Шакли бюллетени раъйпурсӣ тасдиқ гардид

Мувофиқи моддаҳои 17 ва 25-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ шакли бюллетени раъйпурсиро тасдиқ намуд. Дар бюллетени овоздиҳӣ матни лои-ҳаи Қарори ба раъйпурсӣ гузошташуда: «Оё Шумо тағйиру иловаҳоро ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мекунед?» ва ду тарзи ҷавоб: «ҲА» ва «НЕ» чоп карда шуда, ҳамзамон, дар он тартиби дуруст пур кардани ин ҳуҷҷати овоздиҳӣ дарҷ гардидааст.

Ин масъала имрўз зимни ҷаласаи навбатии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии раиси Комиссия Худоёрзода Бахтиёр Тавар баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ як зумра масъалаҳои муҳими омодагӣ ба баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокима гардиданд.

Инчунин, дар ҷаласаи Комиссия гузориши роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ А. Додозода оид ба ҷараёни иҷрои Нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ доир ба тайёрӣ ва гузаронидани раъйпурсии умумихалқӣ оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокима гардида, дар ин хусус қарори дахлдор қабул шуд.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба қарори худ «Дар бораи ташкил кардани комиссияҳои ҳавзавии раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳайати комиссияи ҳавзавии раъйпурсии Қўрғонтеппа тағйироти дахлдор ворид намуд.

Ҳамзамон, бо қарори Комиссия натиҷаҳои пешакии интихоботи миёнадаврии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рўзи 10 апрели соли 2016 дар ҳавзаҳои якмандатии интихоботии Фирдавсӣ №1 ва Ҷаббор Расулов №16 баргузор гардид, эълон карда шуд.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин ва Акрамзода Баҳодур Исмоилро ҳамчун вакилони интихобшуда аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботии зикршуда ба қайд гирифта, ваколати онҳоро тасдиқ намуда, ба онҳо шаҳодатномаҳои вакилӣ супурд.

АМИТ «Ховар»

Add comment


Security code
Refresh