Бартарафкунии зарари офатҳои табиӣ

Дар маҷлисгоҳи хурди Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд нишасти матбуотӣ бо иштироки васеи кормандони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид, ки дар он муовини сардори Кумита Ҷамшед Кӯчаков роҷеъ ба фаъолияти солона маълумоти муфассал дод.

Номбурда иброз дошт, ки давоми сол дар ҳудуди вилоят ҳафт ҳодисаи фавқулоддаи хусусияти табиидошта ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷаи он 6 нафар ба ҳалокат расид. Маврид ба таъкид аст, ки ин нишондиҳанда дар соли 2022 13 ададро ташкил медод. Аз ин ҳафт ҳодисаи табиӣ панҷ ададашро омадани сел дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Айнӣ ва Деваштич ташкил дода, як ҳодисаи фаромадани тарма дар ноҳияи Айнӣ ва инчунин як ҳолати заминҷунбӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба қайд гирифта шуд.

Дар умум зарари офатҳои табиӣ 7 миллиону 521 ҳазору 624 сомониро ташкил дод. Лозим ба ёдоварист, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон,  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва дигар ташкилоту сохторҳо ба зарардидагон кӯмакҳои саривақтӣ расонида шудааст.

- Баҳри иҷрои нақша- чорабиниҳои Раёсат вобаста ба пешгирии ҳодисаи ғарқшавӣ дар мавсими оббозӣ барои соли 2023, ки аз ҷониби раиси Кумита тасдиқ шудааст, корҳои муҳиму саривақтӣ гузаронида шуд. Дар ин раванд гурӯҳи корӣ бо мақсади санҷидани  ҳолати омодагии минтақаҳои истироҳатию меҳнатӣ, санитарию профилактикӣ ва варзишию солимгардонӣ ташкил ва баҳри бартараф кардани камбудиҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ва санҷишӣ гузаронида шуд. Раёсат бо ВАО низ ҳамкории пайвастаро ба роҳ монда аҳолиро ба эҳтиёткорӣ ташвиқу тарғиб мекунад,- илова кард мавсуф.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилоят дар соли 2024 баҳри пешбурди соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, ҳифзи аҳолӣ фаъолият намуда, барои саривақт ва бо сифати баланд иҷро намудани чорабиниҳои ба нақша гирифташуда кӯшиш менамояд.

Дар интиҳо рӯзноманигорон ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 Сӯҳроб ОТАЗОДА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh