Ифтитоҳи Маркази савдо ва хизматрасонии “Далер”
- Details
- Published on Friday, 30 August 2024 07:14
Дар доираи корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ободонӣ бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Маркази савдо ва хизматрасонии “Далер” ба истифода дода шуд.
Дар маросими баистифодадиҳии иншоот Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд.
Тавре иттило дода шуд, маркази хизматрасонӣ аз 3 ошёна иборат буда, аз тарафи соҳибкор Каримов Далер сохта шудааст, ки дар он зиёда аз 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Дар ошёнаи якум таҷҳизоту лавозимот барои бозиву тафреҳи кӯдакон гузошта шудааст. Дар ошёнаи дуюм толори тамрини гӯштин ва ҷудою самбо, дар ошёнаи сеюм маркази омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ ва чинӣ таъсис дода шудааст.
Раиси вилоят ифтитоҳи иншоотро туҳфаи арзанда дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карда, барои ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба варзиш ва омӯзиши забонҳо тавсияҳо дод.
Сипас, роҳбари вилоят бо сохтмони Маҷмааи фарҳангӣ – фароғатӣ, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз шинос гардид.
Маҷмааи фарҳангӣ – фароғатӣ аз 3 ошёна иборат мебошад. Дар ошёнаи якум сохтмон пурра ба анҷом расонида шуда, ҳавзи шиноварӣ ташкил карда шудааст, ки ба мардум хизмат расонида истодааст. Дар ошёнаҳои дигар сохтмон ҷараён идома дошта, бо пурра мавриди истифода қарор гирифтани иншоот меҳмонхонаву макони бозиву тафреҳ барои кӯдакон таъсис дода хоҳад шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд