Хизмати Ватан – Модар қарз аст

Артиши миллии мо зодаи даврони Истиқлол буда, дар шароити ниҳоят душвори таърихӣ ташкил шудааст. Ҷавонони далеру шуҷои кишвар аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии он талоши худро баҳри ҳифзи хоки ин сарзамин, таъмини амнияти мардум ва таҳкими сулҳу суботу осоиштагӣ равона сохта, баҳри якпорчагии ин мамлакат ҷоннисориҳо кардаанд. Имрӯзҳо низ ҷавонони худогоҳу ватандӯст бо азму иродаи қавӣ ихтиёран ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ сафарбар гардида, хизматро бо сари баланд идома медиҳанд.

Бештари ҷавононе, ки аз ин мактаби ҳаёт гузаштаанд, мегӯянд, имрӯзҳо Ҳукумати кишвар баҳри хизмати шоистаи ҷавонон дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ шароити мусоид фароҳам овардааст ва моро месазад дар ҷавоб ба ҳамаи ин ғамхориҳо камари ҳиммат баста, баҳри ҳимояи Ватан омода бошем. Бештари падару модарон, омӯзгорон ва сокинон низ аз ихтиёрӣ ба сафи Артиш ҷалб шудани ҷавонон хушнуд гашта, ба онҳо хизмати софдилона ба Ватанро таманно намуданд.

Шерзод Маликов ‐ муҳоҷири меҳнатӣ:

‐Баъди хатми мактаби миёна ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сафарбар шудам. Ман дар сафи артиш мактаби шуҷоату мардонагӣ ва далериро омӯхтам. Командирони қисми ҳарбӣ низ ба мо падарвор дарси матонату мардонагӣ омӯзониданд. Дар вақтҳои холӣ мо ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, бисёр чизҳоро ёд гирифтем. Намояндаи Вазорати мудофиа зуд ‐ зуд аз шароити қисми низомӣ дидан карда, бо мо суҳбатҳо меорост. Аз ҳама муҳим, дар қисми низомӣ фазои дӯстиву рафоқат ва якдигарфаҳмӣ пойдор буд.

Сорбон Азизов – устоди ДДХ:

‐Мо пеш аз ҳама, бояд шукргузор аз он бошем, ки дар давлати ободу осоишта умр ба сар мебарем. Заҳмату талошҳои Сарвари давлат буд, ки пеши роҳи ҳама хунрезиҳо гирифта шуда, фазои осоишта дар мамлакат ҳукмфармо гардид. Таъсиси Артиши миллӣ боис гашт, ки ҷавонони худогоҳу ватандӯст баҳри ҳифзи арзишҳои миллию давлатӣ ва таъмини амнияти мардуми кишвар дар фазои сулҳу суботу ягонагӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сафарбар гардида, Ватанро ҳимоя кунанд. Мо низ ҳамчун омӯзгор бо баргузории соатҳои тарбиявӣ ва чорабиниҳои маърифатӣ аз ҷавонон даъват ба амал меорем, ки дар ҷавоб ба ҳамаи ғамхориҳои Ҳукумати кишвар бо амри виҷдон ба сафи Артиш шомил шуда, софдилона хизмат намоянд

Ҷавоҳир Ашӯров – омӯзгори Литсейи инноватсионии “Ҷавонӣ”:

‐Хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ вазифаи ҷонии ҳар як фарди бонангу номус аст. Ман ифтихор аз он дорам, ки баъди хатми донишгоҳ ихтиёрӣ ба сафи Артиш пайвастам. Дар бисёр мусобиқаҳо ва чорабиниҳое, ки дар қисми низомӣ баргузор мешуд, иштирок карда, бо ифтихорномаву сипосномаҳои Вазорати мудофиа қадрдонӣ гардидаам. Имрӯз ҳамчун омӯзгор ба шогирдони худ ҳамеша бобати ватану ватандорӣ ҳарф зада, талқин мекунам, ки мисли қаҳрамонони ин миллат ҳамеша дар фикри ҳимояи ин ватани аҷдодӣ бошанд ва хоки поки ин сарзаминро чун гавҳараки чашм ҳифз кунанд.

Маҳмадёр Маликов – ронанда:

Соли 2016 писарам барои ариза додан ба комиссариати ҳарбӣ рафт. Пас аз чанд рӯз ӯро даъват карданд. Тайи 2 сол дар яке аз қисмҳои низомии шаҳри Душанбе хидмат кард. Борҳо ба хабаргириаш рафта, аз қисми низомӣ дидан намудам. Воқеан, имрӯзҳо бо ибтикори Президенти мамлакат дар ҳамаи қисмҳои низомӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Хурсанд аз онам, ки писарам хизмати Модар‐Ватанро сарбаландона адо намуд. Имрӯз бо ифтихор гуфта метавонам, ки чунин фарзанди ҷавонмард дорам. Ба ҷавонони синну соли даъватӣ тавсия медиҳам, ки хизмати Ватанро ба ҷо оранд, зеро бунёдкори имрӯзу фардои Тоҷикистон ҷавонон ҳастанд.

Раъно Азизбоева – омӯзгор:

‐Масоили марбут ба дастгирии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумат қарор дошт. Ин аст, ки Пешвои миллат зимни ҳар як баромаду суханрониашон пайваста таъкид месозанд, ки ҷавонон номбардори имрӯзу фардои Тоҷикистонанд ва саҳми онон дар муаррифии ин сарзамини биҳиштосо назаррас аст. Пас ҳар як ҷавони худогоҳу ватандӯстро мебояд баҳри ҳимояи марзу буми ин сарзамин ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ пайваста, шуҷоатмандона адои хизмат кунад.

Маҳингул Расулова – табиби оилавӣ:

Баъди ба сари қудрат омадани Сарвари давлат пеши роҳи ҳама нобасомониҳо гирифта шуда, оташи ҷангу низоъ дар кишвар хомӯш карда шуд. Президенти мамлакат бо ақлу хиради дурбинона фазои сулҳу осоиштагиро дар мамлакат барқарор карданд. Имрӯз кулли мардум хушнуд аз онанд, ки дар чунин давлати ободу осоишта зиндагӣ ва кору фаъолият мекунанд. Имрӯзҳо мушоҳида мешавад, ки ҷавонон дар арафаи даъват ба Артиш масъулияти бештар нишон дода, ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сафарбар мешаванд.

Ардашер СУЛТОН,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh