Муҳофизати табиат-муҳофизати Ватан аст…

Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як вохӯриву баромадҳои пурмӯҳтавои худ, хоса ба насли ҷавони миллат таъкидан мегӯянд: «Тоҷикистон алҳақ як неъмати худодод, як мӯъҷизаи табиат, як порча биҳишти рӯи Замин аст. Мисли сарзамини мо табиати нотакрор, обҳои софу зулол, чашмаҳои шифобахш, кӯҳҳои сарбаланди дорои сарватҳои зеризаминӣ дар ягон гӯшаи олам нест – пас месазад, ки шукри ҳар як замини ҳосилхез бикунем ва ин ҳама дороияшро, ки сарчашмаи ҳаёти мост, ба наслҳои оянда ба мерос гузорем».

Ин суханони хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдатро мантиқан дарк намоем, ишора бар он аст, ки гузаштагонамон дарахт шинониданд, мо меваи онро хӯрдем ва ҷавобан ба ин заҳмати авлодони пешин мо низ дарахт шинонем, боғ бунёд кунем, ки меваҳои шаҳдбори онро наслҳои оянда истеъмол намоянд. Яъне шинониданд, хӯрдем, шинонем, ки хӯранд. Дар ҳақиқат, агар ба табиати зебои Тоҷикистон, боғу гулгаштҳо, ҷангалҳои табиии он, боғҳои доманакӯҳҳо, дар ду тарафи роҳҳо сабзидани дарахтони зиёди сӯзанбарг ва беду сафедорҳои ороишӣ, гулу гиёҳҳои шифобахши он назар афканем, ҳамаи ин сарсабзу хуррамиҳо бо меҳнату заҳматҳои зиёди деҳқонони асил, бобову бобокалонҳои мо, авлодони некноми мо ба вуҷуд омадааст ва чуноне дар боло ишора рафт, ба гуфти Пешвои миллат ин боигариҳоро оқилона истифода барем ва ба наслҳои минбаъда мерос гузорем.

Ман ҳамчун омӯзгори илми ҳаётшиносӣ (биология) солҳои зиёдест, ки бо як меҳру муҳаббати модарона ба фарзандон – шогирдони азизи худ муҳаббати зиёд доштан ба Ватан, ба табиати зебои он, ихлосу иродат, саодату рисолати ватандорӣ ва табиатдӯстиро меомӯзонам. Борҳо оид ба аҳамияти дарахт ва дарахтшинонӣ барояшон таъкидан гуфтаам. Дарахт барои инсон аз оғоз то охири ҳаёт лозим аст. Табиати нотакрор моро модарвор мехӯронаду мепӯшонад. Аз ин рӯ, мо омӯзгоронро, алалхусус, омӯзгорони  фанни биологияро зарур аст, ки ба шогирдон моҳият, аҳамият ва ҳифзи онро ҳамаҷиҳата фаҳмонем. Истеъмоли меваҳои шаҳдбори себ, нок, олу, зардолу, ангур, писта, бодом, чормағз, тут, хӯришҳои болаззат аз қабили кашниз, райҳон, занҷабил, помидор, бодиринг, карам, бехмевагиҳои сабзӣ, пиёз, картошка, лаблабу, шалғам, ки манбаъҳои асосии таъмини витаминҳо ба организми инсон мебошанд, чун маҳсули табиати нотакрор ва асоси тансиҳативу солимии инсон ба ҳисоб мераванд. Чунин таъминоти солимии инсон ба нигоҳдошти солимии наслҳо ва фардҳои солим, ки аз он ҷомеаи солим сарчашма мегирад ва ташаккул меёбад, барои ҳар як шахси покдилу покният ва насли инсон зарур мебошад.

Имрӯзҳо ки тавассути хизматҳои бузурги Падаронаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони соҳибистиқлол - Ватани азизамон ин қадар ободу зебо ва мулки дилписанду гулафшон гардидааст, аз ҳар як насли солимфикру солимақл талаби онро дорад, ки табиати зебои онро оқилона истифода бурда, чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд. Зеро ҳар як қатраи оби софу зулоли Ватан, ҳар як каф хоки муқаддасу дорои ганҷҳои Ватан, ҳар як гулу гиёҳ ва меваҳои шифобахши Ватан барои фарзандони азизи он неъмати бебаҳои табиат буда, барояшон чун ҷону дил азизу муқаддам мебошад.

Ҳамин аст, ки бузургон гуфтаанд:

Моҳӣ бе об, парранда бе ҳаво, ҳайвонот бе ҷангалу кӯҳсор, одам бе Ватан зиндагӣ карда наметавонад, яъне «Муҳофизати табиат муҳофизати Ватан аст».           

Табиат холиқу парвардигор аст,

Саногӯи сафои рӯзгор аст.

Табиатро бибояд пос дорем

Чу модар мо ба ӯ ихлос дорем.

Саиднисо Зарифова,
омӯзгори фанни биологияи гимназияи давлатии №1
ба номи Абдурасул Нозиров, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh