Корҷўён бо ҷойи корӣ таъмин мешаванд

- Давоми соли 2024 аз ҳисоби шаҳрвандони бекоре, ки дар қайд мебошанд, ба 5020 нафар муроҷиаткунандагон барои касбомўзӣ аз рўи 38 номгўи ихтисосҳои мувофиқ ба талаботи бозори меҳнат роҳхат дода шуд. Айни ҳол шумораи бекорони дар қайдбуда ба ҳолати 18 декабри соли 2024 боз 6674 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 3395 нафар зан ва 4200 нафар ҷавонони синни 15-29 сола мебошанд, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон муовини сардори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят Наимҷон Тоҳирзода.

Давоми соли 2024 ба раёсат, шуъбаю бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 47106 нафар шаҳрванд муроҷиат намуд, ки 25015 нафар занон мебошанд. Дар ин давраи фаъолият аз ҳисоби муроҷиаткунандагон 31518 нафар ҳамчун корҷўй дар сохторҳои мақомоти давлатии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба қайд гирифта шуданд.

Соли 2024 аз ҷониби мақомоти давлатии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба 21023 нафар барои бо ҷойи корӣ таъмин шудан мусоидат карда шуд, ки ин нишондод ба 104,9 фоизи нақшаи солона баробар аст.

- Ҳамасола бо мақсади бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандоне, ки дар бозори меҳнат рақобат карда наметавонанд ва дар ҷустуҷўи кор душворӣ мекашанд, ҷойҳои кории холии пешакӣ бандшуда, яъне квота муқаррар мегардад. Нақшаи соли 2024 дар ин самт 2208 ҷойро ташкил дода, дар давраи ҳисоботӣ бо мусоидати мақомоти давлатии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо 2229 нафар аз ҳисоби квота бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд, ки 101 фоизи нақшаи барномавиро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, маъюбон, ятимон, шахсоне, ки аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои ҳарбӣ рухсат шудаанд, шахсоне, ки аз муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноӣ ё аз муассисаҳои табобати маҷбурӣ озод шудаанд, волидони яккаву танҳо ё шахсоне, ки дар тарбияашон кўдакони ноболиғ ва фарзандони маъюб доранд ва дигарон тибқи роҳхати мақомоти давлатии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба кор фиристода шудаанд, - гуфт Наимҷон Тоҳирзода.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳар моҳ аз ҷониби корфармоёни шаҳру ноҳияҳои вилоят ба мақомоти давлатии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҷойҳои кории холӣ пешниҳод мешавад. Дар мақомоти Агентӣ 4784 ҷойи кории холӣ аз ҷумла, дар соҳаҳои саноат 1344, кишоварзӣ 234, нақлиёт ва алоқа 135, сохтмон 18, савдо ва хизматрасонии маишӣ 225, хоҷагии манзилию коммуналӣ 452, нигаҳдории тандурустӣ 628, маориф ва фарҳанг 264 ва дигар соҳаҳо 1484 ҷой мавҷуд мебошад.

Самти дигари фаъолияти мақомоти давлатии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ин таъину пардохти кўмакпулӣ ба шаҳрвандони бекор мебошад. Давоми соли 2024 тибқи муқаррароти санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа ба 4036 нафар шаҳрванд ба маблағи 4 миллиону 10,4 ҳазору сомонӣ кўмакпулӣ пардохта шуд. Ҳисоби миёнаи кўмакпулӣ дар вилоят 993,7 сомонӣ мебошад.

Дар нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон доир ба паҳлуҳои гуногуни соҳа саволҳо пешниҳод карданд.

Ӯғулой ОЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh