Баҳои арзишманд ба Пешвои миллат

Изҳори сипоси мардуми сарбаланди ноҳияи Мастчоҳро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон мерасонам, зеро Сарвари давлатамон барои мо неъмати аз ҳама бебаҳотарин дар ҷаҳон ва чизи аз ҳама муқаддастарин барои инсон – сулҳу Ваҳдат, тинҷию оромӣ, меҳру садоқатро эҳдо намуданд. Ба ҷуз ин моро соҳиби давлати мустақили абадӣ, замини зархези аҷдодӣ, фарҳанги волои ориёӣ ва тамаддуни арзишманди байналмилалӣ гардониданд.

Арзишмандтарин баҳои миллати тоҷик баҳри подоши чунин хизматҳои арзанда – ин ба тавсиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» эътироф шудани Президенти мамлакат мебошад.

Боиси сипосгузорист, ки Ҷаноби Олӣ соли 2007 ба ноҳияи мо ташриф оварданд ва ба ҳидояту дастгириашон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барномаи рушди ноҳияи Мастчоҳ барои солҳои 2008-2015» қабул гардид ва баҳри беҳдошти зиндагии мардуми Мастчоҳ 23,9 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд.

Ба туфайли ин барнома дар маҳаллаҳои «Ҷавонӣ», «Сардоб» ва «Андарвашт» мактабҳои нави замонавӣ сохта шуда, бештари муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ, тандурустӣ, пойгоҳҳои обкашӣ ва шабакаҳои барқӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуд.

Мисоли ин гуфта дар партави бунёдкориҳои Президенти мамлакат, дар баробари бунёди шаҳракҳои «Бӯстон»-у «Гулистон» ва «Сайҳун» дар мо низ шаҳраки наве бо номи «Меҳробод» бунёд гардида истодааст.

Оҳистамоҳ ОДИНАЕВА,
сокини ноҳияи Мастчоҳ

Add comment


Security code
Refresh