Оғози мумфаршкунии кўчаи Камоли Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд

Имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд ба мумфаршкунии кўчаи Камоли Хуҷандӣ, аз буриши чорроҳаи хиёбони Исмоили Сомонӣ то кӯчаи Гагарин оғоз бахшида шуд. 

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо сокинон иброз дошт, ки бо дастур ва раҳнамоиҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави шаҳру навоҳии вилоят бунёди садҳо адад иншооти таъиноташ гуногун бомаром идома дорад. 

Дар ин раванд дар шаҳру ноҳияҳо бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, саҳмгузории сокинону соҳибкорони ватандӯст мумфаршкунии роҳҳо низ вусъат ёфта, даҳҳо километр роҳҳои дохилӣ мумфарш карда шуд. 

Итилоъ дода шуд, ки роҳи кўчаи Камоли Хуҷандӣ аз буриши чорроҳаи хиёбони Исмоили Сомонӣ то кӯчаи Гагарин беш аз 1 километру 500 метр бо паҳноии 20 метр буда, дар маҷмуъ 30 000 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Фармоишгар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва пудратчӣ ҶДММ “Роҳи пурфайз” мебошад.

Ҳамзамон ду канори роҳ бо сад адад чароғпояи замонавӣ таҷҳизонида шуда, пайроҳаҳо азнавсозӣ мегарданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh