Зафаробод: 1877 нафар бори аввал дар раъйпурсӣ иштирок мекунанд

Вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гурӯҳҳои таблиғотии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шарҳи моҳият ва мӯҳтавои «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини раъйпурсии умумихалқӣ» ба ҳавзаҳои интихоботӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд  идома дорад.

Дар коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Ҷаббор Расулов, №16  бо иштироки бештар аз 300 нафар интихобкунандагон ба вуқӯъ пайваст. Ҷамъомадро муовини раиси ноҳия Меҳруддин Шарифов ифтитоҳ намуд.

Вакили тозаинтихоби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии №16 Баҳодур Акрамзода дар хусуси зарурат ва баъзе паҳлӯҳои тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зада, ҳозиринро даъват намуд, ки санаи 22 майи соли 2016 дар раъйпурсӣ фаъолона ширкат варзида, барои шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол раъйи худро диҳанд.

Мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин, дар Ҷамоати шаҳраки Равшан низ хотирмон сурат гирифт. Бошандагони деҳаи Ҳаёти нав  дар бораи нокифоягии оби полезӣ, таъмирталаб будани варзишгоҳи шаҳрак дархост пешниҳод карданд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзе қабл дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия узви гурӯҳи тарғиботии Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар, директори Институти такмили ихтисоси Донишгоҳи  миллии Тоҷикистон Абдухалил Ғафуров бо раъйдиҳандагон сӯҳбати пурмазмун доир карда буд.

Назар ба иттилои раиси комиссияи ҳавзавии раъйдиҳии Зафаробод, №38 Нуралӣ Шамсиев дар қаламрави ноҳия зиёда аз 37130 нафар раъйдиҳандагон ба рӯйхат гирифта шудаанду аз ҷумлаи онҳо 1877 нафар ҷавонон бори аввал дар маъракаи сиёсӣ иштирок менамоянд. Алҳол дар ҳамаи 22 участкаи раъйдиҳӣ корҳои тарғиботӣ доир ба маънидоди тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъати тоза мегирад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh