Ҳимояи марзу бум - шарафи ҷавонмардӣ

Санаи 20‐ уми феврал бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 31‐ умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар толори пазироии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд чорабинӣ таҳти унвони “Артиши миллӣ‐ рамзи саодатмандӣ”, бо иштироки васеи собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд, афсарону сарбозони қисми ҳарбии 3501‐ и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолони вилоят, баргузор гардид.

Дар ибтидо омири кулли МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”Иброҳимҷон Иброҳимов, чорабиниро оғоз башида аз таърихи таъсисёбӣ ва такмилу иқтидори қувваҳои мусаллаҳ суханронӣ намуда.

‐ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ‐ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, дар муддати кӯтоҳ Артиши миллии тоҷикро ба нерӯи бузург табдил дода, хандаву нишотро ба лаби ҳар фард тақдим созанд. Мо низ дар пайравӣ ба Сарвари давлат, бояд кӯшиш кунем, кишвари маҳбубамонро ба арсаи байналмилалӣ шиносонем,‐ илова кард мавсуф.

Баъдан мутахассиси пешбари Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Фароғат Усмонова баромад кард. Ӯ низ аз хизматҳои шоёни сарбозони далеру шуҷоъи Ватан ёдовар шуда, мардуми шарифи Тоҷикистонро бо иди фархунда таҳният гуфт.

Маҳбуб Нурзод, подполковники қисми низомии 3501‐ и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо маърӯзаи таъсирбахш, ҷавонони далери Ватанро боз ҳам ба ҳушёриву зиракӣ даъват кард. Гуфт, ки мо то охири нафас ба савгандӣ ҳарбӣ содиқ мемонем ва барои якпорчагии сарзамини маҳбубамон талош мекунем.

Иштироки афсари калони қӯшунҳои сарҳадӣ, майор Насимӣ Ҳабибулло иштирокчиёни чорабиниро хушҳол кард. Ӯ аз таҷрибаҳои худ ва қувваи бузурги сарбозон, ки дар сарҳадҳо хизмати ҳарбиро сипарӣ менамоянд, ёдовар шуд. Афзуд, ки ҳоло се навъ артиш, қӯшунҳои ҳавоӣ, хушкигард ва сарҳадӣ дар Тоҷикистон мавҷуд аст ва барои ҳимояти Ватан аз тамоми имконотҳо истифода мебаранд.

‐ Пӯшида нест, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ором нест. Мо бояд доим ҳушёр бошем ва аз ҳимояти Тоҷикистони азизамон канорагирӣ накунем. Агар ҳамаамон муттаҳид бошем, касе моро халалдор карда наметавонад. Бояд кишварамонро ободу зебо намуда, ба давлатҳои пешрафтаи дунё ҳамқадам бошем,‐ илова кард, ӯ.

Сержанти хурди қисми ҳарбии 3501, бо суруди “Тоҷикистон” таъби ҳозиринро болида сохт.

Инчунин иштирок ва баромади хонандагони Гимназияи №4‐ и шаҳри Хуҷанд ба меҳмонон писанд уфтод. Ба онҳо муаллими фанни омодагии дифои ҳарбӣ Қаҳҳорбек Алиев тамрини хуб додааст, ки бо ҳунарҳои ҳарбиёна ҷамъомадагонро дар ҳайрат монданд.

Шакарбек Мӯсоев, роҳбалади осорхона чорабиниро ҷамъбаст намуда, барои ташриф ба сарбозону меҳмонон изҳори сипос кард.

Сӯҳроб ОТАЗОДА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh