Одамият ин бувад!

Хидмати шоиста кардан бар Ватан,

Даргузаштан баҳри ў аз хештан,

Аз матои меҳр кардан пираҳан,-

                         Одамият ин бувад!

Абдурауф Муродӣ

Дар МТМУ №12 шаҳраки Адрасмон бо сармавзӯи «Ватанам-Тоҷикистон» машғулияти 93-умини маҳфили муштараку сайёр, илмию методӣ, амалию назариявӣ ва ҳуқуқию доимоамалкунандаи «Корвони маънавиёт» ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли 2016-«Соли фарди солим» баргузор гардид.

Сараввал  роҳбари маҳфил Акбаралӣ Усмоналиев роҷеъ ба нақшаву ҳадафҳои маҳфил ибрози андеша карда, роҳбарон ва нўҳ аъзои  зермаҳфилҳоро доир ба ҷараёни он тибқи нақша муваззаф намуд.

Дар саҳифаи «Минбари роҳбар» директори МТМУ №12 Улуғбек Ҳоҷаев аз фанни «Ҳифзи меҳнат»  дар доираи мавзӯи «Ташкили кор оид ба ҳифзи меҳнат ва бехатари аз сӯхтор дар МТМУ № 12»   бо мавзўи «Оид ба тартиб додани шиносномаи иҷтимоии МТМУ № 12» барои кулли шитирокчиёни маҳфил аз рўи таҷрибаи кории роҳбарии худашон дарси кушод гузаронд.

Иштирокчиёни маҳфил дар дарсҳои кушоди омӯзгорони муассисаи таълимӣ, аз ҷумла Гўзал Маматқулова (аз фанни математика), Дилфуза Тўйқулова  (аз фанни адабиёт), Маҳфират Ёрматова (аз фанни забони давлатӣ) ва Севара Нуритдинова (аз фанни ҳуқуқи инсон) иштирок намуданд. Дар фарҷоми тадрис дар атрофии дастовардҳои омӯзгорон ва паҳлӯҳои дарсҳои кушод мубодилаи афкор ба вуқӯъ пайваст.

Дар бахши «Имкон» Ўктамой Раҳмонова – собиқадори меҳнат, мушовири бойгонии шаҳр дар мавзўи «Аҳамияти нигоҳдории ҳуҷҷатҳои шахсии корманд дар ҳаёти минбаъдаи ў» баромад намуд. 

Дар поёни фаъолияти якрўзаи  «Корвони маънавиёт» директори МТМУ № 4 –уми шаҳраки Адрасмон Худойбердӣ Мирзоев аҳли нишастро ба машғулияти 94-умин «Корвони маънавиёт», ки санаи 12 октябри соли 2016 дар муассисаи мазкур баргузор мегардад, даъват намуд ва шукургузории давру замон, ифтихор аз Истиқлолияти давлати худ кард.

Дар машғулияти навбатии маҳфили «Корвони маънавиёт» собиқадори меҳнат, ходими ҳизбӣ ва давлатӣ, муовини раиси Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистони шаҳри Гулистон  Санавбар Нуруллоева  оид ба сиёсати давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаи маориф баромад кард.

Акбаралӣ Усмоналиев,
Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи
маорифи шаҳри Гулистони вилояти Суғд,
роҳбари маҳфили «Корвони маънавиёт»

 

Add comment


Security code
Refresh