Вусъати корҳои ободониву созандагӣ дар деҳоти Исфара
- Details
- Published on Sunday, 01 September 2024 22:28
Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Исфара корҳои созандагиву бунёдкорӣ бомаром идома дорад.
Аз ҷумла, дар ҷамоатҳои Чоркӯҳ, Сурх ва Ворух бунёдкориҳо беш аз пеш тақвият меёбад ва дар амалишавии силсилаи иқдомоти бунёдкорона сокинони деҳот ва соҳибкорони ватанӣ саҳмгузорӣ менамоянд.
Дар радифи бунёди иншооти муҳими иҷтимоие, ки бо маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ сурат мегирад, мардуми созандаю ободкори деҳоти Исфара аҳлонаю дастҷамъона барои ободу зебо намудани зодгоҳи хеш камари ҳиммат бастаанд.
31 август Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Исфара бо сокинони ҷамоатҳои зикршуда, ки аҳлонаю тариқи ҳашар кӯчаву роҳҳоро ободу зебо намуда истодаанд, мулоқот намуд. Аснои мулоқот маълумот дода шуд, ки имрӯзҳо мардуми созандаю ободкори деҳоти Исфара аҳлонаю дастҷамъона барои ободу зебо намудани зодгоҳи хеш камари ҳиммат бастаанд.
Аз ҷумла, сокинони деҳоти Чоркӯҳ, Сурх ва Ворух барои тахту ҳамворкунии роҳи асосии Исфара - Ворух, ки бо дарозии 10 км ва паҳнои 8 метр мумфарш мегардад, ба ҳашар баромадаанд.
Дар ҳашарҳои ободонӣ ҳамарӯза садҳо нафар сокинон иштирок намуда, саҳми худро барои ободонии диёр, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, кӯчаву роҳҳо, чароғонкунии кӯчаҳо, бетонрезии ҷӯйборҳои шафати роҳҳои асосӣ, бунёди роҳи пиёдагард мегузоранд.
Гуфта шуд, ки аз қадимулайём ободониву созандагӣ пешаи мардуми тоҷик буда, сокинони шарафманди Исфара анъанаи неки ниёгонро идома медиҳанд.
Раиси вилоят аз фаъолнокии сокинони деҳоти Исфара дар иҷрои корҳои ободонӣ истиқбол карда, иброз дошт, ки саҳми сокинон дар ободонии диёр назаррас аст. Иқдому ташаббусҳои сокинони деҳоти Исфара аст, ки ин гӯшаи кишвар ободу зебо гардида истодааст. Ҳамзамон, пули мошингузаре, ки бар асари омадани сел хароб шуда буд, пурра барқарор карда шуд.
Сипас, бо дуои пирони рӯзгор ва иштироки шумораи мардум ба мумфаршкунии роҳи Исфара-Ворух оғоз бахшида шуд. Дар марҳилаи аввал 10 км роҳи мазкур мумфарш гардида, ояндаи наздик 10 километри боқимонда низ мумфарш хоҳад шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд