омӯзгорон бо Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ахмедов Абдуҷаббор Ҷалолович ва Турсунова Гулбаҳор Нозирҷоновна доир гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд зимни суханронии хеш таъкид дошт, ки замона тақозо дорад, то меъёрҳои Қонуни асосӣ пайваста такмил дода шуда, ҷавобгӯ ба талаботҳои замона бошад.

Абдуҷаббор Ахмедов дар баромади хеш қайд кард, ки Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони миллали муттаҳид ва Созмони амнияти ҳамкории Аврупо буда, вазифадор аст, меъёрҳои қонунгузории хешро ба талаботи ин созмонҳои байналмилалӣ мутобиқ намояд. Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонуни) кишвар танҳо таклифу пешниҳоди вакилони мардумӣ нест, балки он бо хоҳиши сокинони ваҳдатшиори кишвар рӯи кор меояд. Ва мутобиқи он минбаъд дар мамлакатамон амал кардани ҳизбҳои сиёсии характери динӣ ва миллӣ дошта манъ карда мешавад.

Дар баромади Турсунова Гулбаҳор Нозирҷоновна таъкид шуд, ки зарурати дигари ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ ин бо ҳам мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни асосӣ ба истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад. Бештари тағйиру иловаҳо хусусияти таҳрири забонӣ доранд, зеро бо назардошти рушди забони давлатӣ ва қоидаи имлои забони тоҷикӣ баъзе истилоҳу ибораҳо иваз ва мукаммал карда шуданд.

Наим Маликисломов, раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд гуфт, ки барои миллати куҳанбунёди мо марҳилаи нави созандагиву бунёдкорӣ фаро расид. Зеро бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Консититутсияи кишвар сатҳ ва шароити зиндагии мардум куллан дигар хоҳад шуд. Муҳим он аст, ки дар шароити ҳассоси сиёсии ҷаҳонӣ мо бояд арзишҳои миллии худро ҳифзу пойдор боқӣ гузорем ва мамлакатамонро чун кишвари пешрафт ва дунявӣ ба ояндагон мерос гузорем.

Директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Дилафрӯз Сангинова низ зимни суханронии хеш қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош менамояд, ки ҳар чӣ зудтар сатҳу сифати зиндагии халқ баланд гардида, Тоҷикистони азиз боз ҳам ободтару зеботар гардад. Тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшаванда барои амалӣ намудани ин мақсади олӣ мусоидат мекунанд.

Миёни донишҷӯён ва меҳмонон атрофи бандҳои алоҳидаи тағйиру иловаҳо саволу ҷавоб сурат гирифт.

Дар фарҷоми чорабинӣ Раиси шаҳри Хуҷанд аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки бо донишу рафтори намунавӣ пештози ҷамъият бошанд ва дӯстону ҳамсафони худро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоянд.

khujand.tj

Add comment


Security code
Refresh