Бинои замонавӣ ҳусни шаҳрро зебо месозад

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корҳои ободониву созандагӣ вусъат меёбад. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази вилоят сохтмони иншооти гуногун, аз ҷумла биноҳои истиқоматии баландошёна ҷараён дорад.

Тибқи иттилои масъулин, имрӯзҳо дар шаҳри Хуҷанд сохтмони 100 бинои баландошёнаи истиқоматӣ ҷараён дошта, бо мавриди истифода қарор гирифтани онҳо барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии сокинон шароити хуб фароҳам меояд.

Мо бо рафти корҳои сохтмонии яке аз иншооте, ки дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиев бунёд шуда истодааст, дидан кардем. Бояд гуфт, ки дар ин минтақа 6 адад сохтмони бинои истиқоматии 9,11 ва 13 ошёна бо номи Хуҷанд Ситӣ, ки аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Бинои мунаввар» бо бренди «Элит сохтмон» бунёд ёфта истодааст, бо манзара (мансарда), маркази савдо ва хизматрасонӣ дар ошёнаи аввал, таваққуфгоҳи зеризаминӣ барои нақлиёти сабукрав, майдонча барои бозии бачагон ба нақша гирифта шуда, айни замон корҳо дар сатҳи хуб пеш рафта истодааст.

Биноҳо аз хонаҳои як, ду ва се ҳуҷрагӣ иборат буда, аз 51 то 122 метри мураббаъ иборат мебошанд. Ҳамчунин, барои харидорон пардохти имтиёзнок барои се сол муайян ва пешниҳод шуда, сифати сохтмони бинои замонавии баландошёна 50 сол кафолат дода мешавад. Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот соли 2020 оғоз ёфта, то имрўз 80 фисади корҳои сохтмонӣ ба итмом расида, ҳоло корҳои ободонӣ, рангубори бино, шинонидани дарахтони ороишӣ дар назди майдончаи саҳни бино, чароғонкунии атроф бомаром идома дорад.

Бояд гуфт, ки лоиҳаи он аз ҷониби филиали Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Архиком-К» омода гардида, пудратчии он Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Бинои Мунаввар» мебошад. Мутобиқи нақша бино аз се блок, Б,А,В иборат буда, дорои 250 ҳуҷраи истиқоматӣ мебошад ва дар қабатҳои 9 ва 10–уми  он майдони алоҳида, ба истилоҳ пентхаус ҷой дода шудааст, ки истиқоматкунандагон метавонанд дар ин макон бо истироҳат фаро гирифта шаванд. Бояд гуфт, ки биноҳо аз хонаҳои як, ду ва сеҳуҷрагӣ иборат буда, аз 51 то 122 метри мураббаъ иборат мебошанд. Ҳамчунин, барои харидорон пардохти имтиёзнок барои се сол муайян ва пешниҳод шуда, сифати сохтмони бинои замонавии баландошёна 50 сол кафолат дода мешавад. Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот соли 2020 оғоз ёфта, то имрўз 80 фисади корҳои сохтмонӣ ба итмом расида, ҳоло корҳои ободонӣ, рангубори бино, шинонидани дарахтони ороишӣ дар назди майдончаи саҳни бино, чароғонкунии атроф бомаром идома дорад.

Айни замон дар сохтмони иншоот 32 нафар сохтмончӣ дар ду баст фаъолият дошта, масъулин азм доранд, корҳои ин биноро мувофиқи  талаботҳои сохтмонӣ бо сифати баланд ба итмом расонида, онро то охири соли ҷорӣ ба истифода диҳанд.  Бояд гуфт, ки ширкат дорои шаҳодатномаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба дарёфти Ҷоизаи биринҷии «Бренди сол - 2022» бо «Элит сохтмон» мушарраф гардидааст.

Ҳангоми суҳбат соҳибкор Муродхон Ибрагимов гуфт, барои мо, соҳибкорон, имрўз тамоми шароит муҳайё карда шудааст. Аз ин ҷост, ки мо тасмим гирифтем, барои ободонии кишвари худ, маҳалли худ саҳми худро гузорем ва дар маркази вилоят, шаҳри Хуҷанд бинои бисёрошёнаи замонавиро сохта, ба истифодаи сокинон диҳем.

Зимни сўҳбат устои калони ин биноҳои нави замонавии бунёдшудаистода  Анвар Зокиров иброз дошт, имрўз мо хурсандем, ки дар Ватани хеш соҳиби ҷои кор ҳастем ва дар иҳотаи аҳли хонаводаи худ зисту зиндагонӣ дорем. Миннатдории худро ба чунин соҳибкорони ватандўст, ба монанди Муродхон Ибрагимов мерасонам, ки имрўз мо бо маоши хуб таъминем ва онро сари вақт мегирем. Барои сохтмончиён доимо шароити мусоиди кору истироҳат муҳайё аст.

Нуъмон Ибрагимов – коргузори калон низ аз сохтмони чунин як бино дар маркази вилоят хеле хушҳол буда, миннатдориашро ба масъулин баён дошт. Имрўз соҳибкорони ватанӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо бинову иншооти замонавӣ ва корхонаҳои хурду бузург сохта, ба истифода дода истодаанд, ки шоистаи таҳсину дастгирист.

Таъкид кардан бамаврид аст, ки давоми солҳои охир дар маркази вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд бо қомат афрохтани иншооти таъиноти гуногун, шароити кору хизматрасонӣ ва сатҳу сифати зиндагии мардум беҳтару хубтар гардида, раванди созандагиву бунёдкорӣ вусъат ёфт. Азму иродаи сокинон, хусусан соҳибкорони шаҳри Хуҷанд дар роҳи татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати кишвар қатъӣ аст ва то ҷашни 35-солагии Истиқлоли  кишвар ҳамаи иншооти ба нақша гирифташуда бо сатҳу сифати баланд сохта ба истифода дода мешаванд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh