Сабабҳои таваллуд дар хона

Бемасъулиятии табибон ё бепарвоии модару хушдоман!

Давоми солҳои 2014-2015 дар миқёси вилоят 808 ҳодисаи таваллуд дар хона ба қайд гирифта шудааст. Нишондоди таваллуди хонагӣ дар ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Ғончӣ, Айнӣ ва шаҳри Панҷакент нисбат ба сатҳи вилоят баланд аст. Аз ҷумла, соли 2015 нишондоди мазкур дар ноҳияҳои Айнӣ-1,7 фоиз, Кӯҳистони Мастчоҳ - 31,7 фоиз, Ғончӣ 3,2 фоиз, Панҷакент-1,7 фоизро ташкил дод. Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ - дар деҳаи Иван-тоҷик ва Ҷамоати Лангар, ноҳияи Айнӣ - дар деҳаи Айнӣ, ноҳияи Ғончӣ - деҳаи Росровут, шаҳри Панҷакент - дар деҳаи Моғиён ҳодисаи таваллуди хонагӣ бисёртар ба қайд гирифта шудааст. - Сабаби баланд будани нишондоди таваллуди хонагӣ дар ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ ин дур будани маҳалҳои аҳолинишин аз таваллудхонаҳо аст, - қайд намуд зимни сӯҳбат сардори шӯъбаи Раёсати тандурустии вилоят оид ба ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак Индира Акмалхоҷаева.

Дар ноҳияи Ғончӣ таваллуди хонагӣ дар деҳаҳои Росровут, Угук ва Метк бисёртар ба назар мерасад, ки сабаби он дурии роҳ аз таваллудхонаҳо мебошад.

Ҳамчунин, сабаби зиёд будани таваллуди хонагӣ дар шаҳри Панҷакент ба муассисаи тиббӣ саривақт муроҷиат накардани занҳои ҳомила маҳсуб меёбад. Аз теъдоди занони дар хона таваллудкарда 86 фоиз такрорӣ мебошанд. Аз машварат бо ҳомилазанҳо бармеояд, ки бо сабабҳои дар боло зикршуда, яъне дурии таваллудхона ва босуръат ҷараёнгирии ба ҳаёт омадани тифл таваллуд дар хона ба амал омадааст.

- Барои пешгирии сатҳи таваллуд дар хона дар ин шаҳру ноҳияҳо оё ягон чораҷӯӣ мешавад?

 - Байни момодояҳои марказҳо ва бунгоҳҳои саломатӣ оид ба расонидани ёрии фаврӣ дар ҳолатҳои оризаҳои момоӣ ва бистарикунонии ҳатмӣ машварат гузаронида шуд. Дар ноҳияи Ғончӣ, хусусан деҳаи дурдасти Росровут, кормандони марказҳои солимии репродуктивӣ 3 маротиба якҷоя бо намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят байни фаъолзанон дар бораи тарзи ҳаёти солим, танзими оила ва оид ба паст намудани таваллуди хонагӣ машваратҳо гузарониданд.

Бино ба гуфти Башорат Шукурова, мудири шӯъбаи таваллуди Беморхонаи рақами 2-юми ноҳиявии Ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳар як зани ҳомила бояд дар вақти муайян дар қайди духтурони оилавӣ бошад. Барои солимии худ ва кӯдаки дарбатнбуда аҳамияти хоса зоҳир намояд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки бо дастгирии Раиси вилоят, мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ шароити таваллудхонаҳо сол аз сол беҳтар гардида истодааст. Бобати солимии модару кӯдак мо, табибон шабу рӯз барои аз ҳар гуна хавфҳо ва саломат тавлид ёфтани тифли навзод, бехатар таваллуд кардани зани ҳомила саъю кӯшиш дорем. Соли сипаригардида дар таваллудхонаи ҷамоат 782 нафар тифл таваллуд ёфта, аз онҳо 400 нафарашон писар ва 382 нафар духтар буданд. Дар соли 2015 қайди таваллуд дар хона 1 адад буда, сабаби ин таваллуди босуръат буд, ки баъдан дар таваллудхона бистарӣ карда шуд. Ҳангоми муроҷиат намудани зани ҳомила мо ба онҳо тавсияҳо дода, барои пешгирии чунин ҳолатҳо бо хушдоманон ва шавҳарони онҳо ҳамсӯҳбат мешавем. Барои аз хавфи бемориҳои дигар эмин нигоҳ доштани занони ҳомила маслиҳату тавсияҳо медиҳем, то ки ҳодисаҳои фавти модару кӯдак барҳам хӯрад. Хушбахтона, дар беморхонаи мо фавти модару кӯдак ба назар намерасад. Бигзор, аз ҳар як хонавода садои беғаши кӯдак ояд ва фарзандони солим ба воя расанд, - изҳор намуд табиб Шукурова.

М. Алиҷонова - сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ин бобат изҳор дошт:

 -Мехостам, хушдоманҳо ва шавҳарон барои нигоҳ доштани саломатии зану фарзанди хеш бетарафӣ накарда, бобати сари вақт ба духтури оилавӣ ва таваллудхона муроҷиат намудан мусоидат намоянд. Вақте ман дар нӯҳмоҳагии ҳомила будам, барои аз ташхис гузаштан ва назди табиби оилавӣ рафтан аҳли хонаводаам монеъа шуданд. Баъд аз ду рӯз гузаштан дар ман нишонаҳои таваллуд пайдо гардид. Вақте ки ба хушдоманам ин нишонаҳоро фаҳмонидам, он кас гуфтанд, ки барои таваллуд ҳоло барвақт аст. Бо маслиҳати дугонаашон маро ба таваллудхона набурданд, гӯё ки дарди ман пухта нарасида бошад. Ин сабаб гардид, ки ман дар хона таваллуд кунам. Ин ҳомиладории аввали ман буд. Баъдан бо мошини “Ёрии таъҷилӣ” ману фарзандамро ба таваллудхона бурданд ва дар қайд гузоштанд. Алҳол саломатии ману фарзандам хуб аст, аммо он рӯзҳоро ба ёд орам, дилам ба таппиш меояд.

Духтури Маркази солимии репродуктивии Маркази саломатии шаҳрии № 6 Муяссара Қайюмова: - Бояд ҳар зани ҳомила то 12 ҳафтаи ҳомиладорӣ дар қайди духтурони оилавии худ зери назорат бошад. Ҳар зан бояд то мӯҳлати 12 ҳафтаи ҳомиладорӣ аз муоинаи духтур гузарад. Баъд барои таваллуд иҷозат дода мешавад, то ки кӯдаки солим ба дунё ояд. Агар нишонаи ягон бемории вазнин муайян карда шавад, мумкин аст, ки барои таваллуд иҷозат дода нашавад. Дар ҳамин давраи соли 2016-ум як зан дар хона таваллуд кардааст, ки сабаби асосиаш саривақт нарасидан ба таваллудхона мебошад. Агар зани ҳомила бо ягон сабаб ба маркази солимгардонӣ омада натавонад, мо ҳамаи ташхисҳоро дар хона гузаронида, дар ду ҳафта як маротиба барои назорат меравем. Гардиши хонагӣ гузаронида, ба занҳои ҳомила барои равона намудан ба духтури оилавӣ маслиҳатҳо дода мешавад.

- Дар самти беҳдошти вазъи саломатӣ, тибқи қарори 600-ум, пардохт дар муассисаҳои тиббӣ дар ҳаҷм ва намудҳои зерин ба таври ройгон анҷом дода мешавад: таҳлили умумии хун-2 маротиба, таҳлили хун барои гемоглобин-3 маротиба, таҳлили хун барои ЭРВЕ-2 маротиба, таҳлили хун барои вируси норасоии масъунияти одам-2 маротиба, таҳлили умумии пешоб-2 маротиба, ташхиси пешоб барои муайян намудани сафеда-4 маротиба ва дигар ташхисҳо то мӯҳлати 12 ҳафтаи ҳомиладорӣ, - изҳор дошт духтур Муяссара Қайюмова.

Ба ин масъалаи муҳим набояд ҳам табибон, ҳам волидайн бемасъулиятӣ ё бепарвоӣ зоҳир намоянд. Зеро таваллуди фарзанди солим ва оилаи хушбахт тақозои замон аст.

Шаҳноза ҲОМИДОВА

Add comment


Security code
Refresh