Дар соҳили Сирдарё тарабхонаи замонавии «Форел» бунёд карда мешавад
- Details
- Published on Monday, 11 November 2024 11:37
10 ноябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо лоиҳаи тарабхонаи замонавии «Форел», ки дар соҳили рости дарёи Сир сохта хоҳад шуд, шинос гардид.
Тарабхонаи замонавии «Форел» дар доираи корҳои омодагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад.
Бо назардошти минтақаи хуби истироҳативу сайёҳӣ будани мавзеъ соҳибкорон тасмим гирифтаанд, ки тарабхонаи брендӣ ташкил намуда, ба сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд хизмат расонанд.
Раиси вилоят бо лоиҳаи пешакии тарабхонаи брендии «Форел» шинос гардида, барои такмилу таҳрири он, тозаву озода нигоҳ доштани соҳили дарё, бартарафсозии иншооти нолозим, таъмиру тармими тайёраи «ИЛ-18», ки дар ин мавзеъ қарор дорад, ба роҳбарияти шаҳр ва соҳибкорон супоришҳо дод.
Сипас, роҳбари вилоят дар шаҳри Хуҷанд аз ҳоли ду нафар собиқадори меҳнат хабар гирифта, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд