Ҷавонон дар оинаи садоқатмандӣ

Коркарди стратегияи дурнамои рушди давлат яке аз пояҳои асосии тараққиёт дар солҳои минбаъда гардида, барои мардум зиндагии бомаромро муайян намуд. Аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар, таъмин ва захираи озуқа ба аҳолӣ ва ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии кишвар имрўзҳо аз самтҳои муҳими тараққиёт буда, барои рушди минбаъдаи тамоми соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии кишвар заминаи мустаҳкам гузошта истодааст.

Имрўзҳо корҳои созандагиву бунёдкорӣ аз тарафи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба баланд шудани буҷети давлатӣ асос гузошта, барои некўаҳволии мардум шароити мусоид ба бор овардааст. Бо шарофати ин корҳо ҳазорҳо нафар бо кор таъмин гардида, сатҳу сифати зиндагии мардум тадриҷан боло рафта, дар байни ноҳияҳову минтақаҳо новобаста ба сарусадоҳои низоъангез дўстиву рафоқат ва якпорчагии мардум ба миён омадааст.

Бояд зикр намуд, ки дар бештари кушодашавии муассисаҳои таълимӣ худи Сарвари давлат ширкат варзида, барои ҷалби ҷавонон ба донишандўзӣ ҳар сол дарси Сулҳу Ваҳдат гузаронида, аз ҳолу аҳволи ҷавонон аз наздик шинос мегарданд.                                   

Дар умум, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати мардумро ба масъалаи зарурати кадрҳои баландихтисос дар тамоми ҷодаҳои тараққиёти кишвар ҷалб намуда, аз Вазорати маориф ва илми кишвар даъват ба амал оварданд, ки: «Барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия моро зарур аст, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус, дар зинаи таҳсилоти касбӣ, на ба шумора, балки ба сифати он диққати ҷиддӣ дода, мутахассисони ҷавобгўи талаботи замони муосирро тарбия намоем».

Аз ин хотир, азхудкунии илмҳои муосир барои хонандагону донишҷўён аз омўзиши забонҳои хориҷӣ ва ҷалби ҷавонон ба омӯзиши фанҳои дақиқ ва баланд бардоштани масъулияти волидайн дар тарбияи фарзандон хеле саривақтӣ мебошад. Махсусан, диққати ҷиддӣ додан ба касбомўзии ҷавонон ва тарбияи онҳо дар рўҳияи донишомўзиву меҳнатдўстӣ, садоқатмандиву ватандўстӣ, бедор намудани ҳисси масъулиятшиносӣ, ҳуввияти милливу хештаншиносӣ ҳамчун яке аз арзишҳои волои инсонӣ маҳсуб меёбад.

Дар Паёми хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини муассисаҳои таълимиро бо мутахассисони баландихтисос яке аз рукнҳои пешравии ҷомеа донистаанд.

Ҳ.ОЛИМӢ,

муаллими калони кафедраи

фанҳои ҷамъиятӣ, факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии

Тоҷикистон майори милитсия

Add comment


Security code
Refresh