Ҳуҷҷати бойгонӣ – тақдири таърих

­Ҳар як инсони соҳибфарҳанг бояд таърихи халқу сарзаминашро аниқу муфассал донад ва ифтихор аз миллату таърихи гузашта дошта бошад. Шахсе, ки гузаштаи худро намедонад, асири маданияту фарҳанги дигарон мегардад.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар Бойгонии давлатии вилояти Суғд машғулияти омӯзишӣ доир ба коргузории бойгонидорӣ миёни коргузорони ҷузъу томҳои қисмҳои низомии Вазорати мудофиа ва Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Раёсати Қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд доир гардид.

Дар ифтитоҳи ҳамоиши мазкур  мудири бахши бойгонии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Шарофзода Зайнура Шарифӣ, директори Бойгонии давлатии вилояти Суғд Ҷарқинзода Гулчеҳра Валиевна ва муовини командири қисми ҳарбии 051056 оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ Раҳимзода Беҳзод Абдураҳимов ҳамзамон сардори Бойгонии марказии Раёсати корҳои Фармондеҳии Гвардияи миллӣ Расулзода Абдулвосити Тоҷидин иштирок намуданд.

Дар оғози машғулият Зайнура Шарифӣ ва Гулчеҳра Ҷарқинзода ҳозиринро хайрамақдам гуфта, миннатдории хешро ба роҳбарияти Гвардияи миллӣ ҷиҳати ҳамкориҳои пайваста иброз намуда, аз ҳамкориҳои судманди Бойгонии давлатии вилояти Суғд ва Гвардияи миллӣ ёдовар гардида, аз ҳамоҳангии ин ду ниҳод изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Сардори Бойгонии марказии Раёсати корҳои Фармондеҳии Гвардияи миллӣ Расулзода Абдулвосити Тоҷидин сараввал аз ҳамкориҳои судманди Бойгонии марказии Раёсати корҳои фармондеҳӣ бо Бойгонии давлатии вилояти Суғд ёдовар шуда, ҷиҳати боз ҳам ҷоннок намудани ҳуҷҷатгузориҳо ва ҳадафи баргузории чунин машғулиятҳоро баён намуда, қайд кард, ки варақгардонии парвандаи бойгонӣ ба мисли варақгардонии саҳифаи зиндаи таърихи дур ва наздики Ватани худ мебошад.

Бояд иброз намуд, ки машғулиятҳои омӯзишӣ ҳам аз ҷониби ҳайати афсарони қисмҳои низомӣ дар вилояти Суғдбуда ва ҳам аз ҷониби бойгонишиносону роҳбарони бахшу шуъбаҳои гуногуни Бойгонии давлатии вилояти Суғд аз 10 то 14-уми июни соли ҷорӣ гузаронида мешавад.

Мувофиқи нақшаи машғулият муайян гардид, ки машғулиятҳои омӯзишӣ аз рӯи чунин мавзуъҳо гузаронида мешаванд: дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, беосеб нигаҳдории ҳуҷҷатҳои бойгонӣ; таснифи ҳуҷҷатҳои бойгонии идоравӣ; истифодабарии ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, тармим ва барқарорсозӣ ва нусхабардории ҳуҷҷатҳо ва дигар мавзуъҳо.

Инро ҳам ёдовар гардидан бамаврид аст, ки чунин машғулияти омӯзишӣ соли дуввум аст, ки бо ибтикори Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бойгонии давлатии вилояти Суғд баргузор ва ҳадафи баргузории чорабинӣ пеш аз ҳама, омӯхтани самтҳои асосии ҳуҷҷатгузорӣ ва дуруст ба роҳ мондани онҳо дар фаъолияти минбаъдаи афсарон мебошад.

Маъмурахон САМАДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh