Теъдоди беморони нашъаманд коҳиш ёфтааст
- Details
- Published on Tuesday, 27 February 2024 13:12
‐ Дар давоми соли 2023 дар қаламрави вилоят аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи вилоят 6354 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 – юм ошкоркунии ҷиноят 3 фоиз афзудааст. Аз ин ҳисоб 136 ҷиноятро ҷиноятҳои вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 – юм 8 ҷиноят зиёд мебошад, ‐ гуфт зимни нишасти матбуотӣ иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сафаралӣ Олимзода.
Иттилоъ дода шуд, ки аз гардиши ғайриқонунӣ дар ҳудуди вилоят ҳамагӣ 451 килограмму 688 грамм маводи нашъаовар мусодира шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 – юм 149 килограмму 505 грамм зиёд мебошад. Аз ин ҳисоб 71 килограмму 113 грамм маводи нашъаовари навъи героин, 9 килограмму 203 грамм афъюн, 337 килограмму 459 грамм ҳашиш, 29 килограмму 809 грамм бангдона ва 4 килограмму 104 грамм моддаҳои психотропиро ташкил медиҳад.
Дар рафти гузаронидани амалиёти “Кӯкнор ‐ 2023” аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии вилоят ҳамагӣ 43 ҷинояти марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ошкор гардида, аз муомилоти ғайриқонунӣ 226 килограмму 049 грамм маводи нашъаовар мусодира карда шуд, ки навъҳои мусодирашуда бештар героин, афюн, ҳашиш ва бангдона мебошад. Ҳамчунин дар амалиёти мазкур 90 ҳодисаи сабзиши бангдонаи худрӯй ошкор гашта, 1444835 бех ин гуна растаниҳо бо роҳи сӯзонидан несту нобуд карда шуданд.
Баҳри пешгирии роҳи амалиёти ғайриқонунӣ дар марзи давлатӣ бо ҷумҳуриҳои ҳамсоя ва дар ҳудуди вилоят 39 дидбонгоҳи сайёр барои назорат кардани воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, ҳавоӣ ва роҳи оҳан созмон дода шуданд.
Ҳамчунин, Сафаралӣ Олимзода иттилоъ дод, ки тибқи омори расмии маркази наркологӣ дар соли 2023 теъдоди беморони нашъаманд дар вилоят ба 881 нафар рост омада, назар ба ҳамин давраи соли 2022 коҳиш ёфтааст.
‐ Новобаста аз коҳиш ёфтани шумораи нашъамандон дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои вилоят вазъи нашъамандӣ ташвишовар боқӣ мемонад. Аз шумораи умумии беморони дар қайдбуда дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд 220, Панҷакент 189, Исфара 90, Бобоҷон Ғафуров 90, Истаравшан 53, Бӯстон 48, Конибодом 42, Спитамен 40, Гулистон 24, Зафаробод 11, Ашт 12, Деваштич 5, Айнӣ 6, Ҷаббор Расулов 6 ва Истиқлол 2 нафар беморони нашъаманд дар қайд мебошанд. Дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ ягон бемори нашъаманд ба қайд гирифта нашудаанд. Дар ин робита дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров ва Мастчоҳ шумораи беморони нашъаманд зиёд шудаанд, ‐ гуфт Сафаралӣ Олимзода.
Дар нишасти матбуотӣ аз ҷониби рӯзноманигорон доир ба фаъолияти раёсат саволҳои мухталиф, аз ҷумла шумораи дастгиршудагони гурӯҳи ҷинояткор, роҳҳои гуногуни ҷалби сокинон ба нашъаҷаллобӣ, вазъият дар гузаргоҳҳои наздисарҳадӣ, гирифтори беморони нашъамандӣ, растаниҳои ғайриқонунӣ киштшуда ва амсоли ин пешниҳод шуданд.
Шаҳбону ОЛИМОВА,
Ҳақиқати Суғд”