Саодати фарзанд дар ахлоқи ўст

Оила чун асоси ҷамъият дар ҷомеаи мутамаддин мақоми хоса дорад. Пойдорӣ ва устувории он асоси ҷомеаи солим аст. Чунонки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон қайд мекунанд, «Оилаи солим асоси ояндаи миллат аст». Давлат ва оила бо ҳам робитаи ногусастанӣ доранд. Мақоми оила дар ҳар давру замон барои муайян намудани сатҳи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва адабӣ нақши муҳим дорад.

 Кодекси нави оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси меъёрҳои Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи оила, никоҳ, модар, падар ва кўдак 13-уми ноябри соли 1998 таҳия гардидааст, шаҳодатномаи ғамхории давлат нисбат ба оила аст. Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо низомномаи Конвенсияи СММ «Дар бораи ҳуқуқи кўдак» ғанӣ гардонида шудааст.

Оила асоси ҷомеаи солим аст. Мисли он ки иморат аз хиштҳо иборат аст, давлат низ аз оилаҳо ташкил ёфтааст. Яке аз вазифаҳои муҳими оила дар назди ҷамъият ин таваллуди кўдак ва тарбия намуда, ба воя расонидани он аст. Фарзанд оиларо пойдор ва мустаҳкам намуда, қадру мақоми онро баланд бардошта, муҳаббат ва эҳтироми падару модарро таҳким мебахшад.

Дар тарбияи кўдак вазифаи волидон хеле муҳим аст. Онҳо вазифадоранд, ки ҳамеша кўдаконашонро аз бемориҳо муҳофизат намоянд. Кўдакро бояд аз хурдӣ бо навозиш ва меҳру муҳаббат ба воя расонд. Муносибати волидон ба тифл хеле муҳим аст. Вобаста ба ин ҳиссиёти кўдак мусбат ё манфӣ инкишоф меёбад.

Агар кўдак дар оилаи носолим ба воя расад, мафкурааш вайрон шуда, асабҳояш хароб мегар-дад. Дар ин муддат баробари нашъунамои ҷисмонӣ ақли кўдак низ инкишоф меёбад. Барои ҳар кўдак омўзонидани сухан гуфтан, бозӣ намудан ва инкишофи меҳру муҳаббат хеле зарур аст.

Инчунин, ба кўдак омўзонидани таронахонӣ, аз ёд кардани шеър, расмкашӣ зарур аст. Масъалаи тарбияи одоб ва рафтори мадании ҷавонон (насли наврас) дар ҳамаи давру замонҳо аз масъалаҳои мубрам ҳисобида мешавад.

Дар бораи масъулияти падару модар ва дигар шахсон, ки тарбияи кўдак ба ўҳдаи онҳост, мутафаккири бузурги мо, яке аз маъруфтарин донишмандони ҷаҳони ислом Имом Ғаззолӣ хеле хуб таъкид кардаанд, ки имрўз низ моҳияти худро гум накардааст: «Агар кўдак бар бадӣ тарбия ёбад ва мисли чорпо бидуни парастор фаро гирифта шавад, он гоҳ бадбахт гашта, ҳалок мешавад ва гуноҳ бар гардани тарбияткунандагон ва касонест, ки тарбияи ў вазифаи онҳо бувад».

Тарбияи одоб ва рафтори маданӣ бо тарбияи интизоми бошуурона зич алоқаманд аст. М.И.Калинин қайд карда буд, ки мафҳуми маданият (фарҳанг) ҳама чиз аз шустушўйи рўй то қуллаҳои охири фикри инсонро фаро мегирад. Дар ин маврид, пеш аз ҳама, мавқеи оила хеле муҳим буда, дар ояндаи таҳсилоти фарзандон масъул мебошад.

«Ҳама гуна санъат, аз ҷумла санъати тарбия ҳам мақсад дорад, ки ҷойи чизи табиат надодаро пурра намояд», гуфта буд мутафаккири бузург Арасту. Оре, дар тарбияи ахлоқ, одоби насли наврас, ҷавонон, пеш аз ҳама, падару модар мавқеи муҳим доранд.

Падару модар, ки аввалин тарбиятдиҳандагони кўдак мебошанд, бояд нишонаҳои меросиро дар шакли дуруст ба фарзандон фаҳмонанд, то ки идомадеҳи анъанаҳои нек бошанд. Насли ҷавон маданияти маънавии насли калонсолро қабул мекунад ва ба ташкили хислат, муносибат, аз ҷумла муносибати байниҳамдигарии хонанда ва донишҷў дар донишгоҳ таъсири бузург мерасонад. Аз ин ҷиҳат волидон ҳамеша бо донишгоҳ робитаи зич дошта бошанд ва бо ҷавонон кор баранд.

Дар бобати масъулияти волидон дар тарбияи фарзандон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд мекунанд: «Мо бояд як чизро амиқ дарк намоем: дар тарбияи инсон бештар аз ҳама оила нақш мегузорад ва ҷараёни ташаккули ҳамаи хислатҳои баду неки инсон аслан дар оила ибтидо мегирад ва бо дарки ин масъала падару модарон бояд масъулияти бузургеро, ки вобаста ба тарбияи фарзандон бар дўши онҳо меафтад, пурра эҳсос кунанд».

Мутобиқи андарзҳо ва таълимоти «Авасто», падару модар бояд тухми некиро дар тафаккури фарзанд ҳангоми тифлӣ ҷой намоянд ва фарзанди нексиришт тарбия кунанд, зеро хулқу атвори инсон маҳз замони тифлӣ шакл мегирад ва инсони хуб ва ё бад шудани ў ба тарбияи вай вобаста аст.

Оила мураббии аввалин, роҳнамои ҳаёт, асосгузори феълу атвори ояндаи ҳар як шахс аст. Дар оила инсон меъёрҳои ахлоқиро аз худ мекунад ва ба ҳаёти мустақилона омода мегардад. Дар оила волидайн бояд фарзандони худро чун шаҳрвандони асилу ҳақиқӣ ба камол расонанд, ба меҳнатдўстиву интизомнокӣ ва солимию бардамии онҳо эътибор диҳанд.

Тарбияи оилавӣ набояд насли наврасро аз олами атроф ҷудо кунад. Вай бояд бо ҳамсолон дар донишгоҳ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ якҷоя тарбия гирад ва ҳамкорӣ намояд. Падару модар бо омўзгорон якҷоя мунтазам кор баранд. Муаллим низ дар тарбияи фарзандон роҳбарӣ намояд, оила бошад, бо тарбияи худ пойдевори шахсро бунёд кунад.

Ҳам таълимгоҳ, ҳам оила дар якҷоягӣ ҳангоми фаъолияти хеш, дар рафти сўҳбату чораҷўиҳо бояд шароити зиндагӣ, бурдборию нуқсонҳои мавҷударо муайян созанд, дар бартараф сохтани онҳо кўмак расонанд. Инчунин, дар ташкили фаъолияти ояндаи ҳаматарафаи онҳо ташаббус зоҳир намуда, пешбарандаи кор ва раҳнамои ҷавонон бошанд.

Дар сурати бо хости худ амал кардани ҷавонон ё ин ки пайдоиши ҷиҳатҳои бадахлоқӣ дар онҳо омўзгор ва падару модарон кўшиш намоянд, ки ҳарчӣ зудтар усулҳои решакан кардани одатҳои бадро дарёбанд. Дар ин ҳолат ҳангоми фаъ-олияти онҳо бояд бо мақсадҳои маълум чораҳо андешанд. Барои аз роҳи бад даст кашидани онҳо мубориза баранд, роҳи ростро ибрат нишон диҳанд.

Дар маркази таълимоти ахлоқии Абўалӣ ибни Сино тарбия ва ташаккули ҳаматарафаи ахлоқии инсони комил меистад. Вай хулқу атвори инсон ва фазилатҳои ахлоқии ўро ба ирсият вобаста накарда, натиҷаи тарбияи дурусти фарзандро дар оила медонад. Ба ақидаи ў, ахлоқ маҳсули муҳими иҷтимоӣ буда, дар муносибатҳои байни одамон ташаккул меёбад. Мавзўи таълимоти ахлоқии Абўалӣ ибни Сино риояти тозагию озодагӣ, дўстию рафоқат, муҳаббату эҳтиром, илмдўстию илмомўзиро дарбар гирифтааст. Вазифаи ахлоқ омўзиши некию рафъи бадист. «Лекин одамӣ дар маърифати айбҳои худ зирак ва тезҳуш нест, балки кундӣ ва ғабоват ба харҷ медиҳад…», - гуфтааст Абўалӣ ибни Сино.

Ба ақидаи Шайхурраис, инсон аввал бояд дар ислоҳи нафси худ бикўшад, сиёсат ва тадбирашро ба кор бурда, хештанро солеҳ ва накў бинамояд ва, сониян, ба тадбири умри мардум машғул гардад.

Сардафтари адабиёти классикии форсу то-ҷик, Одамушшуаро Абўабдуллоҳ Рўдакӣ маз- муни кори тарбиявиро дар рубоии зерин возеҳ баён намудааст:

Чаҳор чиз мар озодаро зи ғам бихварад:
Тани дурусту хўйи неку номи неку хирад,
Ҳар он кӣ Эзидаш ин чаҳор рўзӣ кард,
Сазад, ки шод зияд ҷовидону ғам нахварад.

Оре, чор рукни муҳиме, ки боиси хушрўзиву беғамии инсоният, «тани дуруст», «хўйи нек», «номи нек» ва «хирад»-ро устоди бузург асоси хушбахтӣ ҳисобидааст. Мегўянд, ки инсон барои некӣ кардан ба дунё омадааст. Некӣ мисли чароғест, ки роҳи зиндагиро равшан намуда, аз беобрўӣ, худпарастӣ ва аз пастиҳо нигаҳ медорад.

Вазифаи аввалиндараҷаи аҳли ҷомеа, бахусус волидайну омўзгорон, ин бедор кардани ҳисси муҳаббати бепоён ба Ватан, эҳтиром ба таърихи гузаштаву имрўзаи вай, эҳёи арзишҳои миллӣ, бедор кардани ҳисси ифтихори миллӣ мебошад. Моҳияти омўзиши таълиму тарбияро дар одоби тарбия, бузургии инсон, ифтихор аз фалсафаву фарҳанги гузаштаамон ва омўзиши он гуфтори нек, рафтори нек, пиндори нек, сулҳу оштӣ, ободии Ватан, назари нек ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон бояд дид ва шинохт.

Аҳрорҷон УБАЙДУЛЛОЕВ,
устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Fафуров

Add comment


Security code
Refresh