Таассуроти сокинони вилоят аз сафари Пешвои миллат

Аён аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати огаҳ шудан аз ҷараёни бунёди боғу токзор ва ифтитоҳи як қатор иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ  ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ташриф оварда буданд.

Сокинони вилоят ташрифи Сарвари давлатро бо руҳияи идона истиқбол намуда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва муассисаву коргоҳҳо васеъ тарғиб карданд.

Эмомалӣ Бобоев - директори Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон:

- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неруи созандаи мо-  ҷавонони хушбахти даврон эътимод ва боварӣ карда, таъкид доштаанд: “Ҷавонони мо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, неруи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи давлат буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо минбаъд низ ҳамчун яке масъалаҳои муҳимтарини сиёсати Ҳукумат боқӣ мемонад”.

Дар доираи сафари навбатиашон ба вилояти Суғд дар қатори дигар иншоот бинои истиқоматиро барои кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ ва хизматчиёни давлатӣ дар шаҳри Гулистон мавриди истифода қарор доданд. Бинои хуштарҳи истиқоматӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои 14 ҳуҷра бо тамоми шароити зарурӣ мебошад. Мо – мутахассисони ҷавони соҳаҳои гуногуни шаҳри Гулистон туҳфаи идона – калиди хонаҳои истиқоматии замонавиро қабул намудем, ки боиси сарафрозӣ ва ифтихори мо гашт. Дар қатори дигар 7 оилаи омӯзгори шаҳр ман низ бо манзили зисти замонавӣ таъмин шудам, ки солҳо боз ба он эҳтиёҷ доштам.

Ба Пешвои муаззами миллат барои таваҷҷуҳ ва эътибори ҳамешагӣ изҳори сипос намуда, бовар мекунонем, ки минбаъд низ ба хотири ободии Ватан, пешрафти Тоҷикистон ва суботу оромии кишвар аз дилу ҷон, содиқона хизмат мекунем. Чунин ғамхорию таваҷҷуҳи пайваста мо - ҷавононро водор мекунад, ки бештар ташаббускору фаъол бошем.

Исмоил Саидов - ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”: 

- Чанд муддат инҷониб дар Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Гулистон ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик фаъолият мебарам. Хизматҳои маро қадр намуданд, зеро ба хонаи хизматӣ таъмин гаштам.

Мо - ҷавонони хушбахт таҳти дастгирии Пешвои муаззами миллат ба дастовардҳои арзанда ноил гардида истодаем. Миллати тоҷик дар шароити вазнини таърихӣ тавлид шуд. Барои бунёди давлати Тоҷикистон корро аз сифр оғоз кард. Маҳз бо дастгирии фарзанди фарзона Пешвои миллат фазои миллат куллан тағйир ёфта, имрӯзҳо бо давлатҳои бузурги ҷаҳон ҳамкориҳои густурда дорад.

Дар ҳар сафари хеш Президенти маҳбуби кишвар Эмомалӣ Раҳмон корхонаву боргоҳҳои бузургро мавриди истифода қарор медиҳанд, ки ҳама бар нафъи ҷомеа аст.

Банда низ соҳиби ҳуҷраи истиқоматӣ гардидам, ки бениҳоят шодам. Пайваста кӯшиш мекунам, барои беҳбудии кишварам саҳми муассир гузорам.

 Сокини шаҳри Хуҷанд - Маъруфҷон Соҳибов:

- Фазои кишвари азизамон поку беолоиш аст. Ҳаёти рангину зиндагии зебо ба ҳар яки мо насиб шудааст, ки бояд шукрона хонд. Зиёда аз сиву ду сол мешавад, ки давлате бо номи Тоҷикистон дар харитаи ҷаҳон арзи ҳастӣ мекунад ва пайваста ба сӯйи ояндаи дурахшон қадам мезанад.

Президенти кишвар зимни сафари корӣ, инчунин Маркази тиббии байналмилалии “Мармед”- ро дар шаҳри Хуҷанд ба истифода доданд, ки диққати мо - сокинонро зиёдтар ҷалб намуд. Тавре огаҳ гаштем, маркази болозикр бо технологияҳои навтарин муҷаҳҳаз гардонида шуда, баробари ташхису табобат намудҳои гуногуни ҷарроҳӣ, аз қабили ҷоғу рӯй, узвҳои дарунӣ ва чашм ба роҳ монда шудааст. Ба беморхонаи дар боло гуфташуда барои анҷом додани ҷарроҳиҳои мураккаб, мутахассисони варзида аз мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон даъват карда мешавад.

Акнун дар ин бунгоҳ ҳар сокини кишвар метавонад, бе монеа табобат гирад.

Муллосаид Ниёзов - донишҷӯи соли сеюми факултети таърих ва ҳуқуқи МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров:

- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ташриф оварда, коргоҳи истеҳсоли курсиҳои нарми “Арча”- ро, ки дар назди ҶДММ “Фортуна ва компания” бунёд шудааст, ифтитоҳ намуданд.

- Таъкид ба маврид аст, ки Ҳукумати кишвар тайи солҳои охир дар раванди амалишавии ҳадафи чоруми кишвар, яъне саноатикунонии босуръати мамлакат, кӯшиши Тоҷикистонро аз давлати аграрӣ ба индустриалӣ баргардониданро дорад. Ба ҳамин хотир дар мамлакат, бахусус дар вилоят як қатор иншооту коргоҳҳои истеҳсолӣ сохта ба истифода дода шуд. Воқеан ин тадбирҳо баҳри таъмин намудани сокинон ба ҷойҳои корӣ хеле муассир аст.

Имкониятҳои аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавонон равонагардида, барои зиндагии оянда шароитҳои мусоидро фароҳам меорад.

Фаридун Қосимов - директори маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар назди шуъбаи маорифи шаҳри Бӯстон:

- Сафари кории навбатии Пешвои миллат, дар вилояти Суғд рӯзҳое ба вуқӯъ пайваст, ки халқи тоҷик дар остонаи иди бузурги Иҷлосияи ХV1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт. Сафари навбатии Ҷаноби Олӣ барои боз ҳам ободу хуррам шудани кишвар замина гузошт. Ҳамчун як маорифчии ҷавон гуфта метавонам, ки Пешвои маорифпарвари мо  ҳамаҷиҳата мекӯшанд, дар ҷумҳурӣ ба соҳаи маориф диққати ҳамаҷониба диҳанд.

Шумораи муассисаҳои таълимӣ ва кӯдакистонҳо, ки барои равнақ додани донишу маърифат сабаб мешавад, хеле зиёд гардида истодааст. Пешвои маорифпарвари мо дар сафари навбатии хеш Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40- ро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавриди истифода қарор доданд. Бинои болозикр бо маҳорати баланди касбӣ сохта шуда, барои донишандӯзии хонандагон тамоми шароитҳои заруриро фароҳам овардааст.

Ҳамчунин, ба истифода додани Муассиаи таълимии давлатии “Литсейи рақами 1” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров заминаи хуберо барои донишандӯзӣ фароҳам овард. Боварӣ дорам, ки ин боргоҳи маърифат барои ба воя расонидани мутахассисони бузург саҳми беандоза мегузорад. Чун огаҳ гаштем, литсейи мазкур метавонад дар ду баст 2400 хонандаро бо таҳсил фаро гирад.

“Ман дар сиёсати худ маорифро дар ҷойи аввал мегузорам”- таъкид медоранд Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Аз ин ҷост, ки қисми асосии буҷаи давлат ба соҳаи маориф нигаронида шудааст.  Дар шароитҳои мавҷуда, танҳо кӯшиш ва ғайрат басанда хоҳад буд.

Меҳрона Насимзода - сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ бобати сафари Президент ба вилоят фикру назари хешро баён дошт:

- Мо - сокинони шарафманди Суғдзамин муштоқи сафарҳои Сарвари давлатамон ҳастем. Зеро дар ҳар ташрифашон, корхонаву муассисаҳои бузургро мавриди истифода қарор медиҳанд. Ин дастгириву ғамхориҳои фарзанди фарзонаи миллат барои мо умед ба ояндаи некро ҳадя месозад.

Ба истифода додани кӯдакистони “Ситораҳои дурахшон” мавриди таваҷҷуҳи хосаи мо волидон гардид. Акнун мо метавонем, кӯдакони худро бемонеа ба он ҷо барем.  Таъкид ба маврид аст, ки кӯдакистони мазкур дорои тамоми шароитҳои зурурӣ буда, аз се ошёна иборат аст. Чун аз дохили бино дидан намудем, дар ҳар гурӯҳ лавозимотҳои зарурӣ ҷой дода шудааст, диққати моро ба худ ҷалб намуд. Ҳамчунин, мутахассисони баландихтисос ба кор ҷалб шудаанд, ки фаъолияти худро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ мондаанд.

Бунёд ёфтани чунин кӯдакистонҳои замонавӣ ба рушди соҳаи маориф низ саҳми муассир мегузорад. Зеро кӯдакон то ба мактаб рафтан аллакай аз ин боргоҳ саводи нахустин мебароранд. Барои саводомӯзии ояндаашон кӯмаки хуб аст.

- Лозим ба ёдоварист, ки сафари навбатии Пешвои миллат ба арафаи ҷашни Иҷлосияи ХV1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад.

Чун зикр намудем, баъди солҳои 90-уми асри ХХ фазои Тоҷикистон ғуборолуд шуд. Ба ҷойи хандаи кӯдакон гиря ва ба ҷои суруду бозӣ садои тир ба гӯш мерасид. Бародар аз бародар ҳарос дошт. Зиндагии онрӯза либоси сиёҳро ба бар карда буд. Мардум орзу доштанд, нафасе озод кашанду зиндагиро ба ҳоли аввала бинанд.

Дар кишвари мо базму тараб мешуда бошад,

Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад.

Ин байт ҷавоб аст ба гуфтаҳои болоӣ. Ханда ормони ҳазорон нафар гардидаву базму сурур танҳо дар хобашон падид меомад.

Баҳманёр Муяссарзода - шоир:

- Нависандаи бачагон Азизи Азиз дар китоби “Сулҳ чист?”- и худ мафҳумҳои асосии калимаи сулҳро маънидод кардааст, ки шахсро ба дӯстиву ҳамдилӣ даъват менамояд. Пӯшида нест, ки нависандаи болозикр барои бачагон асар  эҷод мекунад. Аммо нигоштаҳои ин адиби тавоно ба умқи дили калонсолон низ рафта мерасад.

Азизи Азиз мегӯяд, ки вақте нафас мекашем, аз дӯкон чизе харидорӣ мекунем, ба мактаб меравем, ба сайр мебароем ин сулҳ  аст. Воқеан ҳангоми ба забон гирифтани калимаи сулҳ хандаи зебои кӯдакон, табассуми поки падарон, дидаи дурахшони модарон пеши назар ҷилвагар мегардад.

Калимаи ваҳдат низ ифодагари мафҳуми ягонагӣ, сарҷамъӣ, муттаҳидӣ буда, сарҷамъкунандаи мардум аст.

- Мусаллам аст, ки давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар вазъияти мураккаб ба вуҷуд омада, давраи нави такомули худро оғоз намуд. Таърих гувоҳ аст, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба сари мардуми мо бадбахтиҳои бузургеро оварда, фазои  кишварро тира сохт. Садҳо писарро аз падар ва садҳо модаронро аз пайвандон ҷудо сохт.

 Вақте ки мамлакат бо садои тир рӯзро шаб ва бо гиряи кӯдакони бегуноҳ шабро рӯз мекард, баргузор гардидани Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаи нек буд.

Иҷлосияи зикршуда 16 - уми ноябри соли 1992 кори худро оғоз кард. Касе бовар надошт, ки ин мушкилиҳои вазнини зиндагӣ аз сари мо дур мегардаду ҳавои софи кишвар аз нав беғубору роҳҳо гулзор мешаванд.

Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи аввалини ба сари қудрат омадан барои беҳбудии ҳаёти сокинони кишвар корҳои бузургеро ба сомон расониданд, ки боиси таҳсин аст.

 Сӯҳроб ОТАЗОДА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh