Хизмати ҳарбӣ - арзиши муқаддас

Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар шароити ниҳоят мураккаб тавлид ёфт ва давраи нави такомули худро ҳусни оғоз бахшид. Аз рӯзҳои нахустини бунёди миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба артиши миллӣ диққати бештар дода, барои таъмини шароитҳои арзанда корҳои бузургро ба сомон расониданд. Чун имрӯз гувоҳ ҳастем, дар қисмҳои низомӣ ҳама гуна шароит муҳайё буда, ҷавонони ватандӯст баҳри ҳимояи Ватану миллат хизмати софдилонаву содиқона мекунанд.

Барои огаҳ шудан аз хизмати ҳарбӣ ва дарки масъулияти ватаншиносӣ бо мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  Муталиб Маҳмудзода, ки ба наздикӣ қарзи шаҳрвандии хешро бо сари баланд ба поён расонид, суҳбате доштем ва фишурдаи онро пешкаши хонандагони рӯзнома мегардонем:

- Лутфан мехостем, пеш аз ҳама мафҳуми Ватанро аз нуқтаи назари хеш шарҳ дода бошед.

-Муҳаббат ба Ватан аз домони поки модар оғоз меёбад. Замоне ки кӯдак нахустин маротиба калимаи “Модар”-ро ба забон мегирад, ин нишонаи ҳастӣ ва хушбахтии олам аст. Маконе, ки саодат ҳукмфармост ва нафаси нахустин маънии идомаи ҳаётро мепардозад, Ватан аст.

Ватан сар мешавад аз гаҳвора,

Зи шири поку аз пистони модар...

Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ барои ҳар як давлату миллат падидаи нодир маҳсуб ёфта, ҳамчун пойдевор ва рамзи ҳастии миллат арзиши бағоят бузург дорад. Дар ин замина ҳимоя ва гиромидошти ин дастовардҳои миллӣ ҳар фарди бо ору номусро ҳушдор медиҳад, ки ба қадри он расем.

-Чун огаҳ шудем, соли гузашта хизмати ҳарбиро сарбаландона дар қисми низомии 0104-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон адо намудед. Маҳз кадом омил ба хизмати Ватан-модар бурд?

-Дар ҳама давру замон ҷавонони муборизу ватандӯсти тоҷик бо роҳнамоиҳои саромадони сухан ва донишмандони давр дар руҳияи худшиносӣ ба камол расидаанд. Дар ин ҷода метавон ба ҳайси мисол ва намунаи ибрату пайравӣ яке аз шоирони ватандӯсти тоҷику форс, ҳаким Абулқосим Фирдавсиро мисол овард, ки ӯ ҳамчун  як омӯзгор-роҳнамо дар шоҳасари оламшумули худ “Шоҳнома”, ки дар шаст ҳазор байт фароҳам омадааст, аз оғоз то ба охир моро ба далериву хештаншиносӣ ва муҳофизи Ватан будан, даъват менамояд:

Пароканда лашкар наояд ба кор,

Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор.

Албатта, ин мисраъҳои Абулқосим Фирдавсӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки миллати шарафманди тоҷик дар ҳама нобасомониҳо ва кашмакашиҳои давр, ки дар ин росто нақши ҷавонмардони далери миллати тоҷик бориз будааст, ҳеҷ гоҳ ба мисоли душманони хунхораш калламанора насохтааст ва танҳо дар тӯли дарози таърих ба хотири ҳифзи марзу бум ва нангу номуси миллати хеш бо аҷнабиёни истилогар мардонавор мубориза бурдааст ва аз фарҳангу тамаддун, расму ойин ва марзи муқаддаси худро бо набзи ҷон ҳифз намудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ таъкид месозанд: «Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад».

Мутобиқи моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст».

Ин ҳама эътимоду таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат маро водор сохт, ки пас аз хатми донишгоҳ ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ шомил гардида, чун фарзанди Ватан содиқона, софдилона ва поквиҷдонона дар ҳифзи марзу буми аҷдодӣ саҳми худро гузорам.

-Имрӯз дар қисмҳои низомӣ шароит чӣ гуна аст? Оё мушкилот ба назар мерасад?

-Боиси сарфарозист, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба нерӯи бузургу пуриқтидор табдил ёфта, дар таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ҳифзу пойдории Истиқлоли давлатӣ, тамомияти арзӣ нақши калидӣ дорад.

Қабул гардидани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мудофиа» ва «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», бунёди 10 қисми ҳарбӣ бо тамоми шароитҳои зарурӣ, комиссариатҳои ҳарбӣ дар шаҳру ноҳияҳо, зиёда аз 100 иншооти нави хизматрасонӣ, беш аз 2600 иншооту бинои нав аз тадбирҳое мебошанд, ки рушди иқтидори мудофиавӣ, шароити зист ва хизмати ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои низомиро таъмин намуданд.

Имрӯз бо қаноатмандӣ метавонам гуфт, ки дар қисмҳои низомии кишвар шароитҳои арзандаи хизмат фароҳам оварда шудааст.  Албатта эътибори хоса додан ба тозагиву озодагии сарулибос ва ҳудуди қисми ҳарбӣ шоистаи таҳсин аст.

Баҳри обутоби ҷисмонии сарбозон низ тамоми шароитҳо муҳайё гардида, онҳо ҳар субҳ ба варзиш машғул мешаванд. Ҳар ҳафта тибқи реҷаи муайяншуда ва дар арафаи ҷашнҳои милливу давлатӣ байни ҷузъу томҳо мусобиқаҳои гуногуни ҳарбӣ-варзишӣ, аз ҷумла футбол, волейбол, баскетбол, дастхобонӣ, давидан ба масофа, ба қисмҳо ҷудо намудани яроқи оташфишон ва амсоли инҳо доир мегарданд, ки дар ташаккули ҷисмонӣ ва маҳорати варзишиву ҳарбии ҷавонон нақши бузург мебозад.

Дар қисми ҳарбӣ китобхона амал мекард, ки ҳамарӯза тибқи реҷаи муқарраргардида бо китобхонӣ машғул мешудам. Давоми як соли адои хизмати ҳарбӣ даҳҳо асарҳои ҷолиби адабиёти кишвар ва хориҷро мутолиа намудам, ки баҳри баланд бардоштани маърифату ҷаҳонбиниам ҳиссаи калон гузошт.

-Дар хизмати ҳарбӣ бештар дар ёди кӣ ё чӣ будед?

-Дар хизмати ҳарбӣ пеш аз ҳама дар ёди падару модар ва додарам Сайҳун будам. Дар рӯзҳои муқарраршуда тамос мегирифтам, аз ҳолу аҳволашон пурсон мешудам. Маҳз дуои неки падару модар, умеду боварӣ ва самимияти додарам буд, ки ман пас аз сӯҳбат бо онҳо рӯҳу илҳоми тоза гирифта, баҳри ҳифзи марзу буми аҷдодӣ беш аз пеш саъю талош мекардам. Баъди он, ки сарбаландона қарзи шаҳрвандии хешро адо намуда, бо рутбаи сержанти калон ва сиҳату саломат ба хона баргаштам, ҳисси ватандӯстии як зумра дӯстонам боз ҳам боло гирифт ва онҳо ихтиёран баъди хатми донишгоҳ ба хизмати Модар-Ватан рафтанд. Имрӯз дӯстонам Шамсиддин Саидов, Салмон Дарвешзода, Муслиҳиддин Усмонов, Боҳирҷон Аҳмедҷонов ва даҳҳои дигар дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар хизмат намуда истодаанд, ки боиси ифтихор аст. Додарам Сайҳун низ азм дорад, баъди хатми донишгоҳ ихтиёран  хизмати Модар-Ватанро адо намояд.

Хушбахтона имрӯз бо ҳамхизматон аз минтақаҳои гуногуни кишвар робитаи мустаҳкам дорем, ҳамарӯза дар тамос ҳастему аз ҳолу аҳволи якдигар бохабар мешавем. Фикр мекунам муҳимтарин чизе, ки моро ба ҳам мепайвандад, дӯстӣ ва робитаи моро устувор нигоҳ медорад, ин ҳамдилӣ, ҳамфикрӣ, ҳаммаромӣ ва эҳсоси бузурги ватандорист.

-Мехоҳам бо чанд ҷумла гӯед, ки хизмати ҳарбӣ ба Шумо чӣ дод?

- Хизмат дар сафи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи пуршараф ва боифтихори мардони ҳақиқӣ мебошад. Хизмати ҳарбӣ, пеш аз ҳама, ҳисси ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва масъулиятшиносии маро баланд бардошт. Дар вақти адои вазифа ва ӯҳдадориҳои хеш, ман дарк мекардам, ки сулҳу субот, ваҳдати ҳамдилӣ ва осоиштагии хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аз мо хизматчиёни ҳарбӣ вобастагии қавӣ дорад.

Ҳамарӯза тибқи барномаи таълимии аз ҷониби роҳбарияти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда, роҳандозӣ гардидани машғулиятҳои таълимӣ-ҳарбӣ ва дар доираи он омӯзиши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,   Оинномаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ донишҳои сиёсӣ, ҳарбӣ ва маърифати ҳуқуқии  маро хеле баланд бардошт.

Машқҳои сафороӣ, омодабошии ҷангӣ, ҷисмонӣ ва варзишӣ бошанд, барои ҳамаҷониба руҳану ҷисман обутоб ёфтанамон мусоидат намуданд.

- Ба ҷавононе, ки ба хизмати Ватан- модар рафтанианд, чӣ гуфтанӣ доред?

-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд: «Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем».

Воқеан, дар баробари аз навсозии имкониятҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҳадафи давлат ва Ҳукумати мамлакат боз ҳам беҳтар таъмин намудани амнияту субот ва таъмину волоияти қонун дар кишвар аст.  Ҷавоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудааст, дар ҷамъият аз дигарон ба кулли фарқ мекунад. Ҷавонони синни даъватиро лозим аст, ки бо шукргузорӣ аз сулҳу осоиштагӣ бо назардошти шароитҳои арзандаи хизмати ҳарбӣ, қарзи шаҳрвандии хешро ихтиёран ва саривақт анҷом дода, дар ҳифзи якпорчагии Ватан ва таъмини озодиву истиқлолият саҳми арзишманд гузоранд.  Зеро хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мояи ифтихору сарбаландӣ, шараф, рисолати ҷавонмардӣ, мактаби бузурги худшиносӣ, обутоби ҷисмонӣ ва айёми беҳтарини садоқат ба Ватан аст.

Агар имрӯз мо марзу буми аҷдодиро ҳимоя накунем, каси дигар ба ҷойи мо ин вазифаро иҷро намекунад.

-Ҳоло хоҳиш мекунам, барои хонандагони рӯзнома чанд лаҳзаи хотирмони умратонро, ки дар қисми низомӣ гузаштааст, ҳарф занед.

-Аз ҳама лаҳзаи хотирмон рӯзи 3 июни соли 2023 буд. Дар ин рӯз ман барои садоқат ба халқи худ ва Сарвари давлат савганди ҳарбӣ ёд кардам. Қавли ҷавонмардӣ додам, ки «сарбози бошараф, боинтизом, далер ва ҳушёр бошам, то охири нафас ба халқи худ содиқ бошам, неру ва ҳаёти худро дареғ надошта, ватанро мардонавор ва моҳирона мудофиа мекунам».

Баъди маросими қабули савганди ҳарбӣ дар назди ҳайати шахсии сарбозону афсарон ва падару модарон аз номи тамоми ҳамхизматон баромад намудам. Ин лаҳза бароям боиси шарафу ифтихору саодатмандӣ буд.

Ҳамарӯза пеш аз оғози сафороии пагоҳирӯзию,  бегоҳирӯзӣ, таҷлили ҷашнҳои милливу давлатӣ зери Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо либоси низомӣ ва ҳайати шахсии сарбозону афсарон хондани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хотирмонтарин лаҳзаҳои ҳаёти ман дар қисми низомӣ мебошад, ки ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастии шахсро баланд мебардорад.

-Аз нақшаҳои ояндаатон мехоҳем бархурдор шавем.

-Ҳоло дар баробари фаъолияти меҳнатӣ дар зинаи магистратураи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” аз рӯи ихтисоси таърих таҳсилро давом дода истодаам. Хуб дарк мекунам, ки мо – ҷавонон масъулияти бузургро бар дӯш дорем. Мехоҳам дар оянда низ бо набзи ҳаёт ва асри нав ҳамқадам буда, дар татбиқи сиёсати созандаи давлату Ҳукумат, рушду ободии мамлакат ва тарбияи насли ҷавони соҳибмаърифат саҳми арзишманди хешро гузорам.

- Барои суҳбати самимӣ миннатдорам.

- Сипосмандам.

 Сӯҳбаторо Сӯҳроб ОТАЗОДА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh