Милитсия хабар медиҳад!

шаҳри Конибодом: Куштори падар аз ҷониби писар

Дар ҳудуди вилоят боз як ҳолати ҷинояти одамкушӣ дар заминаи муноқишаи оилавӣ содир гардид. 21-уми марти соли равон, тахминан соати 20.00 дақиқа марди 30 сола, сокини Ҷамоати деҳоти Ортиқови шаҳри Конибодом дар хонаи истиқоматиаш дар ҳолати мастӣ бо падараш марди 54 сола муноқиша карда, бо воситаи бели хоҷагӣ ба узвҳои ҳаётан муҳими падараш, аз ҷумла мавзеи сар, гардан ва қафаси сина якчанд маротиба задааст, ки дар натиҷа падараш аз ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Оид ба ин ҳодиса бо моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда тафтишоти пешакӣ идома дорад.

ноҳияи Бобоҷон Ғафуров: Мусодираи маводи мухаддир

Кормандони Шуъбаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зимни коркарди ахбороти оперативӣ ва амалинамоии чорабиниҳои махсуси дастгиркунии шахсони ба хариду фуруши маводи мухаддир дастдошта ба натиҷаи назаррас ноил гардиданд. Милитсияи ноҳия зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷeӣ марди 37 сола, сокини шаҳраки Ғафурови ноҳияро, ки соли 2007 бо ҷурми ба муомилот баровардани маводи мухаддир суд шудааст, дастгир намуданд. ҳангоми кофтуков аз e ба миқдори 3 бастаи селофанпечи дорои маводи фишурдашудаи чоркунҷашакли бeи махсусдошта дарёфт ва мусодира карда шудааст. Ташхис муайян намуд, ки маводҳои мазкур мухаддароти навъи «ҳашиш» буда, вазни хосашон 12 кг 105 гр мебошад. Аз рeи далели мазкур нисбати дастгиршуда бо моддаи 200 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, корҳои тафтишотӣ дар самти муайян намудани дигар шарикони ҷиноии дастгиршуда давом дорад.

шаҳри Хуҷанд: Амалиёти махсус натиҷа дод

ҳафтаи сипаришуда кормандони милитсияи шаҳри Хуҷанд бо баргузории амалиёти махсус дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба муваффақият ва натиҷаи баланд ноил гардиданд. 27-уми марти соли равон кормандони Шeъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд зимни мушоҳидаву коркардҳои оперативӣ ва гузаронидани амалиёти махсус дар ҳудуди шаҳри Душанбе марди 55 солаи шаҳри Кeлобро, ки соли 2004 бо ҷурми нашъаҷаллобӣ суд шудааст, дастгир намуданд. ҳангоми кофтуков аз e ба миқдори 9 адад бастаи селофанин бо маводи ҷигарранги бeи махсусдошта дарёфт ва мусодира карда шудааст. Мувофиқи маълумотномаи Шeъбаи ташхиси криминалистии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд маводи мазкур воситаи нашъадори навъи «ҳашиш» буда, вазни хосаш 9 кг 04 грро ташкил медиҳад. Аз рeи ин далел нисбати дастгиршуда, бо моддаи 200 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Дар ин хусус тафтишоти пешакӣ бурда мешавад.

ноҳияи Бобоҷон Ғафуров: Расонидани зарари вазнин ба ҳамсар

Дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бар асари латукeб зан аз ҷониби ҳамсараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошт. Аниқтараш 26-уми марти соли равон, тахминан соати 19.00 дақиқа бо сабаби муноқишаи оилавӣ марди 29 сола, сокини Ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳия дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамсараш зани 24 сола ҷанҷол намуда бо корди хоҷагии дар дасташбуда як маротиба ба шиками охирон зада ҷароҳати вазнин расонидааст. Ташхиси судӣ-тиббӣ муайян намуд, ки ҷароҳати бардоштаи ҷавонзан зарари вазнин ба саломатӣ мансуб мебошад. Аз рeи ҳодисаи мазкур нисбати ин мард бо моддаи 110 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, гумонбаршаванда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

шаҳри Хуҷанд: ҳаракати бадахлоқона аз ҷониби фолбин

Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷeӣ як ҳолати ба сеҳру ҷодугарӣ, фолбинӣ ва гарму хунуккунӣ машғул шудани марди 61 сола, сокини деҳаи Учбоғи Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ошкор намуданд. Бар замми ин зимни мушоҳидаҳои оперативӣ муайян карда шудааст, ки ин марди сеҳркушо ва фолбину ҷодугар бо истифода аз боварии динии муроҷиаткунандагон нисбати онҳо ҳаракатҳои бадахлоқонаро анҷом медодааст. Чунончӣ, 28-уми марти соли равон зани 28 сола сокини шаҳри Хуҷандро дар хонаи истиқоматиаш қабул намуда, бо баҳонаи аз хонаи истиқоматии муроҷиаткунанда тоза намудани сеҳр ба шаҳри Хуҷанд-хонаи истиқоматии ин зан рафта, пас аз “дуохонӣ ва тоза намудани сеҳру ҷоду” бо охирон алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидоштаро анҷом додааст, ва дар ин лаҳза аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шудааст. Аз рeи далели мазкур нисбати дастгиршуда бо моддаи 142 иловаи 1 қисми 1  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳаракати бадахлоқона) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст ва тафтишот идома дорад.

ноҳияи Ашт: Худсаронаи ишғол намудани қитъаи замин

Милитсияи ноҳияи Ашт дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷeӣ як ҳолати худсарона ишғол намудани қитъаи заминро ошкор намуд. ҳангоми санҷиш муайян карда шудааст, ки марди 54 сола, сокини Ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳия моҳи декабри соли 2015 худсарона аз мавзеи заминҳои кишоварзии Хоҷагии деҳқонии “Зоир”-и деҳаи Қалами ноҳия ба масоҳати 91 метри мураббаъ қитъаи заминро ғайриқонунӣ ишғол намуда, хонаи истиқоматӣ сохтааст. Оиди ин ҳодиса бо моддаи 338 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (худсарона ишғол намудани қитъаи замин) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида ва тафтишот давом меёбад.

шаҳри Конибодом: Куштори амма

Ин дуюмин ҷинояти вазнин аст, ки дар ҳолати мастӣ дар даҳаи севвуми моҳи марти соли равон дар ҳудуди шаҳри Конибодом содир гардидааст. ҳодисаи мазкур 27-уми марти соли равон тахминан соати 01:00 дақиқаи шабона рух додааст. Дар ин вақт марди 41 сола, сокини деҳаи Ниёзбеки Ҷамоати деҳоти Э.Шарифов дар ҳолати мастӣ ба хонаи истиқоматии аммааш зани 62 сола, сокини деҳаи зикргардида омада, бе ягон сабаб ба вай, ки дар ҳолати беморӣ дар хонаи алоҳида хоб буд, дарафтода, ба болои бадани e бо зону нишаста, гулeяшро буғӣ карда, мавриди латукeб қарор додааст. Аз ин ҳолат писари аммааш бохабар гашта, онҳоро аз ҳам ҷудо карда марди дар ҳолати мастӣ қарордоштаро латукeб намудааст. Дар натиҷа ин зан ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ба Беморхонаи марказии шаҳри Конибодом бистарӣ гардид, ки 28-уми март, ҳамагӣ пас аз як рeзи ҳодиса аз ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш ба ҳалокат расидааст. Оиди ин ҳодиса нисбати ин мард бо моддаи 110, қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси фавти ҷабрдида гардидааст) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, гумонбаршаванда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД
дар вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh