Омилҳои бунёди ҷомеаи солим

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар аксар ҳолати фавти модару кӯдак сабабгор худи модарони ҷавон ва ё бепарвоии волидайну хешовандони онҳо мебошанд

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли гузашта таъкид карда буданд, ки Ҷомеаи солим аз насли солим ташаккул меёбад. Пешвои миллати тоҷик дар Паёми хеш аз афзудани кӯдакони гирифтори бемориҳои ирсӣ, ки аз ҳисоби никоҳи хешутаборӣ ба дунё омадаанд,  изҳори нигаронӣ карда гуфта буданд: «Дар миёни ҷавонон ҳолати никоҳи хешовандони наздик низ зиёд шуда, боиси таваллуди кӯдакони маъюб гардида истодааст. Имрӯз дар қаламрави кишвар қариб 13 ҳазор нафар кӯдакону наврасони маъюби то 18-сола аз ҷониби давлат нигоҳубин карда мешаванд». Сарвари давлат бо назардошти пешгирии ин раванди номатлуб соли 2015-умро «Соли оила» эълон карданд. Ба ҳамагон маълум аст, ки соли рафта дар доираи «Соли оила» маҷмӯи барномаву чорабиниҳои зиёде татбиқи худро ёфтанд ва «Соли оила» хеле босамару бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст гардид.

Соли равон бошад, дар пайравӣ ба ин иқдоми неки Пешвои миллат бо ташаббуси Раиси вилоят, мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ «Соли фарди солим» эълон гардидааст. Дар ин бора қарори махсуси Раиси вилоят иборат аз 8 банд ба тавсиб  расидааст, ки дар асоси он баҳри босамар гузаштани чорабиниҳо дар «Соли фарди солим» сохторҳои масъул ба таври мушаххас вазифагузорӣ карда шудаанд. ҳамзамон, тибқи ин қарор Барномаи вилоятии «Соли 2016-Соли фарди солим» иборат аз 3 фасл қабул ва Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба татбиқи ин Барнома таъсис ёфтаанд.

Тавре зикр мегардад, мақсади асосии Барномаи вилоятии «Соли 2016-Соли фарди солим» ба таъмини  иҷрои қарори ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №368 аз 2 августи соли 2010 «Дар бораи тасдиқи стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» ва беҳдошти сатҳи хизматрасонии тиббӣ, инчунин фароҳам овардани шароити аз лиҳози тиббӣ арзанда барои аҳолии вилоят нигаронида шудааст.

Қабл аз он, ки «Соли 2016-Соли фарди солим» эълон гардад, Раёсати тандурустии вилоят ҷиҳати муайян намудани таносуби фарди солим ва бемор пурсиши афкор гузаронида, маълум сохт, ки 26,4 фисади пурсидашудагон гирифтори бемориҳои музмин буда, 73,6 фисад худро солим ҳисобиданд. ҳиссаи гирифторони беморӣ бештар байни шахсони синну соли нафақа ва занон ба назар расид.

Воқеан ҳам, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди равона шудани қисми асосии буҷети вилоят ба соҳаи тандурустӣ  дар соҳа масъалаҳои ҳалталаби зиёде ҳастанд, ки зарурати эълон доштани «Соли фарди солим»-ро ба миён овард. Ин аст, ки ҳадафи асосии Барнома ислоҳи камбудиву нуқсонҳои соҳаи хизматрасонии тиббӣ, беҳдошти расонидани кӯмаки аввалияи таъҷилии тиббӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ аст.

Дар асоси нақшаҳои кории «Соли фарди солим» беҳдошту болоравии соҳаи тандурустӣ ба назар гирифта шуда, соли равон мебояд, ки соҳа бо мутахассисони соҳибмаълумот пурра таъмин гардад. Зеро, бино ба маълумотҳои расмии соли равон 164 нафар мутахассисони соҳибмаълумот дар соҳа намерасанд. Инҳо табибони оилавӣ, наврасон, табиби бемориҳои сироятӣ, табиби беҳискунӣ ва наҷот, дандонпизишку силшинос мебошанд.

Иловатан дар соли равон бунёди як қатор иншоотҳои тандурустӣ дар қаламрави вилоят ба нақша гирифта, аз буҷети вилоят барои ин корҳо зиёда аз 5 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Дар доираи татбиқи Барномаи «Соли 2016-Соли фарди солим» нақшаи махсус оид ба тарғибу ташвиқ таҳия шудааст. Солҳои охир таваҷҷӯҳи мардум ба воситаҳои ахбори оммаи электронӣ-телевизиону радио бештар шудааст. Аз ин лиҳоз, тибқи нақша 5 барномаи махсуси телевизионӣ таҳти унвони «Ғизои солим ва бехатарии маводҳои хӯрока», «Саломатӣ», «Варзиш ва саломатӣ», «Пешгирии беморӣ - беҳтар аз муолиҷа» ва саҳначаву новеллаҳои телевизионӣ оид ба соҳаи тандурустӣ таҳия ва пахш хоҳанд шуд.

Зарур медонам, ки фикру мулоҳизаҳои хешро роҷеъ ба вазъи имрӯзаи соҳаи тандурустӣ ва муносибати худи одамонро ба саломатиашон баён созам.

Мо, масъулони соҳаи тандурустии вилоят иқрор мешавем, ки мутаассифона, солҳои охир дар фаъолияти табибон ҳолатҳои беэътиноӣ ба муоинаи бевоситаи бемор, пурра риоя нагардидани нигоҳдории сирри тиббӣ, такяи бештар ба хулосаҳои ташхисӣ, муоширати нодуруст ва дағалона бо бемору хешовандони ӯ, бемасъулиятӣ ҳангоми интихоби усулҳои табобат, риоя нагардидани савганди ёднамудаи табибон ва  меъёрҳои Кодекси ахлоқи табибони Тоҷикистон ба назар мерасад. Ин вазъ зарурати баррасии масъала «Дар бораи рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми августи соли 2010 таҳти №368 «Дар бораи тасдиқи Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020»-ро дар Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи вилоят моҳи октябри соли гузашта ба миён овард. Баррасии ҷиддӣ, хусусан дастуру супоришҳои мушаххаси Раиси вилоят, мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ оид ба ислоҳи камбудиву норасоиҳо, бешак, ба манфати кор шуд ва чораҳои андешида аллакай натиҷаҳои худро дода истодаанд.

Дар ин радиф таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабабгори пастравии баъзе нишондиҳандаҳои соҳаи тандурустӣ дар баъзе ҳолатҳо, на танҳо аз масъулону мутахассисон, балки аз муносибати худи аҳолӣ ба саломатии хеш аст. Масалан, моро одат шудааст, ки баробари модар ё кӯдак дар таваллудхона фавтидан ҳатман духтуронро айбдор мекунем. Аммо, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар аксар ҳолати фавти модару кӯдак сабабгор худи модарони ҷавон ва ё бепарвоии волидайну хешовандони онҳо мебошанд. Мутаассифона, модарони оянда ба меъёру талаботҳои давраи ҳомиладорӣ, қабл аз ҳама, ба сари вақт аз муоинаи тиббӣ гузаштан чандон риоя намекунанд. Ҳол он ки дар се моҳи аввали давраи ҳомиладорӣ метавон дараҷаи хатари бемориҳои авҷгирандаро муайян ва нисбати пешгирии ҳодисаи номатлуб  чораҷӯӣ намуд. Гуфтаҳои худро бо як мисол тасдиқ мекунам. Соли рафта Шоира Ҳ. ном ҷавонзани 24-соларо аз шаҳри Гулистон дар ҳолати вазнин ба таваллудхонаи вилоятӣ оварданд. ӯро духтурон бо мушкилиҳо таваллуд кунониданд.  Аммо, тифлаш наҷот  ёфту дар ҳифзи Шоира  табибон беилоҷ монданд. Баъди ташхис маълум шуд, ки ӯ гирифтори касалии саратони ҷигар будааст. Албатта, андӯҳи пайвандонро ҳадду канор набуд, аммо касалӣ аз дараҷаи эътидол гузашта буд... Ин гуна ҳолатҳои ногувор бештар дар ноҳияҳои Ашту Зафаробод, Ҷаббор Расулову Деваштич, Бобоҷон Ғафурову, шаҳрҳои Хуҷанду Исфара  Истаравшан ва Панҷакент ба назар мерасанд.

Яке аз омилҳои муҳими таъмини саломатии мардум ва ба ин васила пешгирии ҳодисаҳои номатлуби тавлиди кӯдакони саломатиашон нуқсондошта тағйир додани мафкураи ҷавонон ва волидайни онҳо оид ба оқибатҳои никоҳи хешутаборӣ аст. Дар маълумотҳои омории Раёсати тандурустии вилоят даҳҳо санад оид ба оқибатҳои ногувори никоҳи хешутаборӣ қайд гардидаанду масъулони соҳа зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру навоҳии вилоят оиди масъалаи мазкур корҳои тарғиботию ташвиқотӣ мебаранд. Хусусан, ташкилоти вилоятии «Ташаккули тарзи ҳаёти солим» оид ба ин ва дигар масъалаҳои марбут ба таъмини саломатии мардум корҳои хубро ба роҳ мондааст. Дар нақшаи чорабиниҳои «Соли 2016-Соли фарди солим» низ ташкили аксияҳои «Дӯкони саломатӣ» ва «Дӯкони саломатии сайёр», барпо намудани конфронси илмӣ- амалии «Фарди солим» назардошт шудааст.

Воқеан ҳам, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди бурдани корҳои зиёди фаҳмондадиҳӣ дар баъзе минтақаҳо издивоҷи ҷавонони робитаи хешутаборӣ дошта то ҳанӯз ба назар мерасанд. Мутаассифона, ин зумра аз оқибатҳои амали нодурусти хеш андеша накарда, дар ҳолатҳои ногувори зиндагии хеш-фавти тифли навзод, гирифторшавӣ ба касалиҳои гуногун ҳатман табибонро гунаҳкор мекунанд. Ё ин ки насли калонсол пайвастани риштаи ҳаёти ҷавонони хешу таборро омили дур нашудани авлод аз якдигар меҳисобанд. Вақте аз оқибатҳои он ҳарф мезанед, одатан бо далелҳои «мӯътамад» сухани моро рад мекунанд. Аммо, илми генетика исбот сохтааст, ки дар аксар ҳолат никоҳи хешутаборӣ салоҳи кор нест. Ин аст, ки никоҳи хешутаборӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман минбаъд манъ хоҳад гардид.

Бояд тазаккур дод, ки яке аз роҳҳои асосии ташаккули ҷомеаи солим ин тақвияти заминаи тарзи ҳаёти солим, вусъат додани варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ аст. Боиси хурсандӣ аст, ки имрӯзҳо дар маҳалҳо оиди рушд додани тарбияи ҷисмонӣ чораву тадбирҳои зиёду мушаххас андешида мешаванд. Бунёд ва ба истифода додани майдончаҳои варзишӣ дар маҳалҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Хусусан, ин зуҳуроти нек дар маркази вилоят вусъати тоза гирифтааст, ки гуфтан мумкин анқариб дар рӯи ҳавлии тамоми биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ майдончаҳои варзишӣ барои бачагону наврасон сохта, ба истифода дода шудаанд, ки аз онҳо насли калонсол низ самаранок истифода мебаранд. Муҳимтар аз ҳама бунёди майдончаҳои варзишӣ на танҳо наврасону ҷавононро барои машғул шудан ба варзиш ҷалб мекунад, балки онҳоро аз рафтан ба роҳи хато, пайвастан ба ҳизбу ҳаракатҳои характери экстермистидошта эмин нигоҳ медорад. Иловатан, ҷиҳати оммавӣ гардонидани варзиш ва ба ин васила мусоидат кардан ба ташаккули тарзи ҳаёти солим, ташкил ва роҳандозии фаъолияти маҳфилҳои варзишӣ мувофиқи синну сол ба мақсад мувофиқ  аст.

Ҳамзамон, дар татбиқи самараноки Барномаи «Соли 2016-Соли фарди солим» на танҳо масъулони соҳаи тандурустӣ, балки дигар сохторҳои дахлдор муваззаф шудаанд, ки аз ҳамкории судмандашон изҳори умедворӣ дорем. Дар маҷмӯъ, иҷрои босифати Барномаи вилоятии «Соли фарди солим» баҳри беҳдошти ҳолати хизматрасонии муассисаҳои нигаҳдории тандурустӣ, таъмини онҳо бо техникаву таҷҳизоти замонавӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ мусоидат хоҳад кард.

Малика СИДДИҚОВА,
сардори шӯъбаи «Таҷдиди сохтори
муассисаҳои тандурустӣ
ва механизми нави маблағгузорӣ»-и Раёсати тандурустии
вилояти Суғд 

Add comment


Security code
Refresh