ПЕШГИРӢ АЗ ТАБОБАТ БЕҲТАР АСТ

Зуком бемории вирусӣ буда, вақте инкишоф меёбад, ки барои он шароити мусоидат фароҳам бошад. Ин ба қобилияти муҳофизавӣ, муқовимати бадан, омилҳои хўрок, муҳит, тарзи ҳаёти солим ва нигоҳубин вобаста аст. Нишонаҳои беморӣ: баландшавии ҳарорат, дарди сар, камиштиҳогӣ, беқарорӣ, камхобӣ. Усулҳои пешгирӣ ҳангоми беморӣ: ба беморон нўшокиҳои гарм додан лозим аст, ҷои хоб ва либосҳои бемор низ бояд гарм бошанд, ба кўдак тез‐тез сина маконидан лозим аст, сулфа, дард ва хориши гулўи беморро бо шири гарм ва асал табобат кардан мумкин аст. Кўшиш намоед, ки бештар дар ҷойҳои гарм бошед, ҳавои хонаро тез‐тез иваз намудан, беморро аз шахси солим дур намудан, дастонро тез‐тез бо собун шустан. Эмгузаронӣ аз рўи нақша низ дар пешгирии беморӣ аҳамияти ҷиддӣ дорад. Ба варзиш машғул шавед ва хўрокҳои серғизо истеъмол намоед.

Нозимҷон ДАДОБОЕВ,

духтури оилавии МСД ноҳияи Ашт

Add comment


Security code
Refresh