Одам сагро мегазад вақте, ки…

Бо ҷурми афроди бетараҳҳум ҳайвонҳо ваҳшитар мешаванд…

Вақтҳои охир дар кӯчаву паскӯчаҳои шаҳру ноҳия ва деҳот тӯдаи сагони ҳарҷогарду бесоҳиб зиёд шудааст, ки онҳо аксар вақт тӯда-тӯда мегарданд. То ба ин вақт ҳамлаҳои зиёди сагони дайдуро аксарият дидаву шунидаанд. Гузашта аз ин, дар қатори тӯдаҳои бесоҳиби сагони ҳарҷогард сагҳои ҳорӣ (бешеннқе пси) низ ба қайд гирифта шудаанд.

Тибқи маълумоти дақиқ аз Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию коммуналии вилояти Суғд, дар моҳҳои январ ва феврал дар қаламрави вилояти Суғд 465 саги ҳории велгард нобуд карда шудааст.

Баҳриддинхӯҷа Нозимов, муовини сардори корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию коммуналии вилояти Суғд мегӯяд, барои аз байн бурдани сагони ҳорӣ ва дайдуву сироятёфта тибқи нақшаи муқарраршуда дар вилоят бо ҳамоҳангӣ ва ҳам-кории нозирони минтақа, шикорчиён ва кормандони идораи байтории шаҳру навоҳӣ рейдҳои махсус гузаронида мешавад.

-Тибқи амри Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ мо бо назардошти он ки дар қаламрави шаҳру навоҳии вилоят теъдоди сагони ҳорӣ ва бесоҳиб зиёд шудааст, ҳар моҳ ду-се маротиба рейд мегузаронем ва то қадри имкон сагони ҳориву ҳарҷогард несту нобуд карда мешавад. Масалан, моҳи марти соли равон охирин рейди мо дар ноҳияи Мастчоҳ ва шаҳри Истиқлол баргузор шуд. Дар шаҳри Хуҷанд бошад, ин амал алҳол идома дошта, ин гуна сагон безарар гардонида мешавад, - иброз дошт Баҳриддинхӯҷа Нозимов.

Аммо бо вуҷуди пеш гирифтани чунин тадбир дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят торафт теъдоди сагони дайдуву ҳорӣ ва бесоҳиб зиёд шудан дораду кам не. Ба дунболи ин, аксарият шаҳрвандон забон ба шикоят мекушоянд, ки чаро теъдоди сагони дайду вақтҳои охир рӯ ба афзоиш аст?

Тибқи иттилои расида ва мушоҳидаи шоҳидони ҳол, оқибати дайдушавии сагон то ба ҳаддест, ки дар баъзе тангкӯчаҳои шаҳру навоҳӣ ҳангоми убуру мурур кардани шаҳрвандон сагони бесоҳиб дар камин нишаста, ҳар лаҳза ҳуҷум менамудаанд, ки хеле даҳшатафзо будааст. Коршиносон чунин пешомади корро аз беаҳамиятии худи одамон ва зиёд бепарво шудани инсоният нисбати олами ҳайвонот арзёбӣ мекунанд. Метавон ба натиҷа расид, ки дар вуҷуди инсонҳо ҳисси тараҳҳуму шафқат кам шуда, нисбат ба муҳити зист бепарво гардад, ҳамон қадар ҳайвонҳо дар қиболи чунин пешомад ваҳшитар мешудаанд.

Коршиноси масъалаҳои иҷтимоӣ Қурбони Маҷид ба ин назар аст, ки вақте тараҳҳуми инсоният нисбати ҳайвонот кам шавад, ҳайвонҳо низ рӯ ба ваҳшоният оварда, хӯю хислати аҳлиашон (хонагиашон) ба даррандагӣ табдил меёфтааст.

-Агар ҳатто говро инсон аз хонааш ронад, торафт ин чорвои хонагӣ низ мисли як ҳайвони ваҳшӣ хислати хонагиаш ва унс гирифтан ба инсонияташро гум мекунад. Ба ин хотир, бахусус саг, ки як ҳайвони нахустини дӯсти инсоният ба шумор меравад, бо сабаби бетараҳҳумӣ ва бепарвогии инсонҳо ба ҳадди ифроти муносибат, яъне ба ҳорӣ ва девонагӣ рафта мерасад,-мегӯяд Қурбони Маҷид.

Шабонгоҳ вақте дар хиёбонҳои шаҳру шаҳрак ва деҳот гаштугузор менамоем, бараъло метавон ҳис кард, ки гӯё байни одамон ва сагон зиддият оғоз шудааст.

Бахусус, дар ҷойҳои камодам гаштугузор намудан хеле хавфнок шудааст. Маҳмудҷон Миров, сокини шаҳри Хуҷанд мегӯяд, ки ӯ бим дорад, шабонгоҳ фарзандонашро ба кӯча фиристад.

-Зеро метарсам, ки бо сагони дайду бархӯрд намудани фарзандонам маро ташвиш медиҳад, чунки аксари сагони дайду ҳорӣ шудаанду дар сурати газиданаш ҳаёти онҳоро зери хатар монондан намехоҳам,-мегӯяд ӯ.

Сокинони дигар низ дар сӯҳбат аз зиёд шудани сагони велгард изҳори нигаронӣ доранд. Бештари онҳо дар сӯҳбат иброз медоранд, ки рӯз то рӯз зиёдшавии сагони дайдуро мушоҳида кардаанд ва хавфи оқибати бади чунин пешомадро тахмин мезананд.

Қассобон-сарчашмаи бало

Тибқи гуфтаи сироятшиносон, зиёдшавии партови хуни қассобхонаҳо ба ҷойҳои камодам ва беэҳтиётии қассобон сабаби нахустини пайдоиши бемории ҳории сагон мегаштааст. Ин ҳолат торафт аз як саги ҳорӣ ба дигар сагони солим хавфи интиқол ёфтани вируси девонагиро доштааст.

Коршиносон мегӯянд, баъзе қассобҳо на фақат бефарқ, ҳатто хеле ифлосанд, ки баъди забҳи мол хуну узвҳои нолозимаи гову гӯсфандро ба мавзеъҳои беодам бурда мепартоянд. Ба ақидаи бештари ҳамсӯҳбатон, хусусан хуни ҳайвони забҳшуда, ки барои сагон мастӣ ва ҳолати ҷунунро меовардааст, торафт мисли инсони шаробхор онҳо низ хунхор шуда, як навъ одатӣ ва хислати тобеият ба хуношомӣ пайдо мекардаанд. Аз ин хотир, дар ҳолати ғайрисанитарӣ нигоҳдорӣ ва бурда партофтани хун дар таркиби он вирус пайдо шуда, сагонро ҳорӣ мекардааст.

Сабаби дигари ҳорӣ шудани сагонро мушоҳидони ҳол ба ғизоҳои дар партовҳо воқеъбуда рабт медиҳанд. Бешак, сокинон ба партов хӯрокҳоеро мепартоянд, ки мӯҳлати истифодаашон комилан гузаштаасту он ба саломатӣ зарари ҷиддӣ дорад. Суоли калидӣ низ ин аст, ки агар хӯроки мӯҳлати истифодааш гузашта ба саломатии инсон зарар дошта бошад, пас чаро ба саломатии ҳайвонон зарар надоштааст?

Тавре дар боло ишора кардем, сагони бесоҳиб асосан аз ғизои партовҳо ҳорӣ мешаванд, зеро хӯроки муназзам ва стандартӣ надоранд. Онҳо маҷбур мешаванд, ки хӯрокро дар партовҳо ҷустуҷӯ намоянд. Бештари хулосаи таҳлилгарони лабораторияҳо низ ба он ишораи ангушт менамояд, ки ғизои носолим, ғайристандарт, мӯҳлати истифодааш гузашта ва заҳролуд тамоми вуҷуди организми зинда, чи ҳайвон бошад ва чи инсоният, бемор мекардааст, ҳатто ба девонагӣ мебурдааст. Мутаассифона, аз ин хулоса сагон истисно нестанд. Онҳо низ девона мешаванд.

Сагони бесоҳиб-соҳибони шабонгоҳии шаҳр

Анварҷон Сангинов - духтури дараҷаи олӣ, иштирокчии симпозиумҳои байналмилалӣ оид ба беҳдошти ҳифзи саломатии сайёра, ки таҷрибаҳои зиёди кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонро дидааст, мегӯяд, дар Аврупо тақрибан сагони ҳорӣ вуҷуд надоранд. Аз рӯи гуфтаи мавсуф, дар аксари кишварҳои Аврупо махсус ҷойҳои ҷудокардашуда (изоляторҳо) вуҷуд доранд, ки сагони бесоҳибро он ҷо бонӣ мекардаанд.

-Дар мо, мутаассифона, бо сабабҳои объективӣ ин гуна ҷойҳои нигоҳдории сагони велгард вуҷуд надорад. Ба ин хотир, аксари сагони бесоҳиби шаҳрҳои мо бо сабаби нарасидани ғизоҳои солим маҷбур мешаванд, дар ҷустуҷӯи ғизо худро ба ҳар кӯча зананд. Онҳо бӯйи ғизоҳои партофташударо аз дур ҳам қобилияти шамидану дарк намудан доранд. Бинобар ин, иҷборан аз партовҳое, ки дар он хуну боқимондаи узвҳои забҳшуда, ғизоҳои мӯҳлати истифодааш гузашта ва умуман заҳролуд вуҷуд дошта шикамашон сер мекунанд, ки дар натиҷа худашон заҳролуд мешаванд. Ба якдигар ин гуна вирусро мегузаронанд, ки инро дар илми тиб вируси ҳорӣ мегӯянд,-зимни сӯҳбат иброз дошт Анварҷон Сангинов.

Ба гуфтаи Анварҷон Сангинов, агар нафареро саги девона газида бошад, ҳатто ба ҳолати марг бурда мерасонад.

-Барои як сӯзандоруи зидди саггазида 400-500 сомонӣ маблағ зарур аст, ки, мутаассифона, бо як сӯзандору вирус аз бадан дафъ намешавад. Ба ин хотир, ба таври мутадовим бояд сӯзандору ба бадани бемор гузаронида шавад. Як чизи дигарро бояд ба назар гирифт, ки агар нафари саггазидаро дертар ба муоинаи тиббӣ баранд, он нафар девона шуда, мисли саг аккос зада, ҳатто шабҳои маҳтобӣ уллос мекашад. Хӯю хислати саги газанда дар вуҷуди инсон пайдо мешавад. Инсон газанда шуда, атрофиёнро кӯшиши газидан мекунад, - мегӯяд зимни сӯҳбат Анварҷон Сангинов.

Аз рӯи гуфтаи пизишк Сангинов, аз 100 фисад танҳо 5 фисади онҳоро, ки саги девона газидааст, наҷот додан имкон дорад, аммо аксарият девона ва ё ба марги муфоҷо гирифтор мешудаанд. Ҳини сӯҳбат аён шуд, ки афроде,ки саги девона газидааст, на фақат ба инсонҳо ҳуҷум мекардаанд, ҳатто дигар ҳайвонотро низ кӯшиши газидан мекардаанд. Ҳатто чунин одамон сагро низ мегазидаанд.

Кадом раисони шаҳру навоҳӣ фориғболанд?

Бино ба далелҳои болоӣ, паҳну зиёд шудани сагони ҳорӣ сухани оддӣ набуда, балки ба як ташвиши рӯзмарра ва нигаронии ҷомеавӣ табдил шудааст. Суоли посухталаб ин аст, ки агар ҳолат нигаронкунанда бошад, пас чӣ омил монеаи аслӣ аст?

Баҳриддинхӯҷа Нозимов мушкили аз байн бурдани сагони ҳорӣ ва заҳролудро дар сари вақт ҷудо накардани маблағ аз ҷониби раисони шаҳру навоҳӣ маънидод мекунад, ки тибқи гуфтаи мавсуф, бояд ҳар сол аз ҳисоби буҷаи шаҳру навоҳӣ маблағи махсус ҷудо карда шавад.

-Тасаввур кунед, барои несту нобудкунии як саги ҳорӣ аз 71 сомонӣ то 121 сомонӣ маблағ масраф мешавад, ки дар шумули он ҳаққи шикорчиён, маблағи тир ва дигар хароҷот ба назар гирифта шудааст. Аммо, мутаассифона, аз ҷониби баъзе раисони шаҳру навоҳӣ бо гузашти се моҳ аз соли 2016 то ба имрӯз барои ин гуна рейд маблағ ҷудо нагардидааст,-мегӯяд Баҳриддинхӯҷа Нозимов.

Аз рӯи гуфтаи Нозимов бармеояд, ки имрӯз дар аксарият шаҳру навоҳӣ бо қарори махсуси раисони шаҳру навоҳӣ аллакай барои соли 2016 маблағ ҷудо гардидааст. Аммо аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳои Ашт, Панҷакент, Ғончӣ, Спитамен, Зафар-обод ва Истиқлол ҳанӯз маблағи зарурӣ ҷудо нагардидааст, ки як андоза барои гузаронидани рейдҳои несту нобудкунии сагони ҳорӣ ва бесоҳиб монеа эҷод менамудааст.

Фориғболии баъзе шаҳрдорони шаҳру ноҳияҳо боиси сари вақт безараргардонии сагони ҳорӣ мешавад, ки бояд дар ин самт чораҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешид. Вагарна дер мешавад…

Суоле ба миён меояд, ки дар қатори сагони бесоҳиб эҳтимоли сиҳату солим будани дигар сагон низ вуҷуд дорад, пас чаро онҳо низ парронида, несту нобуд карда мешаванд? Аз сӯҳбат бо коршиносон бармеояд, ки вақте сагони бесоҳиб бо сагони ҳорӣ як ҷо хӯрок мехӯранду ҳатто эҳтимоли алоқаи ҷинсиву зиёдшавии наслу газидани ҳамдигарашон вуҷуд дорад. Аз ин хотир, сагони бесоҳибро низ безарар гардонидан ба манфиати кор будааст. Яъне онҳое, ки ба сифати табиатдӯст даъво мекунанд, ки сагонро бераҳмона қир мекунанд, посух низ ин аст, ки эҳтимоли қавии мубтало шудан ба вируси саги ҳорӣ ба дигар сагони велгард бештар аст. Тавре дар урфият мегӯянд, барои «эҳтиёт- ними ҳаёт» ин гуна амал ҳеҷ зараре надорад.

Чанд пешниҳоди журналистӣ

Хулосаи ин бахш чунин аст, ки ҳолатҳои зиёди гирифторӣ ба бемории ҳории сагон аз хуни заҳролуд ва пур аз вируси партови қассобхонаҳо рух медиҳад. Ҷомеашиносон бо гила иброз медоранд, ки қассобон махсус ҷои гӯронидани хуну дигар партовҳои баъдизабҳиро имрӯзҳо тақрибан надоштаанд.

Аз ин рӯ, пешниҳод мешавад, ки бигзор масъулин дар рейдҳои махсус ҷои қассобхона ва баъдан ба куҷо бурда партофтани боқимондаи хуну дигар узвҳои ҳайвони куштаро мавриди назорати ҷиддӣ қарор бидиҳанд.

Партовҳо ва хизмати партовкашонӣ дар баъзе шаҳру навоҳӣ тақрибан ба таври дилхоҳ ба роҳ монда нашудааст ва коршиносон пешниҳод мекунанд, ки партовро дар як соати муайян ҷамъ карда, ба ҷое бурда сӯзонида шавад, ки ҳатталимкон сагони бесоҳиб аз вирус эмин боқӣ монанд.

Дар ҳамдастӣ бо хоҷагии коммуналӣ ва раёсати назорати байтории вилоятии Суғд махсус изоляторҳое созмон дода шавад, ки дар он сагони бесоҳибу велгард нигоҳбонӣ карда шавад. Вагарна бо қиру несту нобудсозии сагони бесоҳиб даъвои табиатдӯстдорон рӯйи кор меояд, ки бо ин роҳ низ метавон дигар сагони солими бесоҳибро аз хавфи гирифтории бемории ҳорӣ нигоҳ дошт.

Аз ҷониби раисони шаҳру навоҳӣ сари вақт, тибқи амри Раиси вилоят барои безараргардонии сагони бесоҳибу ҳорӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо карда шавад, ки дар ҳолати фориғболӣ ин хавфи ба гуфтан кӯчак, аммо дар асл хеле муҳим метавонад, оқибатҳои ҷиддӣ дошта бошад.

Вагарна, дар сурати фориғболӣ ва бепарвогии мо торафт сагони солими бесоҳиб низ мубталои бемории ҳорӣ шуда, дар ҷомеа хавфи зиёдеро ба дунбол дорад.

Набиюллоҳ СУННАТӢ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh