Оғози Ватан …

Ҳамин кӯча…

Оре, аз ҳамин кӯча, аз одамони он, аз ҳамин пайроҳа, аз ҳамин ҳавлиҳои назарногир Ватан ибтидо мешавад. Қалби ҳар инсон, ба кадом гӯшаи дунё наравад, боз ҳам кашоли обу хоки диёр, ҳамон кӯча, ҳамон роҳе аст, ки дар он гӯша тифлияш сипарӣ шуд, мардумонаш ба ӯ меҳр нисор карданд… Ва ҳар фард, ки сарзаминаш баҳри ӯ азиз аст, мехоҳад, барои ободии маҳалли зисташ каме бошад ҳам, нақши худро гузошта бошад… Хушбахтона, чунин инсонҳо дар ҷомеаи мо имрӯз бисёр шуда истодаанд. Ҳатто, мешунавем, ки аз шаҳру мамлакатҳои дуродур истода, баҳри ободии маҳалли зисти худ, зодгоҳи худ маблағи пасандоз мефиристанд, то сарзаминашон боз ҳам гулгулшукуфон ва шӯҳратманд гардад.

Мутобиқи қарори Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ аз 16-уми декабри соли 2015-ум № 546 соли 2016 «Соли маҳалла, деҳа ва шаҳраки обод» эълон гардидааст. Дар асоси ин қарор аз 18-уми январи соли 2016 қарори раиси шаҳри Хуҷанд оид ба гузаронидани озмуни «Маҳаллаи беҳтарин» ба тасвиб расид.

Дар ҳамин радиф аз оғози сол дар маҳаллаҳои шаҳр тадбирҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва дигар чорабиниҳо ҷӯшу хурӯши тоза гирифтанд.

 Дар рӯзҳои нахустини фарорасии мавсими баҳор сокинони бинои рақами 20-ум, кумитаи маҳаллаи Масҷиди Саври маркази вилоят хурсандии беҳадду канор доштанд: Бо ибтикор ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Хуҷанд, сокинони саховатманди бино ва кормандони мағозаҳои таҷҳизоти электрониву техникӣ симои бино, саҳни он, даромадгоҳҳо ба куллӣ дигаргун - ороставу пероста гардид. Боми бино шиферпӯш, бино, даромадгоҳҳо таъмиру тармиму рангубор карда, дар саҳни он ду айвони дамгирӣ барои сокинон сохтанд. Дар як гӯшаи бино ҳамчунин танӯр ва оташдон сохтанд. Барои аҳли бино, бахусус бачагон майдони варзишӣ бо фарогирии майдончаи бозиҳои футболи хурд, волейбол, баскетбол ба фаъолият шурӯъ кард. Саҳни бино пурра чароғон ва пайроҳаҳо мумфарш карда шуданд, атрофи он бо бештар аз 100 бех ниҳоли дарахтони сояафкан, 50 бех ниҳоли дарахтони мевадор ва зиёда аз 1000 адад гулҳои ороишӣ зеб дода шуд. Дар рӯзи ба таври расмӣ ифтитоҳбахшии иншоот сокинони маҳалла, аҳли бино эъҷози ҳунари дастони худро намоиш дода, суманак пухтанд, хони ҳафтсину ҳафтшин оростанд, бачагон бошанд, намоиши ҳунарҳои дастии худро пешкаши меҳмонон карданд.

Афкори солим - дар тани солим

Дар ин робита мудири шӯъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд Файзулло Мамадҷонов гуфт, ободкориҳои назди бинои «Кооператор» дар шаҳр ягона нест. Дар доираи эълон намудани озмуни «Маҳаллаи беҳтарин» дар 22 маҳаллаҳои маркази вилоят корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ, созандагӣ торафт авҷи тоза мегирад. То ин дам ҳамчунин дар маҳаллаҳои «Дӯстии халқҳо» (маҳаллаи 31, назди бинои №39), «Мевағул» (микроноҳияи 18-ум), назди бинои 8 майдончаҳои варзишӣ сохта, ба истифода дода шуданд, ки ба солимии рӯҳиву ҷисмонии сокинон, бахусус насли наврас мусоидат мекунанд. Ҷоиз ба зикр аст, ки имрӯз корҳои ободониву созандагӣ аксаран аз ҷониби соҳибкорон, сокинони саховатманди маҳаллаҳо сурат гирифта истодааст, ки боиси дастгирист.

Чорабиниҳои наврӯзӣ бошад, дар тамоми маҳаллаҳо дар сатҳи баланди омодагӣ бо шукӯҳу шаҳомат сурат гирифтанд. Аҳли маҳаллаҳои «Тути Калон», «Чорчароғ», «Бофанда»,     «Темурмалик» ба ин ҷашни мардумӣ омодагии пухта диданд. Дар чорабиниҳои наврӯзи байналмилалӣ, ки дар маҳаллаи «Дӯстии халқҳо» доир шуд, меҳмонон аз мамлакати Покистон, шаҳри Самарқанди ҷумҳурии ӯзбекистон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иштирок карданд.

Дилгарм ба хизмати Ватан

Сарвари кумитаи маҳаллаи Масҷиди Саври маркази вилоят Муҳаммадҷон Ҳоҷибоев мегӯяд, маҳаллаи онҳо дар аксар самтҳо пешқадам аст. Дар рӯзҳои Наврӯзи хуҷастапай ҳамчунин дар бисёр кӯчаҳои маҳалла, аз ҷумла ба номи Тошхоҷа Асирӣ, С.Вализода, А.Султонов бо иштироки васеи сокинон суманакпазӣ, оростани хони наврӯзӣ сурат гирифта, ин ҷашни миллӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда шуд.

Маҳаллаи Масҷиди Савр дар маъракаи даъват низ давоми чандин сол фаъол буда, соли 2015-ум нақшаи даъват сари вақт иҷро гардид. Имрӯзҳо низ, ки маъракаи даъвати баҳорона шурӯъ гаштааст, бо волидайни ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда шуда истодааст. Аз ҷумла, бо сокинони кӯчаҳои ба номи М. Мирбобоев ва С.Вализода бо иштироки собиқ корманди Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Иномҷон Маҳмудов бобати ба ҳифзу ҳимояи Ватан омода будани ҷавонон, шомил нагаштани онҳо ба ҳар гуна равияҳои номатлуб вохӯрӣ доир карда шуд.

Эҳёи ҳунарҳои миллӣ

Дар маҳаллаи Масҷиди Савр Маркази таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофӣ фаъолият мебарад. Ба ин Марказ номи Рассоми халқии Иттиҳоди Шӯравӣ, сӯзанидӯзи гулдаст Зулфия Баҳриддинова дода шудааст, ки ин бесабаб нест. Мақсад аз таъсиси марказ он аст, ки занону духтарон, чунон ки сокинони ин маҳаллаи қадимии шаҳр аз азал ҳунарваранд, ҳунарҳои мардумӣ, бахусус атласу адрасбофиро азхуд намоянд. Марказ дар кӯчаи ба номи Маҳмудҷон Исмоилов, дар бинои собиқ масҷиди Бобораҳим Оқсақол ҷойгир шуда, то ҳол бо роҳбарии раиси Шӯрои бонувони маҳалла Мавҷуда Ҳакимова 30 нафар занону духтарон ҳунар омӯхтанд ва соҳиби сертификат шуданд.  

Дар маҳалла барои солимии оилаҳо, бахусус оилаҳои ҷавон тадбирҳо роҳандозӣ мегарданд. Ҷоиз ба зикр аст, ки кумитаи маҳалла доимо серодам, ба қавле, умедгоҳи сокинон аст. Сокинон бо дарду ниёз, муаммоҳои худ муроҷиат мекунанд ва аз кӯмаку дастгирии доимӣ бархурдоранд.

-Аз оғози сол сокинони панҷ оила бо масъалаҳои муаммои оилавӣ муроҷиат карданд,- мегӯяд раиси кумитаи маҳалла. - Асосан ҷавонзанҳо бо масоили ҷанҷоли оилавӣ, хушунат муроҷиат кардаанд. Аз ҷумла, сокинони кӯчаҳои ба номи Маҳмудҷон Исмоилов, тангкӯчаи Эшони Шайдо муроҷиат намуданд, ки алҳол бо сарварони ин хонадон кор бурда шуда истодааст, то ки калонсолон ба мобайн даромада, ҷавононро ба муросо оранду оилаи ҷавон пош нахӯрад. 

Дар маҳалла бо роҳбарии Муҳаммадҷон Ҳоҷибоев, котиби кумитаи маҳалла Юнусҷон Юсуфов, кормандон Битоҷӣ Ҷӯраева, Лутфинисо Алиева, Раҳматҷон Бобоҷонов корҳо тавре ба роҳ монда шудааст, ки муҳити маънавии ҷомеа солим бошад, мардум ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ бештар ҷалб карда шаванд. Оила, ки рукни асосии ҷамъиятаст,  бояд солим бошанд.

Рафоат МӮЪМИНОВА

Add comment


Security code
Refresh