Тарбияи насли наврас ўҳдадорист

2-юми августи соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул гардид. Мақсади қонуни мазкур пурзўр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондўстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад.

Тарбия ва ба камол расонидани насли ояндасоз дар ҳама давру замон аз ташкили дурусти оила ва ташаккули маърифати оиладорӣ сарчашма гирифтааст. Зеро оила чи аз нигоҳи қонун ва чи аз назари маърифати исломӣ воҳиди асосии иҷтимоӣ буда, ташкили оила, тарбияи фарзандон аз бузургтарин масъулият дар ҷомеа маҳсуб меёбад. Агар оила мустаҳкаму пойдор ва аз ҷиҳати маънавию ахлоқӣ солим бошад, ҷамъият ҳам устувор мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намудаанд: “Танҳо маърифат пеши роҳи ҷаҳолатро гирифта метавонад”.  Бале, аз ин рў волидонро зарур аст, баҳри бомаърифат намудани фарзандон кўшиши зиёд ба харҷ диҳанд. 

Ҳамзамон, барои падару модар касбу ҳунар ва одоби ҳамидаи фарзанд мояи ифтихор аст, ҳамин гуна тамоми паҳлуҳои зиндагӣ ва фаъолияти ибратомўзи падару модар ҳам барои фарзанд ифтихор мебошад.

Фарзанд тавре бояд тарбия ёбад, ки нахуст дорои адабу хулқи неку ва фаросати баланди инсонӣ бошад. Пасон, вай меҳру иштиёқи зиёд ба мутолиа дошта, пурхонда ва соҳибфазилат ба камол расад.

Инсондўстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ бештар хусусияти маънавӣ доранд ва он дар тафаккури инсон давоми ҳаёташ муттасил ташаккул меёбад. Дар раванди ташаккул додани чунин тафаккур таъсири муҳит низ нақши асосӣ мебозад.

Яке аз беҳтарин усули тарбияи фарзандон дар рўҳияи ифтихори ватандорӣ рафтори намунавии худи падару модар мебошад. Ҷалби диққати фарзандон ба дастовардҳои миллӣ ва огоҳӣ аз қаҳрамонони миллӣ ба рушди ҳисси ватандўстӣ мусоидат менамояд.

Барои он ки дар тафаккури фарзандон ақидаи ғаразноки ҷиноӣ, аз ҷумла, террористӣ роҳ наёбад, онҳоро бояд тарбия намуд, то ки ба муқобили падидаҳои манфии ғаразнок устувор ва муқовиматпазир бошанд.

Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар афкори  тамоми қишрҳои ҷомеа як такони ҷиддие ба вуҷуд овард. Зеро мардум дарк карданд, ки акнун тарбияи насли наврас ва масъулияти ояндаи неки онҳо на танҳо масъалаи оилавӣ, балки аллакай уҳдадориест, ки аз ҷониби қонунгузорӣ танзим гаштааст.

Мақсади Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» махсусан, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ба боз ҳам баланд бардоштан ва пурзўр намудани масъулияти падар ва модар дар раванди таълиму тарбияи фарзандон дар руҳияи инсондўстӣ, ватандорӣ, арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии фарзанд ва насли наврас дар ҷомеа мебошад.

Суҳроб ХАЙРУЛЛОЗОДА,

судяи Суди ноҳияи Ҷаббор Расулов

Add comment


Security code
Refresh