Роҳ ва равиши беҳдошти субот

Дар маҷлисгоҳи Раёсати минтақаи Суғдии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бо иштироки мудири Шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Олим Очилзода дар ҳамбастагӣ бо роҳбарону масъулини корхонаву муассисаҳои марбути соҳа доир ба натиҷаҳои фаъолияти соли сипарӣ бо рӯзноманигорон нишасти мутбуотӣ баргузор гардид.

Мавсуф оид ба нишондодҳои давраи ҳисоботӣ маълумоти муфассал дода, иброз дошт, ки тавассути маҷмӯи нақлиёт 36573,4 ҳазор тонна борҳои гуногуни хоҷагии халқ ва 251624,3 ҳазор нафар мусофир кашонида шудааст.

Бо вуҷуди таъмин гардидани суръати афзоиш дар ҳаҷми бору мусофиркашонӣ, имкониятҳои васеъ дар самти боркашонӣ мавҷуд аст. Зеро миқдори бори бо ширкатҳои нақлиётӣ, ки тибқи шартномаҳои тарафайн бо Раёсати муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» дар вилояти Суғд фаъолият мебаранд 24,3 фоизи ҳаҷми бори бо нақлиёти автомобилӣ кашонидашударо ташкил медиҳад

Яъне ҳамкорӣ бо корхонаву муассисаҳое, ки ба боркашонӣ эҳтиёҷ доранд, суст ба роҳ монда шудааст. Инчунин, фаъолияти нақлиёти боркашон пурра ба танзим дароварда нашудааст.

Соли гузашта тибқи нақшаи тасдиқгардида, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 2373,6 километр (118,6 фоиз) роҳҳо аз таъмир бароварда шуд, аз ҷумла 359,8 км (157,8 фоиз) аз таъмири асосӣ, 1173,6 километр (120,4 фоиз) аз таъмири ҷорӣ ва 840,2 километр (105,2 фоиз) роҳҳо шағалпӯш карда шудаанд.

Аз ҳисоби маблағҳои буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тавассути Идораи сохтмони асосии вилоят 34,2 км роҳ аз таъмири асосӣ бароварда шуданд, ‐ иброз дошт Икром Мирпочоев иҷрокунандаи вазифаи сардори МД идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилоят.

Барои иҷрои корҳо аз ҳамаи сарчашмаҳо 215841,3 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара 5280,1 ҳазор сомонӣ, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3469,4 ҳазор сомонӣ, буҷети вилоят 39228,1 ҳазор сомонӣ, буҷети маҳаллӣ 14153,7 ҳазор сомонӣ, ташкилоту корхонаҳо 23414,2 ҳазор сомонӣ, соҳибкорон 20521,6 ҳазор сомонӣ ва аҳолӣ 109774,2 ҳазор сомонӣ сарф гардид.

Бино ба иттилои масъулини Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти вилоят соли 2023 барои фаъолият дар бозори хизматрасонии нақлиётӣ 1479 иҷозатнома (173 барои боркашонӣ, 81 адад барои микроавтобусҳо, автобус 9 адад, барои нақлиёти сабукрав (таксӣ) 740 адад, қароргоҳҳо 3 адад, хизматрасонии техникӣ ва таъмир 173 адад, корхонаҳои нақлиётӣ 4 адад, терминали мусофирбарӣ 1 адад) муҳлати амали 295 адад иҷозатнома ба маблағи 568208 сомонӣ дароз ва 11432 адад варақаҳои назоратӣ дода шуд, ки аз ин миқдор 10 ҳазору 140 ададаш такрорӣ мебошад.

Тибқи Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ» нисбати шахсонӣ воқеӣ ва мансабдор беш 17 ҳазор протоколи ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода шуда, ба маблағи наздик 3 миллиону 870 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ карда шудааст.

‐Бо вуҷуди ҳамин ҳам, фаъолият дар самти ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор баҳри ба танзим даровардани раванди нақлиётӣ аз ҷумла, микроавтобусҳо ва нақлиёти сабукрав (таксӣ) беҳбудиро металабад. Зеро, қисми зиёди онҳо бе ҳуҷҷатҳои расмӣ, яъне бе иҷозатнома, роҳхат ва патент фаъолият намуда истодаанд,‐ иброз дошт намояндаи ин сохтор Аваз Хоҷаев.

Сардори Филиали ҶСК “Тоҷиктелеком”‐и вилоят Суҳроб Ғоибов оид ба фаъолияти ҷамъияти мазкур маълумот дода изҳор дошт, ки шумораи муштариён 88 ҳазору 80 муштариро ташкил медиҳад, аз ҷумла 80 ҳазору 146 шабакаи шаҳрӣ ва 7 ҳазору 934 муштарӣ дар шабакаи деҳотӣ буда, нисбат ба аввали сол шумораи муштариён ба 176 адад кам гардид.

Қарзи дебиторӣ ба ҳолати як январи соли сипарӣ қариб 2 миллиону 500 ҳазор сомонӣ буда, ба ҳолати якуми январи соли 2024‐ум маблағи қарзи дебиторӣ беш аз 2 миллиону 640 ҳазор сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба аввали соли 2023 ‐юм 158,3 ҳазор сомонӣ асосан аз ҳисоби корхонаҳои буҷавӣ зиёд гардидаст.

Роҳбари Раёсати минтақаи Суғдии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Убайдуллохон Обидов зимни маърузаи хеш афзуд, ки тавассути роҳи оҳан дар соли гузашта 3 миллиону 272 ҳазор тонна бор ва 23,4 ҳазор нафар мусофир кашонида шуд, ки нисбат ба соли 2022 мутаносибан ба 98,7 фоиз ва 174,6 фоиз баробар аст. Содироти маҳсулоти кишоварзӣ тавассути қатораҳо 49937 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022‐ум 35117 тонна кам мебошад. Аз миқдори умумии маҳсулоти содиротшуда 2729 тонна меваи хушк, 40484 тонна пиёз, 6724 тонна нахи пахта мебошад.

Инчунин, дар соли сипарӣ тавассути роҳи оҳан аз ҷониби ҶДММ КМ “Зарафшон” 357 вагон (18947 тонна), ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ‐саноатии Тоҷикистону Хитой” 2681 вагон (171584 тонна) ва ҶДММ КМ “Анзоб” 127 вагон (8255 тонна) консентрат содирот карда шуд.

Дар поёни нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон доир ба мавзуҳои мухталифи марбут ба соҳаи мазкур суолҳо дода, аз масъулин посухҳои мушаххас гирифтанд.

Маъмурахон САМАДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh