Зиндагӣ маҷмўаи бешу камист

Оила мураббии аввалин, раҳнамои ҳаёт, асосгузори феълу атвори ояндаи ҳар як шахс аст. Дар оила шахс тарбия ёфта, меъёрҳои ахлоқиро аз худ мекунад ва ба ҳаёти мустақил омода мегардаду ба камол мерасад. Оилаи навташкили имрӯза, ки асосан дар асоси муҳаббати тарафайн ба вуҷуд меояд ва муносибати зану шавҳар дар асоси баробарҳуқуқии пурра ба вуҷуд омада, муносибати зану шавҳар ва дигар аъзои оилаю фарзандонро иззату эҳтиром, самимият, ғамхорию дилсӯзӣ ба ҳамдигар ташаккул медиҳад.

Бештари оилаҳои тоҷикон анъанаҳои неки оилавии аҷдодиро нигоҳ дошта, аз рӯи он амал мекунанд. Пирони рӯзгордида, аз пастию баландиҳои ҳаёт гузашта, талхию ширинии ҳаётро чашида, ба оилаҳои ҷавону навташкил сарварӣ менамоянд. Таҷрибаи бойи ҳаётии онҳо имкон медиҳад, ки дар лаҳзаҳои мушкили зиндагӣ ба ҷавонон маслиҳатҳои судманд диҳанд. Дар мавриди оиладорӣ, муносибатҳои байниҳамдигарии ҷавонон, омилҳои хушбахтии оиладорон, сабабҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва дигар масъалаҳои марбут ба оиладорӣ суҳбате доштем бо чанд нафар, ки манзури шумо мегардонем.

Наргиса Бобоҷонова – равоншинос, хатмкардаи факултаи психиологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров:

-Имрӯз сари ҳар қадам калимаи хушунатро мешунавем. Дар зиндагӣ оилае нест, ки байни аҳли хонавода нофаҳмию моҷаро сар назада бошад. Аммо бояд донист, ки ҳама гуна ҷанҷоли оилавӣ хушунат шуда наметавонад. Калонсолон ҳикмате доштанд: «Сирри хонаатро ба кӯча набарор». Ин ҳикмат дар аксари хонаводаҳои тоҷик имрӯз ҳам побарҷост, аммо ҳастанд нафароне, ки оддитарин моҷарои зиндагиашонро хушунат ном бурда, «сирри хонаро ба кӯча мебароранд». Бояд гуфт,  ҳар эроди хушдоман хушунат шуда наметавонад. Охир, маҳз ҳамин эродҳои дилсӯзона моро метавонад ба як бонуи хушрӯзгору ороста бадал созад. Сабру таҳаммул калиди дари хушбахтиҳои ҳар оила аст. Бояд донист, ки хушдоманҳои имрӯза ҳам андаке аз имкониятҳои замони соҳибистиқлолӣ бархурдоранду ба арӯс низ имконият фароҳам овардаанд, то аз онҳо бархурдор бошад.  Моҷароҳои хурди оилавӣ, нофаҳмиҳои андаки байни зану шавҳари ҷавон набояд сабабгори ҷудошавии оилаҳо гардад.

Руқия Шерматова – собиқадори меҳнат аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров:

- Чанд сол қабл барои набераам арӯс фаровардем. Ба зиндагии ҷавонон нигариста ҳавас мекардам ва ҳамарӯза даст ба дуо мебардоштам, ки ҳаёташон то охир хуш гузарад. Набераам баъди хатми мактаби олии пойтахт давоми як сол адои хизмати Модар – Ватан дошт ва мунтазам омада аҳли оилаашро хабар мегирифт. Давоми ин муддат оилаи ҷавон соҳиби фарзанди дӯстрӯе гардиданд. Тавлиди фарзанд ба хонадон файзи дигаре овард. Писараки навтавлид аз даст ба даст мегузашту азизи падару модар, бобою бибӣ буд.

Аммо муносибати арӯсамон Малика  дар ин муддат бо аҳли хонавода тағйир ёфт. Азбаски аҳли оилаи арӯс одамони аҳли фаҳм ва ба қавле «хондагӣ» буданд, Маликаро низ, ки донандаи чандин забону дониши мукаммал дошт, ба кор мондем. Оҳиста - оҳиста тарзи гуфтор, маданият, либоспӯшӣ ва муомилаи Малика бо аҳли оила дигаргун шуд. Рӯзе бо баҳонаи аз боғча овардани фарзандаш арӯс аз хона берун шуда, дигар барнагашт. Аҳли хонавода хавотир шудем. Танҳо баъди ду-се соати барнагаштани Малика ба падару модараш хабар додем ва ҳамакаса ба ҷустуҷӯи арӯс ва набераамон баромадем. Ҷустуҷӯҳо бенатиҷа буданд. Баъди бохабар кардани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ёрии онҳо арӯсамонро субҳи рӯзи дигар дар яке аз меҳмонхонаҳои пойтахт дарёфтем. Маълум, ки баъди ин воқеа дар зиндагии ҷавонон рахна пайдо шуд.

Мо, аҳли оила азбаски зиёӣ ҳастем, хостем, арӯсамон низ мувофиқи табъу завқ ва касби интихобкардааш дар ҷамъият ҳиссагузор бошад ва то андозае ба ин муваффақ ҳам буд. Аммо раҳмдилии аз ҳад зиёд низ моро андармони ташвишҳои ногувор гардонд. Имрӯз падару модари арӯс низ аз кардаи духтарашон изҳори нигаронӣ мекунанд ва хоҳони он ҳастанд, ки онҳоро бубахшем. Аммо…    

Ҳамчун зани рӯзгордида ва модарбузурги хонадон гуфтаниам: Духтаронам! Фирефтаи ҳавою ҳаваси зиндагӣ шуда, аз баҳри хонаю дари обод набароед, зеро оила муқаддас аст. Босабр бошед, ба ёфтаи ҳамсаронатон қаноат кунед. Зиндагӣ монеаҳои зиёд дорад, нафаре дар ин набард ғолиб меояд, ки бо сари баланд аз онҳо гузарад. Ба суханони калонсолон гӯш диҳед, хушдоманро ба ҷои модар дониста, эродҳои ӯро қабул фармоед, аз болои хатои худ кор карданро омӯзед, шукргузору покизакор бошед. Ана он вақт мебинед, ки зиндагиатон рангинтар гаштааст.

Ҳусния Поччоҷонова – шаҳрванди Тоҷикистон, фурӯшандаи мағозаи либосҳо дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия:

- Мегӯянд, ки фарзанд меваи умри инсон, давомдиҳандаи насли башарият аст. Фарзанд оиларо мустаҳкам намуда, қадру қимати онро баланд мебардорад, муҳаббати байни ҳамдигар ва эҳтироми падару модарро пойдор мегардонад. Ҳар оилаи навбунёд орзу мекунад, ки соҳиби фарзандони дӯстрӯ гардида, меҳру муҳаббати занушавҳариро қавитар гардонад.

Бо амри тақдир ману шавҳарам понздаҳ сол қабл хонадор шудем. Давоми солҳои оиладоршавиамон ба ғайр аз неъмати бузурги худовандӣ – фарзанд дигаре аз ҳеҷ чи камбудие надоштем. Муолиҷаву такудавҳо баҳри ба даст гирифтани «як пора гӯшт» самар надоданд. Хешу пайвандон, ёру дӯстон, ҳамсояву ҳамкорон аз тақдири мо, навҷавонон дар ташвиш буданд. Зеро ҳар соату ҳар лаҳза метавонист моро бо «сабаб»-и бефарзандӣ аз ҳам ҷудо созад. Охир, беҳуда фарзандро пораи дил, пули байни зану шавҳар, меваи инсонӣ нагуфтаанд. Шабҳои дароз аз ҳамсарам пинҳонӣ ашки ҷигархун мерехтаму аз Офаридгор илтиҷо мекардам, ки бароямон ин неъмати бузургашро арзонӣ дорад, аммо…

Ҳанӯз дар хотир дорам, ки тақрибан солҳои ҳаштуми хонадории ману шавҳарам буд. Аҳли оила ба хулосае омаданд, ки никоҳамонро бекор созанду ҳарду оилаи нав барпо намоем. Азбаски ману ҳамсарам давоми ин солҳои бо ҳам будан ба якдигар унс гирифта будем, аз ҳам ҷудо шудан намехостем. Бо вуҷуди ин аз шавҳарам хоҳиш кардам, ки ҷавобамро диҳад ва оилаи нав барпо созад. Ҳатто таклифе ба миён гузоштам, ки ҳамаро ба ҳайрат гузошт: агар духтареро пайдо намоянд, ки барои хонадоршавӣ бо шавҳарам розӣ аст, хостгорӣ мераваму барои зани дуюм гирифтанаш иҷозат медиҳам ва хизматашонро ба ҷо меорам. Ғоибона бо зани ҷавони шавҳарам, ки ҳанӯз кӣ буданаш номаълум буд, дугона шуда будам. Наздиконам маро ба девонагӣ бароварда, хостанд, ба ҳавлии падарам баранд. Аммо ҷавоби ҳамсафари ҳаётиам қатъӣ буд ва ҳама гумону андешаю такудаву нофаҳмиҳоро аз мо бурд. «Ман барои он хонадор нашудаам, ки бо гузашти вақт аз ҳамсарам ҷудо шавам. Агар насиб бошад, Худованд ин неъматро ба мо медиҳад, агар на, ин тақдиру сарнавишти ҳардуи мо хоҳад буд».

Зиндагӣ ба маҷрои худ давом дошт. Албатта, буданд «дӯстоне», ки ба ҳардуи мо тири сухан мезаданд ва қалби бе ин ҳам захмдидаи моро хунолуд мекарданд. Баъди ин ба Федератсияи Русия кӯч бастем ва то имрӯз ин ҷо кору фаъолият дорем, то аз суханҳои «заҳрдор» дуртар бошем. 

Ҳолдонҳо бошанд, муҳаббати ҳамдигарии моро дида гуфтанд: агар ҷудо шудан нахоҳед, пас тифлеро ба тарбияи худ гиред. Ҳамроҳи шавҳарам маслиҳат карда, пас аз 13 соли хонадоршавӣ тифли навзоди оилаеро ба фарзандхонӣ гирифтем. Албатта ҳамаи ҳуҷҷатгузориҳо қонунӣ буд, ки барои ин аз аҳли оилаи шавҳарам миннатдор ҳастам. Ҳоло Дамирҷони мо дусола шудаасту бо шавқи кӯдакона бозӣ дорад ва оламеро барои мо кашф кардааст.

Гуфтаниам: агар муҳаббати занушавҳарӣ пойдор бошад, якдигарфаҳмию дӯстдорӣ ва иззату ҳурмати ҳамдигарӣ бобақо бошад, ҳеҷ як муаммо садди роҳи оила шуда наметавонад. Зиндагиро дӯст доред, бо ҳамдигар меҳрубон бошед ва хушбахтиро дар замири худ ҷустуҷӯ намоед.

Нафаре, ки ному насабашро махфӣ доштан хост, аммо гуфт, ки аҳволи зиндагиашро дар рӯзнома дарҷ намоем, то ибрати дигарон шаваду ҷавондухтарон чун ӯ ба доми гумроҳӣ наафтанд. Ӯ ҳанӯз шонздаҳсола буд, ки бо ҷавоне шинос ва муносибати ошиқона дошт. Вақте бохабар шуд, ки дар батн тифл дорад, аллакай дер шуда буд. Кӯдаки ҳафтмоҳа дар батн ба хотири беникоҳ таваллуд нашудани фарзандаш оиладор шуд, аммо аз рӯзҳои нахустини хонадоршавӣ волидайн ва хешу табори ҳамсараш ӯро қабул накарданд. Зиндагии вазнине пешорӯи ӯ омад. Бори гарони қисмат зери таъсири таънаи хушдоману латукӯби ҳамсар, суханҳои нешдори наздикони тарафайн гулдухтари бармаҳал оиладоршудаю кӯдакёфтаро пеш аз муҳлат ба гирдоби худ печонд. Акнун ба домод, ки чанд муддат пеш аз дӯстдорӣ ҳарф мезаду «ту бароям ҷаҳон ҳастӣ» мегуфт, ӯ лозим нашуд, балки бо баҳонаи  «ту худат парвонавор гирди ман мегаштӣ, маро шарманда кардӣ» гӯён ҷавонзани дар даст тифли думоҳадоштаро аз дар берун кард.

Имрӯз ҷавонзани бармаҳал пиршуда дар чорроҳаи тақдир сарсон асту аз кардаи хеш пушаймон. Ӯ ишқи худро, ки оғуштаи ҳавас шуда, ӯро дар нимароҳ монондааст, лаънат мехонад ва мегӯяд, ки хеҷ гоҳ фирефтаи суханҳои муҳаббатомези ҷавонписарон нагарданд. Зеро бо ин рафтори ноҷояаш ҳам худро таънашунави дигарон карду аз даврони хуши ҷавонӣ бебаҳра монд ва ҳам кӯдаки бегуноҳашро якумр ба қавле, гапшунави мардум кард. Савдои ҳаёт ба сараш гарониҳои зиёдеро овард, ки оғозаш саросемагӣ буд.

Асоси маданият, муносибату рафтори ошиқонро ахлоқу одоб ташкил медиҳад. Одобро меъёри рафтори оқилонае донистаанд, ки дар асоси анъанаҳои ҳазорсолаи халқ ба вуҷуд омадааст ва ҷавонон бояд ба он риоя намоянд. Оиладорӣ мураккаб аст. Дар ҳаёти оилавӣ дар баробари шодию хурсандӣ ғаму ташвиш, носозӣ ва руҳафтодагӣ низ ба вуҷуд меоянд. Дар оилаи тифоқ, ки иззату ҳурмати ҳамдигарро медонанд, ҳар корро бомаслиҳат кунанд, бартараф намудани душворӣ ҳам осон мегардад. Аз ҳама муҳимаш байни зану шавҳар ва волидайни ҳамдигар барои мустаҳкам гардидани оила воситаи аз ҳама муҳиму зарур ин одобу эҳтиром аст.

Шоира САЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh