Манфиати гази табиӣ ба фаъолияти соҳаҳои мухталиф
- Details
- Published on Monday, 02 December 2024 15:53
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамешагӣ баҳри он мекӯшад, ки зиндагии сокинони кишвар торафт беҳ гардад, ин аст, ки сол то сол амалишавии ҳадафҳои стратегии кишвар ва дар амал татбиқ гардидани барномаҳои давлативу соҳавӣ ба назар мерасад. Боиси қайд аст, ки алҳол дар ҳама самтҳои хоҷагии халқ дигаргуниву навоварӣ бо истифодаи технологияи муосир ва таҷрибаҳои давлатҳои мутараққӣ ба роҳ монда шудааст. Амали мазкур пеш аз ҳама дар самти соҳибкориву сармоягузорӣ васеъ ба роҳ монда шудааст. Таъсиси ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунанда, бунёди беморхонаҳои муосиру муассисаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва дар арсаи байналхалқӣ муаррифӣ гардидани кишвари тоҷикон ҳамчун кишвари мутараққиву пешрафта далели гуфтаҳои болоист.
Ба туфайли заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибати дӯстона барқарор ва сарҳадҳои байни ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар Тоҷикистону Ӯзбекистон кушода шуда, рафту омади шаҳрвандон барқарор гардид. Дар натиҷа шартномаҳои дуҷонибаи ҳамкории ду кишвар дар самтҳои мухталифи хоҷагии халқ баста шуда, соҳибкорон имконият пайдо карданд, фаъолияти худро ҷоннок созанд. Дар ин замина шартномаи тарафайн барои воридоти гази табиӣ ба вилояти Суғд низ мавриди амал қарор гирифт.
Ҷамъияти пӯшидаи “Суғдиёнгаз” фаъолияти кории худро дубора аз моҳи сентябри соли 2020 оғоз намуд. Ҷамъият барои таъминоти истифодабарандагон бо гази табиӣ дар мадди аввал қубурҳои зеризаминиро қисман таъмир ва барқарор карданд. Таъмир ва азнавбарқароркунии қубурҳои газии зеризаминӣ дар чор шаҳру навоҳии вилояти Суғд, аз ҷумла Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон ва Бобоҷон Ғафуров наздик ду сол идома кард. Ҷамъият соли 2021 якумин истифодабарандаи гази табиӣ ошхонаи оилавии “Фарзона” ва ҶДММ “Нонпази Хуҷанд” дар шаҳри Хуҷандро пайдо кард.
- Пас аз таъмири қубурҳои газии зеризаминӣ истифодабарандагон барои истифодаи гази табиӣ муроҷиат намуданд, дар он минтақаҳое, ки корҳои таъмир ба анҷом расида буд, муштариён ба фаъолият тариқи гази табиӣ оғоз карданд. То ба имрӯз 50 фоизи қубурҳои гази табии зеризаминӣ аз таъмир бароварда шуд. Дар навбати аввал маблағи воридшударо барои ободонии ҷамъият сафарбар кардем, зеро бино садамавӣ ва таъмирталаб буд. Ҳоло як қисми бино таъмир шудааст ва боқимонда зина ба зина аз нав барқарор ва таъмир хоҳад шуд. Боиси хушнудист, ки давоми фаъолияти худ ҷамъият истифодабарандагонро ҷалб карда, то ба имрӯз шумораи онҳо ба 185 нафар расидааст. Истифодабарандагони гази табиӣ пеш аз ҳама корхонаҳои истеҳсолии саноатӣ, буҷавӣ, коммуналӣ ва маишӣ мебошад. Ҳоло беш аз 40 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла ҶДММ “Таҷпроф”, ҶДММ “Файзи Расул”, ҶДММ “Ҳаловати Суғд”, ҶДММ “Фархунда”, ҶДММ “Арча мебел”, ҶДММ “Афзалиён”, корхонаи фаръии гидрометаллургии шаҳри Бӯстон, ҶДММ “Титан – 8888”, ҶДММ “25 солагии Истиқлолият”, ҶДММ “Сифати ширин”, ҶДММ “Анко инвест” ва дигарон истифодабарандагони гази табиӣ мебошад, - гуфт директори ҶСП “Суғдиёнгаз” Илҳомҷон Орипов.
Боис ба қайд аст, ки корхонаҳои саноатӣ асосан барои фаъолияти истеҳсолии худ аз гази табиӣ васеъ истифода мебаранд. Яъне, талаботи гази табиӣ на танҳо барои таъминоти гармӣ, балки барои истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ истифода бурда мешавад. Аз ҷумла, корхонаи саноатии ҶДММ “Таҷпроф” ҳанӯз аз соли 2019 бо истифода аз гази табиӣ маҳсулоти худро истеҳсол мекунад. Ҷамъият бо истеҳсоли профилҳои алюминӣ барои дару тиреза ва дигар маҳсулоти сохтмонӣ машғул аст. Маҳсулоти корхонаи мазкур на танҳо дохили кишвар, балки берун аз онро таъмин мекунад, яъне маҳсулоти истеҳсолӣ содиротӣ буда, аллакай мавқеи худро дар бозори дохилӣ ва берун аз он пайдо кардааст.
- Бо ширкати ҶСП "Суғдиёнгаз" аз моҳи феврали соли ҷорӣ оғоз карда, шартномаи ҳамкорӣ дорем. То ҳамкорӣ бо ин ширкат аз хизматрасонии ҶСК "Тоҷиктрансгаз" истифода мебурдем. Гази табиӣ барои истеҳсоли маҳсулот зарурӣ буда, асосан барои таъмини хатҳои технологии истеҳсолии профилҳои алюминӣ истифода бурда мешавад. Дар давоми нӯҳ моҳи соли равон дар корхонаи мазкур ба андозаи 1060,4 ҳазор метри кубӣ гази табиӣ истифода бурда шудааст. Дар ин замина гази табиӣ қисман барои гарм кардани биноҳо дар фасли сармо низ истифода бурда мешавад, - гуфт корманди корхонаи ҶДММ “Таҷпроф” Аҳрор Бобоалиев.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки ба ҷуз корхонаҳои саноатӣ, ҳамчунин соҳаи парандапарварӣ, соҳибкорони инфиродӣ, марказҳои хизматрасонии маишӣ, сехҳои қаннодӣ, нонпазӣ, ҳамчунин муассисаҳои бонкӣ, коллеҷу марказҳои саломатӣ, муассисаҳои мактабиву томактабӣ аз гази табиӣ истифода мебаранд.
Маъмурияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28 – и шаҳри Хуҷанд низ аз соли 2023 аз гази табиӣ истифода мебарад. Муассиса асосан барои гарм кардани синфхонаҳо дар фасли сармо гази табииро истифода мебарад.
- Барои дар сатҳи зарурӣ паси сар кардани фасли сармо дар муассисаи таълимӣ ба ҷуз захираи ангишту ҳезум ду деги гармидиҳӣ дар буғхона дар ҳолати коршоямӣ қарор дорад. Тибқи нақшаи барномаи рушди дурнамои муассиса бо мувофиқа бо ҶСП “Суғдиёнгаз” шартнома баста шуда, дар давоми се моҳ ҳамаи корҳои техникӣ ба анҷом расонида шуда, ба буғхона гази табиӣ гузаронида шуд ва санаи 20 – уми сентябри соли 2023 ба фаъолият шурӯъ намуд. Айни ҳол як деги буғхона бо иқтидори миёна истифода шуда, деги дуюм дар ҳолати захиравӣ нигоҳ дошта шудааст.
Ҳолати гармидиҳӣ дар синфхонаҳо муътадил ва ҳарорати синфхонаҳо аз 23 то 26 дараҷа нигоҳ дошта мешавад. Бо ҶСП “Суғдиёнгаз” ба миқдори умумии 37000 метри кубӣ барои истифодабарии гази табиӣ шартнома баста шудааст. Рафти мавсими зимистонгузаронӣ дар муассиса мувофиқи нақша – чорабинии тасдиқшуда ба талабот ҷавобгӯ мебошад, - гуфт директори муассисаи мазкур Роҳат Мавлонова.
Ҳамчунин мавсуф қайд кард, ки тариқи гази табиӣ гарм кардани синфхонаҳо мувофиқи мақсад аст, зеро ҳама ҷо тозаву озода нигоҳ дошта мешавад. Дар муассиса асосан 18 синфхона ва кабинетҳои фаннӣ гарм карда мешаванд. Хонандагон низ дар синфхонаҳои гарм бе мушкилӣ барномаи давлатии таълимиро азхуд мекунанд. Алҳол дар муассиса 52 омӯзгор ва 993 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
- Дар яке аз ҷаласаҳо Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар бобати таъминоти муассисаҳои табобативу таълимӣ ва дигар соҳаҳои муҳим таъмин кардан бо гази табиӣ дастуру супориш дода буданд. Аз ҷониби ҷамъият барои ҳамкорӣ ва бастани шартномаи нав муаммое вуҷуд надорад. То қадри имкон кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки муроҷиаткунандагонро ба гази табиӣ таъмин кунем. Мо кӯшиш бар он дорем, ки солҳои наздик ҳаҷми воридоти гази табииро зиёд кунед. Ҳоло ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Спитамен низ барои истифодаи гази табиӣ муроҷиат кардаанд, вале иқтидори мавҷудбуда нокифоя аст. Дар давоми 9 моҳи соли равон ба миқдори 5 миллиону 638 куб гази табиӣ ворид гардид, ки ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 215 ҳазор метри кубиро ташкил карда буд, - гуфт Илҳомҷон Орипов.
Бино ба иттилои масъулини Сарраёсати омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар давоми нӯҳ моҳи соли 2024 дар маҷмуъ воридоти нафт ва маҳсулоти нафтӣ 238,1 ҳазор тонна ва гази нафтӣ 146,2 ҳазор тоннаро ташкил додааст. Воридоти маҳсулоти мазкур асосан аз давлатҳои Россия, Қазоқистон, Чин ва Ӯзбекистон ба роҳ монда шудааст. Боиси таъкид аст, ки дар ҳолати зиёд гардидани воридоти гази табиӣ ба вилоят сокинон дар самтҳои муҳими зарурӣ онро ба таври васеъ истифода хоҳанд кард ва дар ин замина дар фасли сармо бо истифодаи он мушкилоти захираи ангишту ҳезум кам хоҳад гардид.
Шаҳбону ОЛИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”