Робитаҳо густариш меёбанд
- Details
- Published on Monday, 02 September 2024 09:50
Дар доираи татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ байни Шўрои Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва Федератсияи Иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловск, ки моҳи феврали соли 2024 ба имзо расида буд, санаи 20-уми августи соли равон ҳайати меҳмонон бо сарварии раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловск Ветлужских Андрей Леонидович ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Шоёни зикр аст, ки баъди пазироии гарму самимии мизбонон раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловск Андрей Леонидович бо фаъолияти Маркази бозомӯзӣ ва такмили ихтисос, синфхонаҳои таълимӣ ва Маркази забономӯзӣ аз наздик ошно гардида, дар машғулияти навбатӣ иштирок ва бо шунавандагон ва омӯзгорони марказҳои номбурда суҳбати озод кард.
Пас аз он дар маҷлисгоҳи хурди Шӯро вохӯрӣ ва шиносоӣ бо раисони кумитаҳои соҳавӣ ва кормандони масъули дастгоҳи Шўрои Иттифоқҳои касабаи вилоят баргузор гардид.
Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Шарифулло Абдуллозода меҳмононро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, зикр дошт, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Владимирович Путин ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Русия ва минтақаҳои он сол то сол инкишоф ва таҳким ёфта, дар бисёр самтҳои фаъолият ҳамкории зич ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин, оид ба фаъолияти Иттифоқҳои касабаи вилоят маълумот пешниҳод намуд.
Дар робита ба ин раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловск низ дар баромади худ бобати ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд, нақшаҳои минбаъда ва ба иҷро расонидани Созишномаи ҳамкорӣ ибрози назар кард.
Дар фарҷом байни иштирокдорон табодули таҷриба ба миён омада, аз ҷониби роҳбарияти Шӯро ба Андрей Ветлужских туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Дар навбати худ муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода бо раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловск Андрей Леонидович, ки ба вилояти Суғд ташриф овард, мулоқот намуд.
Дар мулоқот муовини Раиси вилоят оид ба ҳамкориҳои вилоят бо минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия, дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят, рушди ҳунармандӣ ва имкониятҳои сайёҳии вилоят ибрози ақида намуда, оид ба ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо Иттифоқҳои касабаи вилоят дар самти амалӣ намудани барномаҳои иҷтимоии Ҳукумати мамлакат ёдовар гардид.
Дар вохӯрӣ оид ба ҳамкориҳои минбаъдаи вилояти Суғд бо вилояти Свердловск, алалхусус дар самти ҳифзи манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар вилояти Свердловск фаъолият доранд ва оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ ибрози ақида карда шуд.
Андрей Леонидович аз истиқболи гарм изҳори хушнудӣ намуда, барои роҳандозӣ кардани ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои гуногун омода будани худро иброз намуд.
Ҳайати меҳмонон дар доираи сафар аз иншооти таърихӣ ва мавзеъҳои сайёҳии вилояти Суғд, аз ҷумла аз Маҷмааи таърихиву фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд”, “Осорхонаи вилоятӣ”, “Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ”, “Хона-музейи Анора”, бозори “Панҷшанбе”, масҷиди “Шайх Маслиҳатдин”, муассисаҳои истироҳатию солимгардонӣ, аз қабили “Боғи миллии Ваҳдат”, “Шоҳин БМТ”, осоишгоҳи “Соҳил” ва дигар иншооти истироҳатӣ, ки дар шафати “Баҳри Тоҷик” ҷойгир шудаанд, дидан намуда, вобаста ба ҳамкориҳо дар ин самт андешаҳои худро иброз доштанд.
Зимни сафари корӣ инчунин ҳайати меҳмонон аз вилояти Свердловски Федератсияи Россия бо фаъолият ва ҳамкориҳои Маркази илмӣ-фарҳангии Россия дар шаҳри Хуҷанд шинос шуданд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи феврали соли равон бо даъвати Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловски Федератсияи Россия Раиси Шӯрои иттифоқҳои касбаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода ба шаҳри Екатеринбург сафари корӣ анҷом дода буд.
Ҷонибҳо мулоқоти самимиву дӯстона ороста, ҳамзамон дар доираи сафар вохӯриҳои судманд анҷом доданд, ки дар он оид ба самтҳои гуногуни фаъолияти дуҷонибаи иттифоқҳои касаба, самтҳои афзалиятноки фаъолият муайян карда шуданд. Инчунин, дар ин вохўрӣ Меморандуми ҳамкорӣ байни Федератсияи иттифоқи касабаи вилояти Свердловск ва Шўрои иттифоқи касабаи вилояти Суғд ба имзо расонида шуд.
Ҳамкории дуҷонибаи иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловск ва вилояти Суғд дар он хусус буд, ки минбаъд манфиатҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳои вилояти Свердловск ва шаҳрвандони Федератсияи Россия дар минтақаҳои вилояти Суғд аз ҷониби иттифоқҳои касабаи ин вилоятҳо ҳифз карда мешавад.
Инчунин, дар доираи ҳамкориҳои иттифоқҳои касаба дар беҳдошти буду боши муҳоҷирон, ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо, ташкил намудани сафарҳои фарҳангиву эҷодии зиёиёну ҳунармандон, ривоҷ бахшидан ба дӯстиву рафоқат барномаҳои ҷолиб ба роҳ монда хоҳанд шуд.
Гулчаҳон МАХКАМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”